Маҳфили нав дар Соли нав: “Ҳаёти солим”
Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаи соли 2022 як маҳфили нав бо номи “Ҳаёти солим”-ро роҳандозӣ кард, ки якҷо бо Вазорати тандудурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони “Баҳористон” амалӣ мешавад.
Ин маҳфил моҳе як маротиба баргузор мешавад ва ҳадаф тарғиби тарҳи ҳаёти солим аст. Масъулини шуъба мегӯянд, хостем хонандагон илова ба он ки китоб мехонанд, боз бо ширкат дар ин гуна маҳфилҳо донишҳои амаливу назариявии худро ҳам дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ғанӣ созанд.
Ин маҳфилҳо назариявӣ ва амалӣ доир мешаванд ва бачаҳо ҳамзамон роҳу равишҳои сироят нашудан ба бемориҳо, амал дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд.
Маҳфили аввал бо ширкати намояндагони Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла Муовини директори маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникӣ тиббии оилавӣ Фарида Худойдодова, сардори шуъбаи дастурию методӣ Вазорати тандурустӣ Абдулаҳад Раҳимзода, мутахассиси шуъбаи таҳлили рушди тиббӣ оилавӣ Зарина Искандарова баргузор шуд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода дар суханони муқаддимотии худ дар бораи ҳадафҳои ин барнома, ки ҳоло барои як сол ба нақша гирифта шудааст, нақл кард.
Мавзӯъи маҳфили аввал “Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кӯдакон” буд. Гуфта шуд, ки бемориҳои сироятии роҳҳои нафасро такрибан 200 хели ангезандаҳо ба вуҷуд меоранд, ки бештари онҳо мансуби вирусҳо мебошанд. Аломатҳои бемориҳои сирояти роҳҳои нафас ба якдигар шабоҳат доранд. Вале масуният (иммунитет)- и ҳосилшуда ба намуди беморӣ вобаста аст. Як нафар мумкин аст дар давоми сол 5 – 7 маротиба ба бемориҳои сирояти роҳҳои нафас гирифтор шавад. Ин холат бештар дар муассисаҳои кӯдакона (мактаб ва кудакистонҳо) ба назар мерасад. Сабаб дар он аст, ки беморӣ ҳар дафъа бар асари ангезандаи (серотипи) нав ба вучуд меояд, бо заҳролудии умумии сабук, хусусан осеби қисми болоии роҳи нафас падидор мешавад. Иллати узвҳои нафас чун зуком, ринофарингит, фарингит, ларингит, трахеоларенгит ва гоҳо пневмония ё илтиҳоби шуш пайдо мешавад.
Дар сурати вучуд надоштани илтиҳоби шуш беморӣ аз 2 – 3 то 5 – 8 рӯз давом мекунад. Дар мавриди илтиҳоби шуш, ки сабабгори он бисёр вақт микоплазмаҳо, вируси респираторӣ ва аденовирусҳо буда, онҳо якҷоя бо бактерияҳо амал мекунанд, беморӣ 3 – 4 ҳафта тӯл мекашад ва муолиҷааш душвор аст.
Мутахассисон ҳамчунин ба бачаҳо фаҳмониданд, ки бояд ҳамеша қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд, то ба ин гуна касалиҳо сироят нашаванд. Ҳамзамон амалан нишон доданд, ки барои гирифтор нашудан ба беморӣ чӣ бояд кард.
Ин маҳфил бо суолу ҷавоб ҳамроҳ буд ва хонандагон бо истифода аз фурсат аз духтурон дар бораи чандин намуди бемориҳои сироятӣ маълумот гирифтанд.
Маҳфил пурра наворбардорӣ шуд ва қарор аст аз тариқи телевизиони “Баҳористон” низ намоиш дода шавад.
Шаҳноза Дониёрова