Конститутсия – Шиносномаи миллат

КонститутсияМардуми шарифи тоҷик аз нахустин рўзҳои соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош меварзад. Истиқлол барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрўзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдориамон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овард ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард ва боиси болоравии нуфузу эътибори кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ гашт.

Чунончӣ, дар «Дебоча»-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан омадааст: «Мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Конститутсия ин шаҳодатномаи миллати тоҷик мебошад. То имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул гардидааст, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва охирон маротиба соли 1994. Конститутсияи соли 1994, ки дар даврони таърихи навини тоҷикон қабул гардид, куллан фарқ мекунад. Он ба меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳони муосир ҷавобгў мебошад. Ҳамзамон бо пешрафти ҷомеаи имрўза ва вобаста ба зарурат аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Имрўз мақоми дохиливу байналмилалии кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардида, миёни дигар давлатҳо мавқеи хоссаро доро мебошад. Ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо гувоҳи онанд, ки кишвари азизамон ҳуқуқу манфиатҳои мо шаҳрвандонро дар доираи қонуну манфиатҳои амалкунанда ҳифз менамояд.

Дар боби аввал ва моддаи якуми Конститутсия чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Кониститутсия на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои мо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ҳуқуқу манфиатҳои  шаҳрвандон хориҷӣ,  озодона гуфтугӯ намудани онҳо бо забони худ низ ҳифз ва ҳимоя менамояд. Чуночи дар модаи  дуюми он дарҷ гардидааст:

«Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

Боби дуюми Конститутсия доир ба ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд  бахшида шудааст, ки аз моддаи 14 оғоз шуда, то моддаи 47 идома меёбад.

Масалан, дар моддаи 14 омадааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».

Ё дар моддаи 17 зикр шудааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Ё: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррар намудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки дар ҳама ҳолатҳо талаботу меъёрҳои амалкунандаи Конститутсияро риоя намоянд. Дар сурати иҷро накардани қонуну қоидаҳои дар Конститутсия дарҷгардида мутобиқи санадҳои ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар кишварамон инак 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ қайд карда мешавад. Имрўз ҳамаи кӯшишҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудаанд, ки мо ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои иғвоангезу, равияҳои ифротгароӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, ҷудоихоҳиҳои динию мазҳабӣ ҳамроҳ нагардем. Бо фикру андешаҳои бохирадона ба манфиати миллату Ватани азизамон содиқона хизмат намоем ва пайравони содиқу вафодори Пешвои худ бошем.

Бо истифода аз матолиби Интернет ва нашрияҳои кишвар таҳияи Сурайё Одинаева сармутахассиси шуъбаи
таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо.