Мафҳуми бадеии «Фалак» дар «Авасто»

ФалакМаънои луғавии «Фалак» – осмон, кайҳон, сипеҳр, афлок, фазо буда, маънои маҷозиаш – дунё, чарх, гардун, тақдир, гардиши рўзгор, сарнавишт ва шикоят аз замона аст.

Мусиқии анъанавии тоҷик таърихи тўлонӣ дошта, аввалин нишонаҳои он ба «Готҳои» – и Зардушт дар иртибот аст. Дар «Авасто», ки махсусан бахши «Гот», «Яшт» – ҳо ва худои тақдиру бахт «Аши» ҳисобида мешуд, ва «фалакро рўзи бистуҳафтуми ҳар моҳ ибодату тоат менамуданд».

Суннатҳои дерини иҷроии мусиқии тоҷик таърихи бостонӣ ва бо ҷаҳоншиносии авастоӣ иртибот доранд. Ибтидои рушду нумўи мусиқии тоҷикро дар аҳди замони бостон ва садаҳои миёна мебоист ҷуст. Маҳз дар ҳамин давраҳои таърихӣ, сабку равияи гуногунии иҷроии мусиқӣ, аз ҷумла навозандагиву сарояндагӣ, интихоби мавзўъ, тарзу усули оҳангсозӣ, сохтори зарбу мизонҳои мусиқӣ бар асоси маънавиёти баланди ҷаҳоншиносиии ромишгарон сурат гирифтааст. Ин усули эҷодию иҷроӣ ба мафҳуми «Фалак», ба фаҳмиши арзу само ва ҷаҳони рўҳониву ҷисмонии одам пайванде доштааст.

Асоси мафҳумҳои сегонаи: пиндори нек, рафтори нек, гўфтори нек, ва инсон тавассути он муносибати зебошиносиашро ифшо менамояд.

Ба Фалак, Осмон тоҷикон чун мавҷуди зинда муносибат менамуданд, ва ба ў рў меоварданду дарди дил намуда ва сабаби бадбахтиву нокомиҳояшонро баён менамуданд.

Яке аз қадимтарин мероси фарҳангӣ дар тамаддуни тоҷикон мусиқист. Жанру анвоъи мусиқии анъанавии тоҷик таркиботи лаҳнии хосро дорост, ки  махсусиёти он дар маҷмуъ таҳқиқ нашудааст. Яке аз қадимтарин жанрҳои анъанавӣ «Фалак» буда, солҳои охир (истиқлолияти кишвар) таваҷҷўҳ ба ин падидаи нодири ҳунарӣ беш гардид. Гурўҳе мусиқишиносон мусиқии Шарқро – мусиқии яковозаи монодӣ мешуморанд, ки ин ақида то ҷое саҳеҳ нест. Дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрон  жанру анвои гуногуни мусиқӣ, амал доранд, ки дар шакли ҳамсароӣ бисёровоза (хор) сурат мегиранд. («Нақш» дар Тоҷикистон). Дар мусиқии созӣ бошад созҳои дутор, думбра, қомус, қобуз (кварта-квинтаӣ) дуовоза усулан иҷро мешаванд.

Аз ин мисолҳо чунин бармеояд, ки дар анъанаи иҷроию эҷодиии мусиқии Осиёи Марказӣ ин танаввуоти иҷроӣ аз аҳди бостон то имрўз шоеъ будаанд. Яке, аз он хусусиятҳо ин ҳамоҳангии системаи лаҳнист.

«Фалак» чун падидаи нодири эҷодию иҷроӣ, ки дар мусиқии мардумист ва суннатҳои иҷроияш решаҳои хеле бостонӣ дошта, мавзўоташ «Готҳо», маҷмўи силсилавии мавсимию маросимии Борбади Марвазӣ (598-(99)-628-(38)) сарчашма мегирад. Зеро оҳангҳои тасвирию рангомез, рубоиҳои гуногунмавзуъ дар «Фалак» барҷо мондаанд.

Бинобар ба ахбори манбаъҳои хаттӣ «Фалак» чун шакл, жанри овозию созӣ таърихӣ бостонӣ дошта дар тўли таърих анъанаҳои асили эҷодию иҷрои он аз гўш, ба гўш, аз устод ба шогирд идомаву равнақ намудааст.

«Фалак» дар системаи мусиқии тоҷик мавқеи хоса касб намудааст. Пайдост, ки анъанаи иҷроии фалак ба маросимҳои бозмондаи мардумони эроннажод, ҳамзамон расму русуми насронӣ, каму беш ҳамсонӣ дорад. Мавзуъоти «Фалакӣ» қадимӣ буда, то вуруди ислом дар ҳолоти муайян эҷоду суруда мешуданд ва аз лиҳози мавзўӣ метавон чунин табақабандӣ намуд:

Сурудҳои кишоварзӣ «Майда», «Мандоғ», «Ашагулон».

Чупонӣ, даҳмардагарӣ

Ҷудоӣ ва бевафои аз ёр

Ғаму андўҳ

Ғарибӣ аз Ватан

Бадбахтӣ, фавти инсон

Фалаки бепарво (шикоятӣ)

Дар сурудаҳои «Готҳо» ин мавзуот ситоиш мешаванд. Дар таҳаввулоти эҷодию иҷроӣ, мавзўӣ, рангомезии «Фалак» чун жанри овозию созӣ рубои нақши муассир дорад. Мавзуоти «Фалак» гуногунранг буда, тавассути рубоӣ (чорбайт), дубайтӣ, ғазал суруда мешаванд, ки дар эҷодиёти бадеии халқҳои эроннажод рубоиро чун аз анвои шеърию мусиқӣ маҳсуб донистаанд (тарона, ашула, фалакиёт).

Муҳаққиқ Р. Амонов дар асараш («Лирикаи халқи тоҷик») дар иртибот ба ин мавзўъ навиштааст: «Образҳои «фалак» яқинан таърихи хеле қадим дорад. Дар ҷараёни монотеистии дини зардуштӣ пайдо шудани он маълумот медиҳад».

«Фалак дар асотир, таъриху фарҳанг ва иҷтимоиёту моддиёти эрониёни қадим решаҳои амиқе дорад. Мавзуи муроҷиат ба фалаки чарханда, осмон, Офаридгор дар сурудаҳои осмонии Зардушт – «Готҳо» низ  мушоҳида мешаванд. Ба осмон рўй овардан, аз нигоҳи мазҳабӣ ба оину кешҳои то зардуштии эрониён хос аст. Зеро дар тассавуроти эрониён осмон худо, падар ва замин – модари тамоми мавҷудоти олам будааст.

Ибтидо ва оғози сурудҳои осмонии эрониёнро аз сурудҳои «Ведӣ» оғоз шуда ва дар оташкадаҳои Балх суруда шудаанд.

Мафҳуми «Фалак» ибтидо аз замони Зардушт оғоз шуда ва дар маъхазҳои таърихӣ, ки тавсифи Офаридгори мавҷудот  Эрвака Окорона (вақти беинтиҳо) бо чархи фалак иртибот дорад. Аз ин нигоҳ Зардуштро, аз асосгузорони сурудҳои ситоишии осмонӣ (фалакӣ) шуморидаанд. Дар замони Зардушт мардум асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд. Ниёзи хешро мардум рў ба фалак муроҷиат менамуданд. Дар сурудаҳои ситоишӣ, тавсифӣ (табиат, осмон, коинот,) бо лаҳни хос иҷрою ниёиш мешуданд, ки ин анъаноти мусиқии минбаъдии ниёгони тоҷикон ва мардумони эронитабор нақши муассире гузоштааст.

Калимаи авестоӣ «tana», (тана), «банд» ришта ва зинаи мусиқиро мефаҳмонад, ки ба «зина» – ю «бандҳо» – и «фалак» алоқа дорад.

Ҳамаи бандҳои «Авесто» бо сурудҳо, яъне бо оҳанг сароида, дар анъанаи иҷроиши «фалак» ҳам тавассути банду зинаҳои танзимшуда иҷро мешаванд. Дар Готҳо зинаи аввалини иҷроиши суруд – «Аша», «Срооша» дар «Гародмана» (авестои garodemana) «хонаи сурудхонӣ» ҷои сурудсароӣ, яъне сохтори мусиқие, ки матн, лаҳн, андоза, зарб, ҷўри муайян ва мазмуни мафҳуми хоса дорад, дар маҷмуъ «оҳанг» (авестои han, форсии қадим hang) ҳанг,  қувва, мадор, ақл ва шуур-ро мефаҳмонад, таркиб ёфтааст.

Ин анвои мусиқиро барои он «фалакӣ» номгузори намудаанд, ки он ҳам як навъ суруду лаҳнҳоест, ки бардошта аз Хусравонӣ, сурудҳои қадимии бохтарию суғдӣ, хоразмист.

Мафҳум, мавзуъ ва образҳои «фалак» дар ибтидо озод, безарб иҷро мешуд. Яъне  фалаке, ки ҳоло даштӣ ё «фалаки озод» ном дорад, то ҷое решаи бостонӣ дорад. Дар иртибот ба ин мавзуъ шоири охири асри XIX ва ибтидои асри XX Оҷиз нигошта:

 Эй, фалак андеша кун, моро ҷигархун кардаӣ,

 Нола бемизроб аз ҳар тор берун мешавад.

«Бахши муҳимтарини «Авесто», ки дархури ин мавзўст, ин сурудаҳои ситоишии мавсимию маросимист. Ҳарчанд замони моро аз давраи офаридани «Авасто» фосилааш беш аз 2700 сол ҷудо мекунад, шубҳае нест, аксари сурудҳое, ки дар сабку мавзуи «Фалак» боқӣ мондаанд, аз қабили «наът» – қиссаҳо дар ситоиши пайғамбарон, муноҷот бо Худованд, «мадҳияҳо» (маросими дафн дар Бадахшон, «мадохонӣ»), ҷашни «Наврўз» ва ғайра идомаи анъанаҳои бостонӣ буда, бо таъғйирот маҳфуз монданд.

Махсусан «Занд», «Позанд», на танҳо ёдгории таърихию адабист, инчунин саршор аз мусиқист ва дар маросимҳои мардумӣ аз ифодаҳои бо танаввуоти хоси иҷроӣ сурат мегирифтанд. Мафҳуми «Позанд» сурудхонӣ буда, лаҳни хосе дошт.

Аз ин лиҳоз метавон натиҷа гирифт, ки маънӣ, ифодаҳои тавсифӣ, ситоишию ниёишии «Фалак» аз тавсифоти бадеию иҷроии «Готҳо», «Яшт», «Ясно» сарчашма мегирд.

Аз китоби “Фалак ва системаи лаҳнии он”, Душанбе соли 2006.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толор хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Руҳафзои  Ҳасанзод,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба  фарҳанг ва ҳунар.