М. У. Усмонов, С.Т. Ибодзода: “Анатомияи одам” (Қисми 2)
Ин китоб соли 2022 бо қарори Шўрои табъу нашри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.
Дар қисми 2-юми китоб маълумотҳо дар бораи сохт, топография вазифаи системаҳои дилу рагҳо, лимфатикӣ, узвҳои сироятнопазирӣ, системаи асаби марказӣ ва атрофӣ, узвҳои ҳиссиёт гирд оварда шудааст. Инчунин дар ин китоб як қатор маълумотҳо дар бобати синну сол, рентгеноанатомия ва дигар хусусиятҳои хосро ҳам метавон хонд.
Муаллифон гуфтаанд, ки ин китоби дарсӣ бо барномаи таълимӣ мувофиқат мекунад ва барои донишҷўёни донишгоҳ ва факултаҳои тиббӣ таҳия шудааст.
Китоби “Анатомияи одам” (қисми 2) дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.
Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ-библиографӣ.