Кори Герти Тереза – сеюмин зан дар олам, ки соҳиби Ҷоизаи Нобел шудааст
Кори севвумин зан дар ҷаҳон ва аввалин зани амрикоист, ки дар бахши физиология ва биология сазовори ин ҷоиза шудааст. Соли 1979 бо қарори Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ танӯрае дар тарафи нонамоёни моҳ ба номи Кори гузошта шуд.
***** ***** *****
Кори Герти Тереза 15 сентябри соли 1896 дар Прага ба дунё омадааст. Кори Герти Тереза биокимиёдони амрикоӣ, узви АМИ ИМА. Хатмкардаи Донишгоҳи Карл-Фердинанд (1920). Корманди Институти омосҳои бадфарҷоми Буффало (1922-1931), профессори Мактаби тиббии Донишгоҳи Вашингтон дар Сент-Луис (аз 1931). Самти таҳқиқоти Кори: мубодилаи карбоҳидратҳо дар бофтаҳои солим ва омосзо, мубодилаи гликоген, таъсири хормонҳо ба гликолизу глюконеогенез ва раванди ферментатсия, табадули катализии гликоген. Сохтори кимиёии гликогенро ошкор ва ихтилоли биокимиёвии гликогенозҳоро бино бар бемориҳои ирсӣ (ҷамъ шудани аз меъёр зиёди гликоген дар ҳуҷайраҳои ҷигар) муайян намуд.
Соли 1947 бо ҳамроҳии ҳамсараш Кори барои таҳқиқот оид ба мубодилаи гликоген ва таъсири ҳормонҳо ба раванди ферментатсия сазовори Ҷоизаи Нобел гардид.
Кори севвумин зан дар ҷаҳон ва аввалин зани амрикоист, ки дар бахши физиология ва биология сазовори ин ҷоиза шудааст.
Соли 1979 бо қарори Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ танӯрае дар тарафи нонамоёни моҳ ба номи Кори гузошта шуд. Кори Герти Тереза 26 октябри соли 1957 дар Сент-Луис вафот кардааст.
Энсиклопедияи Милии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 612.
Таҳияи Манижа Раҷабова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ