Латофат Насриддинова: “Мизони адолат”

mizoni-adolat«Мизони адолат» номи  китоби нави Латофат Насриддинова буда, фарогири қиссаҳои хурду бузурги панҷ соли охир эҷодкардаи муаллиф мебошад. Қиссаҳои ин китоб хаёливу дур аз ҳаёти воқеият набуда, балки аз дидаву шунида ва рӯйдоду воқеаҳои ҳаёт манша гирифтааст.

Муаллиф китобашро самараи талошҳои панҷсолаи эҷодиёти худ медонад

Муҳаррири китоб А.Аҳмадзода дар сарсухан ба китоб навиштааст, ки замоне ӯ (Л.Насриддинова) Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва бемуҳобот муддати даҳ сол мушкилоти  ҳар оилаи тоҷикро дарк мекард. Латофат дар баробари корманди давлатӣ буданаш ба кори эҷодӣ низ завқ дошта, дар навиштани таронаҳои мансур, ҳикояҳо, қиссаҳо қалами худро санҷидааст ва аввалин китоби таронаю ҳикояҳояш соли 2000-ум бо номи “Сиришки ишқ” ва соли 2004 китоби дигараш бо номи “Гарде аз чархи гардун” рӯйи чоп омада буд.

Кароматулло Мирзоев, Нависандаи халқии Тоҷикистон боре дар мақолааш дар газета ба истеъдоди модарзодии Латофат чунин баҳо дода буд: “Латофат Насриддинова ҳамчун носир усули  навишти хоси худро дорад ва эҷодҳояш хонандаро ба худ ҷалб мекунад”.

Худи Латофат Насриддинова дар пасгуфтораш ба китоб аз ҷумла навиштааст:

Ман, муаллифи ин китоб, бо итминони комил мегӯям: ҳар як қисса қаҳрамонҳои воқеии худро дорад ва аксари онҳо ҳанӯз дар ҳаётанд. Бо ошно шудан бо ҳодисаҳо, яқин бидонед, ки мизони Худованд ҳамеша барчост ва Ў ба хар амали нек подоши нек ва ба эмали бад, подоши бад медиҳад.

Ҳар яки шумо медонед, ки ризқ азалист ва бояд кўшид, ки онро бо меҳнати ҳалол ба даст овард, то тавонед дар ҳаёт онро ба хушӣ истифода баред. Вагарна бойигарии зиёди бо роҳи фиребу қаллобб, ришвагирӣ, рибохӯрӣ, тиҷорати маводи мухаддир, ки ба саломатӣ ва рӯҳи инсонҳо садама мезанад, дар вақту замони муайяне бар зиёни худи содиркунандаи ин амалу аҳли байти ў анчом меёбад.

Хоҳишмандон китоби Латофат Насриддинова “Мизони адолат” – ро
метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Зумратбӣ Эмомова, сардори шуъбаи
хизматрасонӣ ба истифодабарандагон