Курсҳои сайёри такмили ихтисос ва аҳаммияти онҳо ҳамчун низоми такмили дониш
Соли 2023 дар сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи мутахассисони соҳаи китобдорӣ Сафар Шосаидзода ва Зафари Шариф таҳти унвони “Сиёсати китобдории даврони истиқлол: натиҷаҳо ва самтҳои афзалиятноки он” ба нашр расида буд, ки тибқи иттилои муаллифон “дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал-китобхонаҳо, қариб 4000 китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба фаъолият доранд”. Агар омори мазкурро ба инобат гирем, пас дар ҷумҳурӣ дар умум, 5437 ниҳоди китобхонавӣ фаъолият менамоянд. Агар ба ҳисоби миёна дар муассисаҳои зикршуда 4 нафарӣ ба кор машғул бошанд, пас дар кишвар 21748 нафар корманди китобхона ба фаъолият машғул аст.
***** ***** *****
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази методии китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо шароиту имконоти техникӣ ва зарфияти илмии ҷавобгӯ ба талабот, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва нақшаи чорабиниҳои дохилимуассисавӣ пайваста дар такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар нақши назаррас мегузорад. Китобхонаи миллӣ, ин вазифа ва рисолати маънавии худро дар заминаи Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ амалӣ менамояд.
Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ дар асоси талаботи низомномавӣ ва нақшаи кории Марказ ҳамасола курсҳои сайёри такмили ихтисосро барои китобдорони шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор менамояд, ки дар ин росто ҳаддалимкон дар такмили ихтисос, рушди маҳоратҳои касбӣ ва таъмини китобхонаҳои кишвар бо кадрҳои ҷавобгӯ ба талабот таъсири амиқ мерасонад.
Нишондодҳои оморӣ ва ҳисоботи Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дар панҷ соли охир, солҳои 2020-2025 нишон доданд, ки дар ин давра аз ҷониби Китобхонаи миллӣ китобдорони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт давра ба давра ба курсҳои сайёри такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд, ки баъзе нишондиҳандаҳои омориро дар шакли ҷадвал манзури Шумо мегардонем. Мавриди зикр аст, ки солҳои 2020-2021 бо сабаби хуруҷи бемории COVID-19 нақшаи курсҳои сайёри такмили ихтисос иҷро нагардидаанд.
Фарогирии шунавандагон ба курсҳои сайёри такмили ихтисоси Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ дар солҳои 2020-2025
| Макон | Муҳлат | Шумораи иштирокчиён | Бо сертификат таъмин шуданд |
| Минтақаи Бохтари вилояти Хатлон | 2023 | 40 | |
| Вилояти Суғд | 2023 | 40 | |
| Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 2024 | 40 | |
| Ноҳияҳои водии Рашт | 2025 | 30 | |
| Ҷамъ: | 150 | 150 |
Аз ҷадвали боло маълум мегардад, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ҳамагӣ 150 нафар китобдорони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба курси сайёри такмили ихтисос фаро гирифта шуда, бо сертификати Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Дар курсҳои сайёри мазкур иштирокчиён ба омӯзиши масъалаҳои библиографияшиносӣ, фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ, ташкили феҳристи анъанавӣ ва электронӣ, ҷобаҷогузории фонд аз рӯйи соҳа, самт ва рақами инвентарӣ, ҷалби хонанда ба мутолиа ва роҳу усулҳои тарғибу ташвиқи фаъолияти китобхона дар шароити минтақаҳо ба воситаи баргузории маҳфилу чорабиниҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин омӯзиши кор бо ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатнигорӣ дар раванди фаъолияти китобхонаҳо ва дигар масъалаҳои муҳимми соҳа фаро гирифта мешаванд.
Инчунин, дар ҷараёни курсҳо бештар машғулиятҳои амалӣ ба роҳ монда шуда, шунавандагони курс ба таври амалӣ ба роҳу усулҳои нигоҳдории фонд, ҳифз ва нигоҳдории адабиёти фонди китобхона, ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, таҳияи картотека ва баргаҳо вобаста ба соҳаҳои дониш,аз рӯйи феҳристи алифбоӣ, мураттабӣ ва мавзуӣ, тарзи кор бо феҳристу картотека ва нашрҳои маълумотдиҳанда дар раванди иҷрои дархост, таҳияи дастурҳои библиографӣ, ташкил ва роҳандозии ҳуҷҷатгузорӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, ташкили саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарғиби фаъолияти китобхонаҳо тавассути онҳо инчунин, дигар нозукиҳои соҳавӣ ошно карда мешаванд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки гузаронидани курсҳои сайёри такмили ихтисос барои як вилоят ё як минтақа дар як вақт, самараи камтар ба бор меоранд, зеро таъмини иштироки китобдорони саросари вилоят ё минтақа дар як макон (аз лиҳози таъмини шароити буду бош ва хурду хӯрок, ки маъмулан аз ҳисоби худи китобдорон амалӣ мешавад) яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин масъала боис мегардад, ки аз як шаҳр ё ноҳия танҳо як нафар дар курси сайёри такмили ихтисос иштирок мекунад, ки агар аз як тараф ба танҳоӣ натавонад ниёзи иттилоотии шаҳр ё ноҳияи худро қонеъ гардонад, аз тарафи дигар баъзан аз кор рафтани шахси ба курс ҷалбгардида ва ё ҷойивазкунии кадрҳо заҳмати омӯзиши сайёрро барҳам мезанад.
Китобхонаи миллӣ зерсохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигар системаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар тобеияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, агар аз як тараф ташкили давраҳои омӯзишии сайёри такмили ихтисос иқдоми довталабона ва дилсӯзона ба рисолати касбӣ аз тарафи Китобхонаи миллӣ бошад, аз сӯи дигар бо ин сабаб Китобхонаи миллӣ ба ҳисобот, маълумоти оморӣ ва махсусан ҳисоботи кадрии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастрасӣ надорад, ки ин мушкил барои таҳлилу баррасӣ ва хулосабарориву нақшагириҳо монеа эҷод мекунанд.
Дар ин росто, Китобхонаи миллӣ бо як иқдоми бесобиқа ва таърихии худ дар ду давра намояндагони худро ба омӯзиши вазъи фаъолияти китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сафарбар намуд. Ба ин монанд бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ муташаккил аз мутахассисони Китобхонаи миллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута давоми моҳи июни соли 2025 ба омӯзиши пурраи вазъи фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.
Мо, ин ҷо натиҷаҳои бадастоварда аз сафари омӯзишии Китобхонаи миллӣ ва сафаре, ки дар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом шуда буд, дар самти вазъи таъминоти китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаро ба таҳлил гирифтем, ки барои хулосабарорӣ ва банақшагириҳои баъдӣ дар ин самт зарур мебошад.
Мувофиқи маълумоти ба дасти мо расида, маълумоти омори кадрии китобхонаҳои кишвар чунин мебошад:
| Минтақа : | Шумораи умумии кормандон | Китобдор | Ғайриихтисос |
| Вилояти Халон | 977 | 104 | 873 |
| Вилояти Суғд | 741 | 77 | 664 |
| ВМКБ | 386 | 42 | 344 |
| Шаҳри Душанбе | 124 | 27 | 97 |
| Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 229 | 24 | 205 |
| Ҷамъ: | 2457 | 274 | 2183 |
| 100% | 11,1% | 88,8% |
Нишондиҳандаҳои зикршуда фарогири китобхонаҳои марказӣ ва филиал-китобхонаҳои шарҳу ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истиснои Китобхонаи миллӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, шаҳри Ҳисор, Турсунзода ва чанде аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2023 дар сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи мутахассисони соҳаи китобдорӣ Сафар Шосаидзода ва Зафари Шариф таҳти унвони “Сиёсати китобдории даврони истиқлол: натиҷаҳо ва самтҳои афзалиятноки он” ба нашр расида буд, ки тибқи иттилои муаллифон “дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиал-китобхонаҳо, қариб 4000 китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба фаъолият доранд”. Агар омори мазкурро ба инобат гирем, пас дар ҷумҳурӣ дар умум, 5437 ниҳоди китобхонавӣ фаъолият менамоянд. Агар ба ҳисоби миёна дар муассисаҳои зикршуда 4 нафарӣ ба кор машғул бошанд, пас дар кишвар 21748 нафар корманди китобхона ба фаъолият машғул аст.
Дар ин росто агар 150 нафари давоми панҷ соли охир ба курсҳои сайёри такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ ҷалб гардидаро ба шумораи тахминии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ (21748) ба муқоиса гирем, пас 0,6%-ро ташкил медиҳад.
Муқоисаи рақамҳои боло барои мо вазъи ногувори кадрӣ-тахассусии низоми марказонидашудаи китобхонаҳои ҷумҳуриро бозгӯ намуда, моро водор менамояд, ки барои ҳалли масъала роҳу усулҳои самарабахш ва таъсиррасонро ҷустуҷӯ ва пайдо намоем, агарчӣ бо чунин вазъият барои Китобхонаи миллӣ ба танҳоӣ мушкил ҳам бошад.
Ин дар ҳолест, ки бештари кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ё ғайриихтисос ҳастанд ё бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки бо гузаронидани курсҳои сайёри такмили ихтисос ин мушкил ба пуррагӣ ҳал нахоҳад шуд. Ҷустани роҳҳои наву таъсирбахш махсусан ташкил ва ҷалби онҳо ба курсҳои дусолаи фаъолияти китобдорӣ метавонад яке аз роҳҳои ҳалли масъала бошад.
Бо дарназардошти таҳлилҳои фавқ пешниҳоди масъалаҳои зеринро барои тадбирандешӣ ҷиҳати ҳалли масъала муҳим мешуморам:
Гурӯҳҳои корие, ки минбаъд барои гузаронидани курсҳои сайёри такмили ихтисос ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мераванд, бо омодагии ҷиддӣ ва бо худ гирифтани намунаи маводи лозим (дафтари инвентарӣ, намунаи баргаҳо, акси қуттиҳои феҳрист…) сафарбар карда шаванд;
Курсҳои сайёри такмили ихтисос бо мақсади ҳадафрасии бештар доираи фарогирии иштирокчиёни худро маҳдудтар намояд (масалан, барои кормандони китобхонаҳои як шаҳр, як ноҳия ё худ ду се ноҳияи ба ҳам наздик);
Бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила бо ниҳоди ваколатдори соҳа – Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии курсҳои сайёри такмили ихтисос бевосита дар пойгоҳи Китобхонаи миллӣ.
Бо дарназардошти вазъи тахассусии китобхонаҳои кишвар гузаронидани курсҳои сайёри такмили ихтисос аз рӯйи категория ва мавзуи мушаххас (масалан, барои директорони китобхонаҳои марказӣ, барои кормандоне, ки бо ихтисоси китобдорӣ фаъолият менамоянд, барои кормандони ғайриихтисос, вобаста ба масъалаҳои методӣ, библиографӣ, такмил, коркард ва нигоҳдории фонд ва масъалаҳои ба ин монанд).
Мувофиқи нақшаи кории Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ гузаронидани курси сайёри такмили ихтисос дар соли 2025 дар навбати аввал барои китобдорони шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва сипас барои китобдорони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст, ки ин нақша давра ба давра амалӣ хоҳад шуд.
Таҳлилҳо ва натиҷагириҳои фаъолият баёнгари он аст, ки ташкил ва гузаронидани курсҳои сайёри такмили ихтисос барои китобдорони шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати такмили дониш, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва иҷрои дастуроти ҳукумати мамлакат дар самти таъмин намудани муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо мутахассисони баландихтисос ва дорои донишҳои замонавӣ, аз аҳаммияти боло бархӯрдор мебошад. Аз ин рӯ, амалӣ намудани чунин курсҳо барои ҳалли масъалаи норасоии мутахассисон дар муассисаҳои фарҳангии кишвар нақши бориз хоҳад дошт.
Ҳадиятуллоҳи Амриддин,
сардори Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ