Кормандони Китобхонаи миллӣ Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олиро шуниданд
28 декабри соли 2023 кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуниданд.
Ин Паём дар низоми онлайн аз “Кохи Сомон” мустақиман пахш гардид, ки дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Сарвари кишвар аз ҷумла гуфтанд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
«Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашваии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намуда, нисбат ба соли 2022, ки содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 млрд расида буд, 19 фоиз кам гардидааст, яъне ҳамагӣ 18,5 млрд сомониро ташкил додааст.
Аз ин рӯ Президенти Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмӯаҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Сарвари давлат дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
«Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд мегардад.
Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд гардад.
Инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардад.
Инчунин аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.
Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд.
ВА ЧАНД ИҚТИБОСИ ДИГАР:
Ҷавонони насли имрӯз аз ҷавонони 20 сол пеш бо доштани ҳисси баланди миллӣ ва донишу заковат фарқ мекунанд!
***** **** *****
Ҳар куҷое бошед, ҳар куҷое сафар кардед, нисбат ба давлати худ хиёнат накунед!
***** **** *****
Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем!
***** **** *****
Мо бояд таҳаммулгаро, инсондӯст бошем!
***** **** *****
Раҳима АЪЗАМ