Мақоми китоб дар фарҳанги Мардуми тоҷик
Китоб офаридаи инсон аст ва он барои инсонҳои имрўзу фардо таҳия мешавад. Онро ҳар яки мо бояд ҳифзу истифода намоем ва тавассути он бо гузаштаю имрўзаи мардум ошно шавему барои ояндагон мерос гузорем, то ки дигарон аз он истифода баранд ва идомадиҳандаи фаъоли давлати тоҷикон бошанд.
Китоб яке аз кашфиётҳои бузурги инсоният мебошад ва воситаи иҷтимоии қонеъкунандаи эҳтиёҷоти он ба шумор меравад. Агар хат ва китоб намебуд, орзую, ормон, мақсаду маром, андеша, эътиқоду эътибор ва аз ҳама муҳимаш аз таърихи миллатамон бебаҳра мемондем. Ҳамин тариқ лаҳзаҳои маъмули зинаҳои таърихи гузаштаи халқамон, ки дар навиштаҷотҳо акс ёфтаанд, бароямон азизу муҳтабар мебошанд.
Имрўз ин дурдонаҳо дар беш аз шаш ҳазор китобхонаҳои соҳавии хурду калони кишварамон нигаҳдорӣ мешаванд ва аз онҳо тоҷикону тоҷикистониён истифода карда истодаанд.
Китоб фарзанди эҷодкор мебошад ва навиштани он заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Дар китоби «Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик» (муаллифон Бекназар Аҳмадов ва Ҷўрабой Раҷабов, 2016) мақому манзалати китобу китобнависӣ ва китобхонаю китобдорӣ бо мисолу далелҳо ёдовар шудааст. Ин китоб барои кушодани мазмуну мундариҷаи мақоми китоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон маълумоти ҷолиб дода метавонад. Аз ин рў, шуморо ба мутолиаи он ҳидоят мекунем.
Таърих гувоҳ аст, ки 5500 сол қабл аз ин китобҳо дар папирус таълиф шудаанд. Соли 1855 лўлакитоби дар папирус навишташударо пайдо карданд, ки андозаи дарозиаш 405 см ва бараш 42, 5 см буд. Лўлакитоби мазкур дар хусуси сохти шоҳигарии Мисри Қадим Фиравн Рамзиси II ривоят мекунад. Ҳоло ин китоб дар китобхонаи Британияи Кабир (Лондон) маҳфуз аст.
Китоб хонандаро ба олами аҷоибот ҳидоят мекунад ва он маънавиёти шахсро бою ғанӣ мегардонад. Барои тасдиқи фикри худ боз як мисол меорем.
Оё медонед, ки китоби калонҳаҷме ҳаст, ки вазнаш 31 тоннаро ташкил медиҳад ё китоби кўчаке, ки аз сўрохи сўзан мегузарад ва китобе ҳаст, ки матни он бо ресмон дар матоъ навишта шудааст?
Дар шароити ҳозира, пас аз пайдо шудани технологияи иттилотӣ теъдоди мутолиакунандагони китоб коҳиш ёфтааст, аммо мавқеи китобро ҳеҷ як Интернет ё худ манобеи (захираи) электронӣ гирифта наметавонад. Зеро китобдорони кишвар кўшиш ба харч дода истодаанд, ки бештар бо баргузории маҳфилҳои назаррас – шабҳои адабӣ, суҳбату хулосаҳои библиографӣ, рўнамои китоб ва конфронси хонандагон, саволу ҷавоб, рўзҳои иттилоотии мутахассисон, намоиши китобу матбуоти даврӣ, омоданамоии рўйхату феҳристҳои адабиёт, китобномаҳои шахсиятҳои варзида ва дигар ба тарғибу ташвиқи китоб саҳм гиранд ва дар баланд гардидани сатҳи маълумотнокӣ, фарҳангию маърифтӣ ва иттилоотии тоҷикону тоҷикистониён ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Дар ин кор онҳо бо воситаҳои ахбори умум (садову симо, матбуоти даврӣ) ва ҷомеа ҳамкориҳо карда истодаанд.
Дар баланд гардидани сатҳи донишандўзию маърифатӣ ва фарҳангию иттилоотии ҷомеа бояд ҳамаи сохторҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, мактабу донишкадаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар низ саҳми босазои худро гузоранд.
Аз соли 2019 (соли чорум) аст, ки дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ибтикору супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст.
Дар «Низомнома»-и Озмун мақсаду мароми он чунин шарҳ дода шудааст: озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
Мо китобдорон барои амалӣ гардидани Амри Президенти мамлакат бояд саъю кўшиш намоем ва ҳиссаи арзандаи худро гузорем.
Дар охир мехоҳам як таклиф пешниҳод намоям. Имрўз мо ба ҷамъоварию нигаҳдорӣ ва пажўҳишу тарғиби осори хаттии Шарқ ва китобҳои нодир низ бояд бештар диққат диҳем. Вақти он расидааст, ки дар назди Китобхонаи миллӣ Марказ ва ё китобхонаи алоҳидаи осори хаттии Шарқ ва китобҳои нодир таъсис дода шавад. Зеро дар мамлакат 20-25 ҳазор осори хаттии Шарқ ва китобҳои нодир дар ҳар гўшаю канор ҷумҳурӣ пароканда амал карда, кори истифодабарандагонро мушкил мегардонанд. Ин фаъолият – таъсиси китобхонаи осори хаттӣ ва китобҳои нодирро мо соли 2001 оғоз бахшида будем, аммо пас аз даргузашти вазири фарҳанги кишвар Раҳимов А. Ҳ., ки пешоҳанги он буд ва дигар сабабҳо кор бомуваффақият анҷом наёфт…
Ҷўрабой Раҷабов,
сармутахассиси Маркази
«Тоҷикшиносӣ»- и Китобхонаи миллӣ.