Л. Бат. Дӯстии бузург. (Охираш)
Аммо иқомати Навоӣ дар Ҳирот дер напоид. Ӯ бисёр корҳои нораво ва беинсофонаи султон Абусаидро дида ба онҳо эътироз баён мекард, хусусан баъд аз ғалаба ба султон Ҳусайн амаки худро куштани Абусаидро ҳаргиз авф карда наметавонист. Суханчинон ҳамаи инҳоро ба гӯши Абусаид расонданд ва ӯ ба Навоӣ боз ба Самарқанд рафтанро таклиф намуд.
Дар ин сафар Навоиро бештар аз ҳама ҷудоӣ аз Ҷомӣ дилгир мекард. Ӯ дар муддати ба Ҳирот будуанаш ҳар рӯз шеъри тозае мегуфт ва фикрҳои нав ба наве ба хаёлаш мерасид, ки ҳамаи онҳоро фақат ба пир ва устоди худ Ҷомӣ баён карда аз ӯ маслиҳат гирифта метавонист. Ғазаби беадолатонаи султон Абусаид ӯро аз панду маслиҳатҳои бисёр судманди ин устоди донишманд маҳрум мекард.
Ин муфориқат се сол тӯл кашид. Дар ин байн замона ранги дигаре гирифт. Салтакати Ҳирот ба дасти дӯсти айёми бачагӣ ва шарикдарси Навоӣ-султон Ҳусайн даромад. Ин воқеъа дар тақдири Навоӣ дигаргунии фаврие ба амал овард. Ӯ бо иззату эҳтироми тамом ба зодгоҳаш баргашт ва дар девони давлат ба вазифаи бузурге таъин шуд.
Ба Ҳирот баргаштани Навоӣ боиси хурсандии беандозаи Ҷомӣ гардид. Ширинии сӯҳбатҳои гузашта дар коми ҳардуи онҳо боқӣ буд. Шамъи улфату муҳаббат, ки дар муфориқати сесола мудом дар дили ҳардуяшон фурӯзон буд, аз нав забона кашида, бо партави рахшоне нурафшон гардид. Рафтуои Навоӣ ба хонаи устод ва дӯсти маҳбубаш боз сар шуд. Фикри онҳо дар ҳар боб ва ҳар масъала бо якдигар тавофуқ дошт. Ҷомӣ фикрҳоеро пеш меронд, ки Навоӣ онҳоро аз дили худ мегузаронд. “Инсон бояд бо маҳсули меҳнати бозувонаш ризқи худро таъмин намояд” мегуфтанд ҳардуи онҳо. Ба танҳоӣ “Хамса” – и Низомиро мутолиа карда, соатҳои дароз дар бораи ҳар як байти он муҳокима менамуданд.
Боре Ҷомӣ дар аснои сӯҳбат гуфт:
̶ Шоир бояд аз худ чунин ёдгориҳои абадзинда боқӣ гузорад.
Ин суханон гӯё акси садои фикрҳое буданд, ки Навоӣ кайҳо боз дар дил мепарварид. Ӯ бо диққат ба рӯи устоди худ нигариста бо қатъияти тамом гуфт:
̶ Ман боварии комил дорам, ки шумо чунин асари бузурге офарида метавонед.
Навоӣ на танҳо нақшаҳои эҷодиаш, балки пешомадҳои дигари ҳаёти худро низ ба устодаш баён карда, дар ҳар хусус аз вай маслиҳат мепурсид. Боре ба худаш вазифаи вазорат таклиф кардани Султон Ҳусайнро ба Ҷомӣ нақл кард, ҳусни истиқболи Ҷомӣ аз ин таклиф ӯро сахт ба ҳайрат андохт. Ҷомӣ гуфт:
̶ Ба дасти мардонаи фозилу донишманд афтодани зимоми давлат гарави ривоҷу ободии мамлакат ва рифоҳу осоиши мардум аст.
Вақте ки Навоӣ ба мансаби вазорат мансуб гардид. Ҷомӣ шахсан барои табрик ба назди вай рафт. Фуқаронавозӣ, кордории одилонаи Навоӣ боиси хурсандии вай мегардид. Ба пандҳои вай амал карда, дар ҳар кор хоксорона рафтор намудани Навоӣ, хусусан дар санадҳои давлатӣ поёнтар аз вазирони дигар имзо монда, мӯҳр пахш кардани вайро хеле меписандид.
***
Солҳо мегузаштанд. То даме ки султон Ҳусайн аз рӯи ақлу адл ҳукуматдорӣ мекард, мамлакат то андозае осуда буд. Дар ин муддат Навоӣ бори идораи ҳукуматро бечунучаро дар дӯши худ мекашид. Фақат баъзан дар аснои сӯҳбатҳои маҳрамона бо Ҷомӣ аз тоқатфарсо будани ин кор, аз он ки барои навиштани шеър ва асарҳои дар назар доштааш фурсат намеёбад, шикоят мекард. Аммо Ҷомӣ дар вақти ба миён омадани ин гуфтугӯҳо хомӯш меистод. Навоӣ аз ин хомӯшии устоди худ ҳанӯз фаро нарасидани вақти тарки ин шуғлро пай мебурд ва ба манъи хомӯшонаи вай итоат мекард. Аммо тасаддии кори вазорат торафт душвортар мегарид. Султон Ҳусайн ба гуфтаҳои одамони бадният гӯш медод ва ба зери таъсири онон медаромад. Дар ин байн Навоӣ чандин бор масъалаи аз шуғли вазорат канор рафтани худро ба майдон мегузошт.
Ниҳоят рӯзи фаромӯшнашавандае расид. Султон Ҳусайн дар хонаи Навоӣ меҳмон буд. Вай бетакаллуфоти махсус ба хонаи дӯсташ омада буд. Султон баъзан айёми кӯдакӣ ва ҷавонии худро, ки бо Навоӣ ҳамроҳ ба сар бурда буд, ба ёд оварда, барои сӯҳбати маҳрамона, барои хондан ва аз назари Навоӣ гузаронидани шеърҳои худ ва шунидани шеърҳои нав иншокардаи дӯсти деринаш ба назди вай меомад. Илова бар ин дар хонаи вазир таомҳои хеле балаззат низ мепухтанд.
Вақте ки хидматгорон гӯсфанди дар танӯрпухтаро ба дастархон оварданд, Навоӣ Ҷомиро ёд карда як парча аз ин гӯштро ба вай фиристоданӣ шуд ва баковули худ Хоҷадеҳдорро ҷеғ зада фармуд, ки аз гӯшту дунба ба хонаи Ҷомӣ барад ва руқъае ҳам ба як қитъа шеър навишта ба дасти вай дод.
̶ Чи қадар марди комил ва бузургест ҳазрати Мавлоно, ̶ гуфт Ҳусайн Бойқаро. ̶ Ҳар як шеъри вай мисли мурғоне мебошанд, ки гӯё аз диёрҳои афсонавӣ парвоз карда меоянд. Шеърҳои он ҳазрат дар базму разм ба дили ман хурсандӣ ва қувват мебахшанд.
– Бале, шоир ҳам ба монанди ҷанговар аст, мунтаҳо ба ҷои найза дар даст қалам дорад, ̶ гуфт Навоӣ.
Дар ин дам султон Ҳусайн хеле хурсанд ва рӯҳбаланд. Вале вақте ки баковул баргашта омад ва руқъаи ҷавобии Ҷомиро овард, кайфияти султон дарҳол тағйир ёфт.
̶ Инак, ҳазрати хоҷа ин руқъа ва ин ҳадяҳоро барои шумо фиристоданд, ̶ гуфт баковул ва дар баробари руқъа як кулоҳ ва як дастмолро ба дасти Навоӣ дод. Навоӣ руқъаро кушода, бо овози баланд хонд. Мазмуни он чунин буд: “Ин кулоҳ ба касе фиристода мешавад, ки тоҷи бузургиро аз сари худ партофта ва ин дастмол ба шахсе ирсол мешавад, ки даст аз корҳои ин ҷаҳони фонӣ шустааст”.
̶ Ин чи маъно дорад? ̶ пурсид султон Ҳусайн, ки кӯшиш мекард ҳаяҷони худро зоҳир накунад.
Навоӣ ба рӯи подшоҳ назаре андохта оромона гуфт:
̶ Ман боре ба устод гуфта будам, ки мехоҳам ҳамаи вақти худро ба корҳои адабӣ сарф намоям ва барои ин аз шуғли вазорат канорагирӣ кунам.
Ин наздикии Ҷомӣ ва Навоӣ султонро ба васваса андохта буд. Ҷомӣ бо эътибору шӯҳрате, ки дар назди мардум пайдо карда буд, дар мавқеи мумтозе меистод. Магар Ҷомӣ аз ин мавқеи худ истифода намуда, ба корҳои давлатӣ мудохила кардан мехоҳад? Боре суханони дар арафаи як сафари ҳарбии Ҳусайн Бойқаро ба Навоӣ навиштаи Ҷомӣ боиси шубҳаи султон гардида буд. Ҷомӣ ба Навоӣ навишта буд: “то мумкин аст ва манъи ин сафар сайъ намо ва агар ин кор мумкин нашавад, ба ман навишта маълум кун”. Чи навъ ва ба чи восита ба султон маълум шудани мазмуни ин рукъаро Навоӣ фаҳмида наметавонист. Аз хидматгорони вай кадомаш ин қабил чизҳоро ба султон мерасонид.
Навоӣ аз руқъаи устоди худ хеле хурсанд буд, шояд ба туфайли ин мактуб ба вай аз корҳои давлатӣ озод шудан мумкин мешавад. Ӯ ба ин мекӯшид ва ниҳоят ба мақсади худ расид.
***
Навоӣ дар муддати се сол “ Хамса” – и худро, ки ҳар боби онро Ҷомӣ бо шавқу завқи тамом мехонд, навишта ба итмом расонд. Ин солҳо дар эҷодиёти Навоӣ давраи хеле сермаҳсуле буданд. Дар ин муддат дар корҳои давлатӣ бисёр ҳодисаҳои ногувор рӯй дод. Хазинаи давлат тамоман холӣ шуд. Султон Ҳусайн ғарқи кайфусафо гардида, ба эҳтиёҷоти мардум ниҳоят бепарво шуда монд. Тамоми даромади мамлакат ба зебу ороиши қасрҳо ва ба ҳавову ҳаваси шоҳ сарф мешуд. Ҷангҳои байнихудии шаҳзодагони Темурӣ дарахти мамлакатро чун кирме аз дарун хӯрда ба нобудӣ мебурданд. Писарони Бойқаро ҳар як барои худ як ҳиссаи мамлакатро соҳибӣ кардан мехостанд ва ҳеҷ касеро парвои осудагии халқ ва тамомияти мамлакат набуд.
Навоӣ ба ин аҳвол тоқат карда натавониста, баъзан эътирозҳо мекард ва ин эътирозҳо ба сари вай балоҳои нав меоварданд. Дӯстии султон Ҳусайн бо Навоӣ чун сояи абри даргузаре бебақо менамуд. Султон ӯро ба ҳукумати вилояти Астаробод таъин кард, ки ин як навъ бадарғакунӣ буд. Ба Навоӣ боз аз шаҳри азиз ва дӯсту маслиҳатгӯи ғамхораш ҷудо шудан лозим меомад. “ Оҳ Ҳирот… Ҳирот… кош бори дигар дар ҳавои он нафас мегирифтам ва дар боғи Хиёбон гардиш карда, аз сӯҳбати устоди худ файзёб мешудам” бо ҳасрат фикр мекард Навоӣ дар Астаробод.
Вай аз он ҷо ба Ҷомӣ шарбати шифобахши пӯсти дарахти сандал ва китоби “ Муҳаббатнома” – и Хоразмиро фиристода, навишта буд: “Ба қавли табибони араб ин шарбат хосияти тақвияти қуввати аъзоро дорад. Табиби ман дар тайёр кардани ин шарбат бисёр моҳир аст”.
Ҷомӣ як нусха девони бо қалами Беҳзод зинатдодашудаи худро ба Навоӣ фиристод.
Вале ин рӯзҳо ҳам гузашта рафтанд. Навоӣ боз ба Ҳирот баргашт. Султон ӯро боз ба худ наздик карданӣ шуд, Ҷомӣ дӯсти худро ба қабул кардани вазифаи наве, ки ба вай таклиф мешуд, ташвиқ менамуд ва мегуфт: “Мард бояд ҳамеша корҳои мардона ба ҷо биёрад”. Ҷомӣ ҳануз ҳам умед мекард, ки Навоӣ султон Ҳусайнро аз баъзе корҳои нораво ва беақлона боздошта метавонад.
Навоӣ дар ин бозгашти худ дӯст, мусоҳиб ва омӯзгори худро хеле пиру афтодашуда ёфт. Дар Ҷомӣ осори пирӣ рӯз ба рӯз бештар зоҳир мегардад. Вақте ки Ҷомӣ ба бистари беморӣ афтод, Навоӣ дар сари болини вай менишаст. Ӯ дар лаҳзаҳои вопасини ҳаёти худ ба Навоӣ гуфт:
– Шумо дар як байти худ хеле дуруст гуфтаед: касе ки дар ҳаёти дӯсти наздику ғамхоре надорад, мисли садафест, ки ба дарун гавҳар надошта бошад. Инсон ба шарофати дӯстони худ дар зиндагӣ корҳое ба анҷом расонида, ба халқ нафъ оварда метавонад. Дуруст гуфтаанд, ки аз як даст овоз намебарояд.
– Мақсад аз офариниши олам низ дӯстии мардумонест, ки дар он зиндагӣ мекунанд, ̶ гуфт Навоӣ, ки фикрҳои дар як байти худ ифода кардаи Ҷомиро тақвият мекард.
̶ Хушбахт касест, ки дар сари роҳи ҳаёташ ба монанди шумо дӯсте вохӯрда бошад, ̶ гуфт Ҷомӣ.
Шунидани ин сухан аз қавли Ҷомӣ, ки дар изҳори таассуроти худ ҳамеша худорӣ мекард, ҳозиронро хеле, мутаасир намуд. Навоӣ сарашро ба болини Ҷомӣ наздик оварда кӯшиш мекард суханонои ӯро ба хубӣ шунавад. Дар ин дам Ҷомиро як ҳолати хобу беҳушӣ фаро гирифт. Ҳозирон барои ин ки ба роҳати бемор халале нарасад, аз хона баромаданд. Аммо Ҷомӣ дигар ба ҳуш наомад ва ҳамон рӯз аз олам чашм пӯшид.
Навоӣ як соли тамом ба Ҷомӣ мотам гирифт. Ӯ таассуроти худро дар бораи устодаш дар шакли рисолае ба номи “Хамсат ул–мутаҳайирин” ба қалам овард ва гӯё тамоми мулоқоту сӯҳбатҳояшро бо устод як бори дигар аз сар гузаронд ва тамоми меҳру муҳаббати худро нисбат ба Ҷомӣ дар он изҳор намуд. Ӯ аз фурӯ рафтани ин офтоби тобон афсӯс хӯрда, акнун ба парвоз даромадани шабпаракони зулматпарастро бо дарду дареғ хабар медод.
Вақте ки навиштани охирин сатрҳои рисола ба анҷом расид, Навоӣ баъд аз мотаму мусибате, ки ба сараш афтода буд, гӯё аввалин бор нафаси сабуке кашид. Ӯ ҳис мекард, ки бо ин рисолаи хурди худ бо дарёи беканори шӯҳрати абадии шоири бузург қатрае ҳамроҳ кардааст.
Тарҷумаи Раҳим Ҳошим.
- Л.Бат. ДӮСТИИ БУЗУРГ (БАХШИ АВВАЛ)
- ЛИДИЯ БАТ. АДИБЕ, КИ ДАР БОРАИ АЛИШЕРИ НАВОӢ КИТОБ НАВИШТ, КӢ БУД?
“Шарқи сурх” № 12, соли 1964
Таҳияи сармутахассиси
шуъбаи матбуоти даврӣ
Гуландом Заурова.