М.Явич. Шеър дар афсона
Оё ин ҳодиса таърихе дорад? Истифодаи шеър дар афсона фақат ба фолклори тоҷик хос аст ва ё ин ҳодисаи байналхалқист? Суруд дар афсона чӣ нуфуз дорад? Шеърҳои афсонаҳо аз ҷиҳати шаклу мазмун ба чӣ хусусиятҳо соҳибанд?
**** ***** *****
Бисёр афсонаҳо шеър, саҳеҳтараш, суруд доранд. Гўянда ягон воқеаро нақл карда истода, аз номи ин ва ё он қаҳрамони афсона ба қаҳрамони дигар муроҷиаткунон суруд мехонад. Қаҳрамони дигар ба ў бо суруд ҷавоб мегўяд. Баъзан сурудҳо аз номи ҳайвонот, рустаниҳо ҳашарот ва чизҳои гуногун хонда мешаванд. Кампираке ба набераи худ ва ё ба гурўҳи бачагон дар вақти нақли афсонаи «Гунҷишкак» овозашро шиддат дода, нотарсии худро зоҳир карда, аввал ба унвони ресанда, баъд ба бофанда, бурранда ва дўзанда хитобан суруди зеринро мехонад:
Ҷанги хурўсон мекунам,
Бачета гирён мекунам,
Хонета вайрон мекунам,
Худата нолон мекунам,
Пушти сарою хоната
Оғилу каҳдон мекунам.
Дафъаи дигар ў аз номи ганбусак ё бибиганбусак, ки душманаш ўро ба оби ҷўй ғарқ кардааст, овозашро маҳин карда, бо оҳанги нолаву илтиҷо ба роҳгузари аспсавор муроҷиаткунон суруд мехонад:
Аспи ало тақар – туқур,
Зину лаҷом шақар – шуқур,
Бинӣ гар мушакро бигў,
Кўлбордарпуштакро бигў,
Асо дар муштакро бигў,
Он гандаришакро бигў;
Моҳи ту дар об,
Офтоби ту дар об,
Як даста гулу
Шамъу чароғи ту дар об.
Дар афсонаҳо байни ошиқу маъшуқ, модару фарзанд, олам ва ягон чизи сеҳрнок, ғарибафтодагону мардумони шаҳрҳои бегона ва ғайра гуфтугўй бо суруд бисёр воқеъ мешавад. Ба ин муносибат худ аз худ якчанд савол ба миён меоя:
Оё ин ҳодиса таърихе дорад? Истифодаи шеър дар афсона фақат ба фолклори тоҷик хос аст ва ё ин ҳодисаи байналхалқист? Суруд дар афсона чӣ нуфуз дорад? Шеърҳои афсонаҳо аз ҷиҳати шаклу мазмун ба чӣ хусусиятҳо соҳибанд?
Барои ба ин саволҳо ҷавоб гуфтан омўхтани навиштаҷоти зиёд ва аз назар гузаронидани фолклори бисёр халқҳо лозим мешавад. Мо аз ин нуқтаи назар як намунаи афсонаҳои халқии тоҷикӣ – афсонаҳо дар бораи ҳайвонотро тадқиқ карда, ба холисаҳои аҷибе дучор омадем, ки ҳоло натиҷаҳои онро мухтасаран ба маълумоти хонандагони муҳтарам расонидан мехоҳем.
Миқдори афсонаҳои омўхтаи мо 419 аст, ки то имрўз дар хазинаи фолклори Иниститути забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон гирд омадааст. Дар байни онҳо афсонаҳои шеърдор 80 адад буда, 20 дарсадро ташкил медиҳад. Вале аксарияти ин миқдор вариант аст, бинобар ин онҳоро якҷоя карда, дида баромадан лозим шуд. Пеш аз он ки дар бораи натиҷаҳои ба даст омада сухан ронем, бояд гўем, ки дар фолклоршиносӣ оид ба таърихи шеър дар афсона фикрҳои гуногун гуфта шудааст. Давраи пайдоиши ин ҳодисаро ба замонҳои хеле қадим нисбат медиҳанд. Аз рўи гуфти як қатор олимон ҷои баромадани ин ҳодиса мамлакатҳои Шарқ аст. Фолклоршиносони Аврупои Ғарбӣ адабиёти хаттиро манбаи шеърҳои афсонаҳо ҳисоб мекунанд.
Исботи ҳамаи ин ақидаҳо камубеш ба тадқиқоти минбаъда эҳтиёҷ дорад, аммо ҳамин чиз тамоман равшан аст, ки афсонаҳои шеърдор дар фолклори бисёр халқҳои дунё мушоҳида шуда, амри маъмул ба шумор меравад. Бештар аз ин дар афсонаҳои ҳамсюжети халқҳои гуногуни аз ҳам хеле дур (масалан, Шарқ ва Ғарб) айнан ва бо каме дигаргунӣ ҳамон шеърҳо дучор мегардад.
Дар Шарқ бошад, истифодаи шеър дар наср як анъанаи таърихдор ва устувор буда, чи дар фолклор ва чи дар адабиёти хаттӣ асрҳо ин тараф ҷорӣ гардидааст, ки ба ин даъво алалхусус «Ҳазору як шаб» мисоли барҷаста аст. Дар ин асар шеърҳо он қадар зиёданд, ки як қисми онҳо ҳатто ба мазмуни ҳикояҳо алоқаи бевосита надоранд ва барои пурра кардани мазмун мадад намерасонанд. Умуман омўхтани ёдгориҳои адабии давраҳои қадим касро ба чунин ҳодиса меовард, ки насри шеърдор маҳз дар эҷодиёти бадеии халқҳои эронӣ ба вуқўъ пайвастааст.
Шеър одатан ҳикоя ва афсонаро гуворо ва таъсирбахш мекунад ва ба он латофате мебахшад вале дар афсонаҳои тоҷикӣ дар бораи ҳайвонот чунин ба назар мерасад, ки ин гуна шеърҳо на ҳамеша ба услуби афсона комилан мувофиқат мекунанд. Ҳанўз дар асри гузашта афсонашиносони машҳури немис Болте ва Поливка ба чунин масъала диққат дода буданд, ки шеъри афсона аз ҷиҳати забон аз қисми насраш фарқ мекунад: наср хусусиятҳои лаҳҷаро дар бар кардаасту шеър забони адабиро ва ҳодисаҳои акси ин низ мушоҳида мегардад.
Дар намуди мазкури афсонаҳои тоҷикӣ бошад, мо ҳодисаи дигарро мушоҳида мекунем. Баъзан шеърҳои истифодашуда ба забони ўзбекианд. Аз мутолиаи ин қабил нусхаҳо кас ба чунин фикр меояд, ки ин ҳодиса маънои дар фолклори ўзбек ба амал омадани афсонаро надорад, балки шеърҳои ўзбекӣ дар услуби гуфтор вазифае доранд ва аксаран танҳо зоҳиран забони ўзбекиро ба хотир меоваранд ва қасдан барои шўх шудани гуфтор ўзбекмонанд гуфта шудаанд.
Сарфи назар аз ин, бо шеър оро додани афсона ҳеч гоҳ ихтиёран ба амал намеояд ва маҳсули услуби хоси гўянда ба шумор намеравад. Шеърҳо ҳамеша бо мазмуни муайяни афсона, ба маҷмўи вариантҳои он яъне, типи онҳо робитаи узвӣ доранд. Аз ин рў, мо водорем, ки типҳои афсонаҳоро ба таври алоҳида аз назар гузаронем. Ихтиёрӣ набудани истифодаи шеърҳоро пеш аз ҳама ҳамин ҳодиса ба хубӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи вариантҳои як тип шеърҳои якхела доранд.
Масалан, афсонаи машҳури «Бузаки ҷингилапо»-ро гирем. 28 нусхаи ин афсона дар қоғаз сабт шудааст, ки дар байни онҳо ягон варианти бе шеър дучор намешавад. Ин нишон медиҳад, ки шеърҳо ҷузъи муҳими ин типро ташкил медиҳад. Дар сюжети он устувории кул дида мешавад. Фарқи вариантҳо ҳам дар қисми манзум ва ҳам дар қисми мансури афсона калон нест: миқдори бузғолаҳо кам мешавад ва вобаста ба ин мисраъҳои шеър ихтисор меёбад, зеро номи бузғола дохили қофия аст. Дар шеърҳо танҳо мисраъҳои ҷудогона ва ё якчанд калима иваз мешавад, вале аз ин мазмуни умумии шеър тағир намеёбад.
Вариантҳои ин афсона ҳанўз дар охирҳои солҳои бистум гирдоварӣ шуда буд. Он вақт О.В. Сухарева ва Н.В. Сухарев 8 варианти онро нашр карда буданд. Аз рўи кор, ин афсона ҳанўз дар ибтидои асри XX мақбули омма будааст ва онро бисёр нақл мекардаанд.
Ин афсона, ки дар Аврупо низ маъмул аст, хусусан баъди соли 1812 дар маҷмўаи бародарони Гримм (№5) чоп шуданаш шўҳрати бештаре пайдо кард. Нусхаи бародарони Гримм низ шеърҳо дорад. Суруди гург, ки яке аз қаҳрамонҳои асосӣ аст, ҳанўз соли 1646 дар Германия навишта шуда буд, аммо ин суруд дар ҷанубии Аврупо низ дучор мешавад ва аз ин рў, аз эҳтимол дур нест, ки ин сурудҳо дар таркиби афсона аз Шарқ ба Ғарб рафтаанд.
Афсонаи дигаре, ки дар он суруд мавқеъи калон дорад, “Бибиганбӯсак” аст. 80 дарсади 30 варианти ба даст омадаи он дорои суруд аст. Хусусияти хоси ин афсона аз он иборат аст, ки шеър узван ба он дохил шудааст, мазмунро такмил ва сюжетро инкишоф медиҳад. Бе суруд афсона ноқис ва номукаммал хоҳад шуд. Дар ин афсона муколама гоҳ аз насри қофиядор ва гоҳ аз суруд иборат аст…
Ин танҳо як порча аз мақолаи М.Явич “Шеър дар афсона” иқтибос шуд. Мақола соли 1969 дар шумораи сеюми маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” чоп шудааст ва барои фолклоршиносон ва мутахассисони адабиёти шифоҳиву донишомӯзон матлаби хубу ҷолиб аст.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхона,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.