Либоси миллӣ – рамзи зебоӣ

Либоси-миллӣ-1Эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва  тамаддуни ғанӣ мебошад. Кишварҳои  зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои фарққунандаи миллӣ надоранд. Вале мо – тоҷикон хушбахт  аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори  миллии мо дар либоси мо низ инъикос ёфтааст.

Бале, ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад, миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои  мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари  назокату малоҳати бонуи тоҷик буда, дар  ақсои олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷик мондагор мебошад.

Аммо мутаасифона, на  ҳамаи мо ба қадри  либоси миллиамон мерасем. Борҳо таъкид шудааст, ки ба либоспӯшии бегонагон тақлиди беҷо месозанд, ҳиҷобу сатр ва либосҳои тангу даридае, ки зани тоҷик ба бар мекунад, барои миллати мо хос нест. Аҷибаш он аст, ки либосҳои  миллии  моро кишварҳои дигар аз худ карда истодаанд ва мо бошем, барои таблиғи он кӯшиш намекунем. Беҳтараш таблиғи либоси миллӣ ин пӯшидани он мебошад.

Бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасмим гирифтанд, ки моҳи март зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” ё ба  “ Китобхонаи миллӣ бо либоси миллӣ”,  либосҳои миллиро ба бар намоянд.Чунки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат либоси миллии ӯст ва зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат  ва ёдгоре аз гузаштагони мо маҳсуб  меёбад. Занон олиҳаи ҳусн мебошанд. Зеро бо пӯшидани либосҳои миллии тоҷикӣ боз ҳам зеботару гуворотар мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат карда гуфтанд: “Як бор ба тарзи  либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне доранд?”

Аз ин рӯ, моро зарурати тақлид ба фарҳанги бегона нест. Мо бояд аз либоси миллии худамон ифтихор дошта бошем. Мо бояд ин таъкиди Сарвари давлатро чун ғамхорӣ нисбат ба анъанаҳои миллӣ донем ва қабул намоем, зеро пӯшидани  либоси миллӣ моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Бонувони ниҳоят зебову меҳрубони мо. Биёед либоси миллии худамонро ба бар намоем……

ЭЙ ДУХТАРИ НОЗАНИНИ ҚАДРАС, ЗЕБАНДА ТУРО ЛИБОСИ АТЛАС…

Атлас  як навъи матоъи абрешимӣ мебошад, ки он матоъро аз давраи хеле қадим тоҷикони мо  ба бар мекарданд. Ин матоъ матоъи  тоҷикӣ буда, то ҳол дар тани духтари тоҷик  бо тахти шинам дӯхта мешавад. Лавозимоти  атласро солҳои аввал баромаданашон, ранги онро аз давлати  Ҳиндустон мегирифтанд, ки ин ранг намерафт. Ҳоло бошад ҳамаи маҳсулотро аз давлати  худамон Тоҷикистон истифода карда мебарорем.

Дар Тоҷикистони мо бошад ҳоло якчанд намуд атлас истеҳсол карда мешавад аз қабили ; атлас, адрас, заратлас, хонатлас ва ғайраҳо. Новобаста аз ин ки асри 19 давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ мебошад, абрешим дар низоми фарҳанги  маънавии мардуми тоҷик  яке аз рамзҳои  фарҳанг ба ҳисоб  рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад. Дар  даҳсолаҳои  охири  асри 20 дар атласбофӣ намудҳои : ”Пирӯзӣ”, “Ҳамроҳ”,”Кайҳон”, “Кремл”,”Олимпиада”, “Чашма”,”Ҷашнӣ”,” 50-сол”, “Шодиёна”, “Гули баҳор”,”Ҷонона”,”Одмӣ”,”Мурғобӣ”,” Лола”, “Гули намошом”, ”Гули шоҳмот” ва ғайра ба миён омадаанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд “Иди атлас” ва озмуни “Атласи тоҷик” баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.

Фароғат Толибова, муовини сардори шуъбаи феҳристнигорӣ.