Лӯлакитобҳои папирусӣ
Лўлакитоби папирусии кўҳна дар китобхонаи миллии Фаронса (Париж) нигоҳ дошта мешавад. Ин китоб бебаҳост, он 5500 сол қабл таълиф шудааст. Матнаш дар папирус навишта шуда, дар ғилофи ба худ хос нигоҳ дошта мешавад.
*** *** ***
Қисми зиёди осори қадимаи папирусӣ аз ҷиҳати санаи таълиф ба солҳои 3350-уми пеш аз милод рост меояд. Инҳо лўлакитобҳое мебошанд, ки аз сағонаҳои шаҳри Фив ёфт шудаанд. Дар ҳамин шаҳр соли 1855 лўлакитоби папирусиеро дарёфт карда буданд, ки дарозиаш 405 сантиметр ва бараш 42,5 сантиметр буд. Китоби мазкур аз сохти шоҳигарии мисри қадим – Фиръавн Рамзеси II ривоят мекунад. Ҳоло ин лўлакитоб дар осорхонаи Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст.
*** *** ***
Дар осорхонаи Британияи Кабир беш аз ҳазор лўлакитоби папирўсӣ мавҷуд аст. Байни ин китобҳо таҳти унвони «Папирус Гарис» лўлакитоби муҳташаме ҳаст. Андозаи дарозии варақи яклухти вай ба 45 метр мерасад.
*** *** ***
Дар Эрмитажи давлатии Сант-Петербург лўлакитобе ҳаст, ки таърихи сеҳазорсола дорад. Вай дар бораи ба фалокат дучор шудани маллоҳон ривоят мекунад.
*** *** ***
Моҳи августи соли 1960 дар ҷамъомади мисршиносон (ш.Москав) аз бисёр мамолики дунё вакилон иштирок доштанд. Онҳо дар ин ҷамъомад муҳофизат ва кушодани рамзи ёдгориҳои адабии қадимро баррасӣ кардаанд. Шарқшиноси Иттиҳоди Шуравӣ М.А. Коростовсаев оид ба иштироки адабиёти Мисри қадим сухан ронда, қайд кард, ки ў матни китоби папирусии Мисри қадимро тарҷума кардааст. Осори мазкур таҳти рақами 127 дар Осорхонаи санъати тасвирии шаҳри Москва нигоҳ дошта мешавад. Онро соли 1991 мисршиноси рус В.С. Голенсев бо чанд китоби дигар оид ба таърихи Миср ба даст оварда буд. Осори папирусӣ ахборест дар боби мактубҳо ва он ба ҳазораи Х1-уми пеш аз мелод мансуб мебошад
*** *** ***
Дар осорхонаи Лейдени Нидерландия таҳти унвони «Папирус Лейден» китобе нигоҳ дошта мешавад, ки наздикии соли 1330-уми то мелод аз рўи ҳикояи «Шўриши халқии мисриёни қадим» нусхабардорӣ шудааст.
Соли 1963 ба осорхонаи Бритонияи Кабир (Лондон) китоберо тўҳфа карданд. Ба таҳқиқотчиён муайян кардани номи китоб муяссар нашуд. Онҳо онро «Китоби хомўш» ном гузоштанд. Қатъи назар аз мазмун ба китоб чунин ном гузоштан мувофиқ омад. Зеро “Китоби хомўш» се ҳазор сол дар яке аз соғонаҳои соҳили дарёи Нил (Миср) ниҳон будааст.
Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.
Таҳияи Шарофат Мирзоева