Конститутсия – таҳкими пояҳои устувори ҷомеа, давлат, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади бунёдии давлатдорӣ мебошад, дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз Конститутсия низоми давлатдориро муайян карда, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро кафолат медиҳад. Аҳамияти таърихии он дар таҳкими истиқлолият бениҳоят муҳим мебошад.
Тули ин давраи начандон тулонии таърихӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бар нақши бузурги Конститутсия дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон таъкид мекунанд. Аз ҷумла, дар паёми солонаи худ (28.12.2023) қайд намуданд, ки:
«Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун қонуни асосӣ ва санади тақдирсози миллат эътироф шудааст. Он аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, тайи солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳоро қабул намуда, ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа мутобиқ гардид.
Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятиро муқаррар карда, як қатор муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Он ба таври мушаххас сохтор ва таркиби давлат, асоси иқтисодӣ ва самтҳои сиёсати дохилию хориҷиро муайян месозад.
Мувофиқи Моддаи 1, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идорааш президентӣ мебошад. Давлат хусусияти иҷтимоӣ дошта, барои ҳар як фард шароити зиндагии шоиста ва рушди озодонаро таъмин менамояд. Забони давлатӣ – тоҷикӣ буда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад.
Яке аз меъёрҳои меҳварии Конститутсия дар Моддаи 5 инъикос ёфтааст, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон мекунад. Конститутсия ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии сухан, виҷдон ва иштироки сиёсиро кафолат дода, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ба таври амиқ танзим менамояд.
Конститутсияро дар илми ҳуқуқшиносӣ қонуни асосии давлат меноманд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онро маҷозан «Қонуни бахт» ё «Бахтнома» низ мегӯянд, зеро тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар дар он дарҷ гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994 бо тағйиру иловаҳо) Қонуни Асосӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти давлату ҷомеаро дарбар мегирад.
ҶАНБАҲОИ АСОСИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИНҲОЯНД:
Асосҳои сохтори конститутсионӣ. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Шакли идораи он президентӣ буда, давлат иҷтимоӣ аст ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро кафолат медиҳад. Сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ аст, ки онро бевосита ё ба воситаи намояндагонаш амалӣ месозад. Забони давлатӣ забони тоҷикӣ буда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шудаанд ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат медиҳад. Ҳуқуқҳои шахсӣ (ҳаёт, дахлнопазирии манзил, озодии виҷдон), ҳуқуқҳои сиёсӣ (озодии сухан, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқи интихоб ва интихоб шудан), ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, моликият, таҳсил ва ҳифзи саломатӣ) ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ (ҳуқуқ ба истифодаи забони модарӣ) муқаррар шудаанд.
Таҷзияи ҳокимият ва сохтори давлатӣ. Ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор (Маҷлиси Олӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон), ҳокимияти иҷроия (Президент ва Ҳукумат) ва ҳокимияти судӣ тақсим мешавад. Конститутсия салоҳият ва тартиби фаъолияти ҳар як шохаи ҳокимият ва мақомоти дахлдорро (аз ҷумла Президент, Ҳукумат, Маҷлиси Олӣ, Суд, Прокуратура ва Мақомоти маҳаллӣ) муайян менамояд, ки тавозуни низоми давлатиро таъмин мекунад.
Тартиби тағйири Конститутсия. Конститутсия тартиби мураккаб ва махсуси ворид намудани тағйиру иловаҳоро муқаррар мекунад, ки ин зарурияти гузаронидани раъйпурсии умумихалқиро дар бар мегирад. Ин тартиби махсус устуворӣ ва дахлнопазирии Қонуни Асосиро таъмин месозад.
Конститутсия бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар наметавонад бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шавад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мухолифанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Хусусиятҳои ҳуқуқии он аз инҳо иборатанд:
- Сарчашмаи асосгузоранда: Меъёрҳои он сарчашмаи ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд.
- Асоси қонунгузории ҷорӣ: Қабули қонунҳои муайянро худи Конститутсия муқаррар мекунад.
- Баландтарин қувваи ҳуқуқӣ: Қонунҳои ҷорӣ ва ҳамаи санадҳои зерқонунӣ бояд ба он мувофиқ бошанд.
- Тартиби махсуси тағйирот: Танҳо бо тартиби пешбиникардаи худи Конститутсия ё қонуни конститутсионии махсус тағйир дода мешавад.
Қабули Конститутсия ба расмият даровардани Истиқлоли давлатии тоҷикон буд. Он сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошт. Сарчашмаи асосии он Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон мебошад, ки дар он бори нахуст соҳибихтиёрии давлатӣ эълон гардидааст.
Таъсири асосии Конститутсия ба давлату ҳукумат чунин зоҳир мегардад:
⁕ Муайянкунандаи сохтор ва шакли идора: Конститутсия сохтори давлат (ҷумҳурии ягона), шакли идора (президентӣ), хусусияти давлат (демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ)-ро муқаррар месозад. Давлат ва ҳукумат наметавонанд аз ин асосҳо берун бароянд.
⁕ Таҷзия ва салоҳияти ҳокимият: Конститутсия ҳокимияти давлатиро ба се шоха – қонунгузор (Маҷлиси Олӣ), иҷроия (Ҳукумат) ва судӣ тақсим мекунад. Он салоҳияти дақиқи ҳар як шоха, аз ҷумла ваколатҳои Президент ва Ҳукуматро муайян намуда, аз худсарона ва яккаҳокимиятӣ пешгирӣ мекунад. Ҳукумат танҳо дар доираи ваколатҳои конститутсионӣ ҳуқуқи амал кардан дорад.
⁕ Асоси қонунгузорӣ ва фаъолияти Ҳукумат: Конститутсия заминаи ҳуқуқии тамоми фаъолияти ҳукуматӣ ва қонунгузории ҷориро ташкил медиҳад. Ҳукумат ва мақомоти иҷроия танҳо метавонанд санадҳоеро (қарорҳо, фармонҳо) қабул кунанд, ки хилофи Конститутсия набошанд. Ҳар як қонун ва санади зерқонунӣ аз рӯи қувваи ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсия мувофиқат кунад.
⁕ Кафолати ҳуқуқҳои инсонӣ: Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон карда, давлат вазифадор аст, ки ин ҳуқуқҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти Ҳукумат набояд ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд ё поймол созад.
⁕ Масъулияти давлатӣ: Конститутсия масъулияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Президент ва Ҳукуматро дар назди халқ ва қонун муқаррар мекунад. Ин принсипи давлати ҳуқуқбунёд буда, фаъолияти мақомотро ба меъёрҳои қонунӣ тобеъ месозад.
Ба ибораи дигар, Конститутсия барои давлату ҳукумат ҳамчун чаҳорчӯбаи асосӣ хидмат мекунад, ки онҳоро водор месозад, ки дар доираи қонун, ба манфиати халқ ва бо риояи ҳуқуқҳои инсон амал намоянд.
Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро барои садсолаҳо мунаввар мекунад ва барои фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро фароҳам меорад.
Муҳаммад Сафаров – мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон