Конрад Николай Иосифович -ихтироъгари назарияи “Эҳёи Шарқ”
Конрад Николай Иосифович (13.3.1891, Рига, губернияи Лифландияи Империяи Руссия, ҳоло Ҷумҳурии Латвия 30.9.1970, Маскав), шарқшиноси шуравӣ, яке аз асосгузорони ҷопоншиносии шуравӣ, академики АИ ИҶШС (1958); узви вобаста, 1934). Хатмкардаи шуъбаи ҷопонӣ ва хитоии факултаи забонҳои шарқии Донишгоҳи Петербург (ҳоло Санкт–Петербург, 1912).
Коромӯз дар Донишгоҳи Токио (забон ва адабиёти ҷопонӣ, забони хитоӣ), профессор ва ректори Донишгоҳи шаҳри Орлов (1919-26), профессори Донишкадаи забонҳои зиндаи шарқии Ленинград (ҳоло Санкт Петербург, 1926-38).
Солҳои 1938-41 бо иттиҳоми “ҷосуси Ҷопон” ба ҳабс маҳкум шуд. Профессори Донишгоҳи давлатии Маскав (1941-50) муовини сармуҳарири маҷаллаи “Вапросы языкознания” (“Масъалаҳои забоншиносӣ”) (1959-64), Раиси ҳайати мушовараи силсилаи “Литературные памятники” (“Осори адабӣ”, (1962-70; солҳои 1960-62 муовин буд).
Чун пажӯҳишгар Конрад ба масъалаҳои адабиёти классикӣ ва муосири ҷопонӣ, таърихи Ҷопон дар асрҳои миёна, низоми маорифи Ҷопон, фалсафаи классикии ҷопониву хитоӣ ва забоншиносӣ дахл кадааст.
Осори адабиёти классикии ҷопонӣ, аз ҷумла “Исэмоногатари”, (“Повест дар бораи Исэ”, 1923) “Ходзёки” (“Номаҳо аз хонақоҳ”) осори адабиёти хитоӣ оид ба ҳунари рамз – “(1950), ”У-Сзи”(1958) ва ғайраро ба забони русӣ тарҷума карда ба табъ расонидааст.
Дар илми шарқшиносии собиқ шуравӣ китоби Конрад “Ғарб ва Шарқ” (1966) маъруф гардида буд. Дар ин китоб масъалаҳои ҳақталаби ҳаммонандии маданӣ-таърихии Шарқу Ғарб ва баррассии ин мамлакатҳо дар Шарқу Ғарб ба миён гузошта шудаанд.
Конрад ихтироъгари назар (консепсия)-и “Эҳёи Шарқ” дар собиқ ИҶШС мебошад. Далелҳои овардаи ӯро пажӯҳишгарони тамаддуни Шарқ ба этибор гирифта, дар масъалаҳои форсизабон татбиқ мекарданд.
Конард чун омӯзгор дастурҳои таълимӣ навиштааст ва шогирдону пайравони бисёр дорад. Муҳаррири ”Луғати бузурги ҷопонӣ-русӣ” (1970) мебошад, ки он то ҳол (2021) беназир шуморида мешавад. Ба асарҳои Конард равишҳои муҳимми фарҳангшиносӣ ва кӯшиши пайваст кардани таърихиро бо ғояи инсондӯстӣ иртибот додааст. Бо Мукофоти давлатии СССР (соли 1972, пас аз марг), ду ордени Ленин (1945,1954) ва ордени давлатии Ҷопон Офтоби тулӯъкунанда (дараҷаи 2,1969) сарвароз гардидааст.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 497.
Муаллиф: М.Диловаров
Таҳияи Олуча Исмоилова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.