Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист”.
Эмомалӣ Раҳмон.
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.
Даври ливо ба андозаи 50 мм бо ресмони зарҳалин дастдўзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст. Дар маркази Ливо тасвири Дирафши ковиёнӣ инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Дар қисми болои Дирафши ковиёнӣ найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисмати чаҳоргонаи Дирафши ковиёнӣ чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некию дўстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.
Дар дохили Дирафши ковиёнӣ чаҳор шохаи марҷула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар унсурҳои коинот инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат саодат ва пешрафти кишвар мебошад.
Дар маркази Дирафши ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукуҳи давлат дар партави осмони кабуд инъикос ёфтааст.
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора, ки ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтааст. Дирафши ковиёнӣ бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ду ҷониби Ливо дастдўзӣ шудааст. Андозаи Дирафши ковиёнӣ 3:5 таносуби Ливо аст.
Дар қисмати болои чўбдасти Ливо лавҳаи заррин васл, шудааст, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии фаъолияти ў ҳаккокӣ мешавад. Нўги чўбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад.
Аз китоби “Парчам”-и Иброҳим Пирназарзода, Душанбе, 2015 таҳияи Рисолат Шералиева, корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд.