Кормандони Китобхонаи миллӣ Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона шуниданд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ чун дар ҳазорон муассисаву корхонаҳои кишвар кормандон дастаҷамъӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро шуниданд. Як бахши муҳими ин паём бевосита ба китобу китобхонаҳо дахл дошт. Пешвои муаззами миллат дар канори баррасии кулли масоили мубрами рӯз чун ҳамеша ба рушди илму маърифат, китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хос а зоҳир карданд. Аз ҷумла, эълони Озмуни нав бо номи “Илм фурӯғи маърифат” ташаббуси нави созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пешвои миллат фармуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Дар бахши дигари Паёми худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад. Ҳоло дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад.
Дар асоси дастури мо имсол дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ боз 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамояд.
Аммо аз рӯйи маълумот қисми зиёди таҷҳизоти таълимӣ дар ин муассисаҳо фарсуда гардида, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир омӯзонида намешавад.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ намерасанд.
Аз ин рӯ, барои ислоҳоти ҷиддӣ, азнавсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои таҷдиди назар кардани барномаву нақшаҳои таълими касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини муассисаҳои зикршуда бо китобҳои дарсӣ чораҳои заруриро ба роҳ монанд.
Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо якнафарӣ ба ҳайси сарпараст вобаста карда, дар зарфи ду соли оянда тамоми мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.
Дар Паёми Пешвои миллат ба беҳбуди вазъи зиндагии мардум таваҷҷуҳ шуд. Сарвари давлат гуфтанд: Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.