Маҳфили адабӣ ба ифтихори 110 – солагии устод Турсунзода
5-уми майи соли ҷорӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110 – солагии шоир ва Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфили адабӣ шоирон ва адибони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Равшани Махсумзод, Азизи Азиз, Камол Насрулло, Гулрухсор Сафиева, Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон иштирок доштанд.
Чорабиниро Аскар Ҳаким ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода дар таъриху ташаккул ва такомули адабиёти навини тоҷикон нақши ҷовидона гузоштааст. Ашъори ин шоири тавонои миллати тоҷик аз мавзуоти ҷабҳаҳои муҳим таркиб ёфта, ситоиши зан яке аз мавзўъҳои асосии назми рўҳнавозу дилписанди ин суханвари беназир ба шумор меравад.
Сипас, шоирону адибон дар бораи вассофи сулҳу дўстӣ-Мирзо Турсунзода ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки Мирзо Турсунзода аз байни халқ баромадааст. Ў дар як хонадони одии деҳаи кӯҳистон тарбият ёфта, аз саргузашти халқ, таърихи воқеиву зиндаи он, одоби миллӣ, суннату ойинҳо, мушкилоту фоҷиаҳои ба сари мардум омада, ормонҳои миллии халқаш ба хубӣ огоҳ аст. Ў ин ҳамаро аз сар гузаронидаву дар пўсти худ эҳсос намудааст. Ба ҷуз ин ў фарзанди содиқу бовафо ва ҷоннисорӣ ҳамин диёр аст, ватанашро дўст медорад. Аз ин рў дар тасвирҳои шоиронааш аз ин дониш истифода мекунад ва ҳамин сифату ҳамин огоҳист, ки ашъори ў шираи маърифати халқ дорад, ба забони халқ наздику фаҳмост. Аз ин рў сухани ў дар ин мавзўъҳо равшану равон ва табиист.
Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён шеърҳои Мирзо Турсунзодаро қироат гардиданд.
Нахуст фарзанди устод, доктори илми фалсафа, профессор Фирўза Турсунзода дар бораи падараш ба ҳозирин қиссаҳои ҷолиб намуда, симои ин фарзонафарзанди миллатро ба аҳли толор бештар ошно намуд ва ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ сарояндагони маҳбуби кишвар Саидқул Билол, Фурқати Саид, Тоҷиддин Раҳимов ва дигарон аз ашъори устод сурудҳои дилнишин сароиданд.
Раҳимова Фирўза