Мафҳуми фалак дар замони Борбад

Асосгузори сулолаи пуриқтидори Сосониён Ардашери Бобакон (224-241) марди донишманд ва мубадпеша буда, ба китоби осори хаттии ниёконаш шавқи зиёд дошт. Ў дар фалсафа, адаб, фалакиёт, дину оинҳо дониши амиқ дошт.

Ардашер дар пешрафти илму ҳунар, махсусан ба аҳли мусиқӣ, имтиёзҳои зиёде фароҳам овард. Ў аз Юнону Ҳиндустон мусиқадононро даъват намуд.

Мусиқӣ бештар дар зимни сурудаҳои «Яшт», «Ясно», такмилу равнақ ёфта ва минбаъд ин ба ташаккули мавзўии на фақат «фалак», инчунин дигар шаклҳои шеърию мусиқии мардумони эронитабор таъсири пурборе гузоштааст.

Дар замони Хусрави Парвиз (590-628) санъати мусиқӣ, анвои гуногуни шеърию мусиқӣ вусъату ривоҷ ёфт.

Дар замони Сосониён (222-651) мусиқадонон Борбад, Саркаш, Саркаб, Ромтин, Озодвори Чангӣ, Гесўи Навогар, Бомшод ва дигарон санъати навозандагӣ ва сарояндагиро инкишоф доданд.

Борбад, ки аз устоди бузурги мусиқӣ буда ва таърихнавис Абу Усмон Ибни Ҷоҳиз (775-866, «Китоб-ут-тоҷ») менависад: «Дар замони Хусрави Парвиз ва шоҳи мутрибони Аҷам Фаҳлабад (Борбад) санъати овозхонӣ ва навозандагӣ ба пояи хеле баланд расид, ва мақоми ромишгарон дар  дараҷаи аввал буда ва ҳама савту суруде дар арса эҷод шуд, аз савту лаҳнҳои Фаҳлабадӣ (Борбадӣ) аст».

Таърихнависони Аҷам Абдулфариҷи Исфаҳонӣ (897-967), Ибни Муқаффаъ (721-757), Ибни Қутайба (838-889), Ал Ҳамадонӣ (969-1007), Ибни Қитфӣ (1172-1248) ва дигарон низ дар иртибот ба мусиқии замони Борбад маълумоти ҷолиб ба  қалам оварданд.

Аз манбаъҳои паҳлавӣ, «Хусрави Қубодон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Фарҳанги паҳлавӣ» ва осори хаттии асрҳои минбаъд пайдост, ки дар санъати мусиқии замони Борбад, гурўҳи зиёди созҳо мавриди истифода будаанд.

Аз ҷумла дар амали мусиқӣ истифода шудани таъбирҳои овозхониву навозандагӣ ба монанди вин (сози торӣ), танбур, танбурсрай (танбурӣ), дранак (таронак, тарона), думбалак (таблак) думбалаксрой (таблакнавоз), фрач, фрачечишниҳ (ба садои баланд хондан) сабки сурудҳои ниёишӣ (фалак), мазҳабӣ, гас (ҷой, маҳал, парда), гасан (суруд) гасангуфт, (сароянда), хуновак (ромишгар, хунёгар), хуниёк (навои хуш), хуниё, (наво, оҳанг), фроҳат (овози баланди фалакии таъсиромез, даштӣ ва ғайра) аз рангорангии мусиқии замони Борбад шаҳодат медиҳанд.

Дар адабиёти хаттӣ, санъати истеъдоди чангнавоз, сароянда, оҳангсози он давра Накисо (Нагисо) тавсир шуда, ў яке аз ҳамдастони Борбад дониста мешуд.

Дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик, танҳо ҳунари ў тавсиф шуда ва Низомӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» чунин овардааст:

Накисо ном марде буд чангӣ.

                              Надими хоси Хусрав пири чангӣ…

                              Чунон месохт алҳоне  мавозун,

                              Ки Зўҳра чарх мезад гирди гардун.

Саҳнаҳои ҳунарии Борбаду Накисо, дар достони Низомӣ «Хусрав ва Ширин» тасвир ёфтааст, аз рангомезии ҳунари эҷодию иҷроии ниёкони мо бори дигар гувоҳӣ медиҳад ва Низомӣ ин рангомезии созию овозиро чунин ба қалам овардааст:

Ба нола синаро сўрох карданд,

                               Ғуломонро ба шоҳ густоҳ карданд

                               Малик фармуд: то як сар ғуломон,

                               Бурун рафтанд чун кабки хиромон

                               Ситои Борбад достон ҳамезад.

                               Ба ҳушёрӣ раҳи мастон ҳамезад.

                                Накисо чангро хуш карда оғоз

                                Фиканда армуғонро захма бар соз

Накисои Чангӣ савтеро тасниф кардааст, бо номи «Ҷомадарон», ки аз шуниданаш аҳли маҷлис ҷомаю гиребони худ пора-пора карда, бехуд мешудаанд:

Мутриб, ба навои раҳи мо бехабарон зан,

            Мо ҷома даронем раҳ «Ҷомадарон» зан.

Низомӣ

Ин оҳанг шабеҳи сурудҳои мазҳабии дарвешон буда ва лаҳнҳои дарвешӣ ин муассироти лаҳнию иҷроиро дорост.

Бинобар ба тавсири манбаъи хаттӣ дар мусиқии аҳди Борбад ҳали сурудҳои ниёишию ҳамосоии силсилавӣ (сиклӣ) шикоятию эътирозӣ (фалакӣ) дар анъанаи эҷодию иҷроӣ мавқеи хоса дошта, бонувон Озодвори Чангӣ, Гесуи Навогарӣ дар вусъати анвои мусиқии ситоишӣ бузург буда ва Фирдавсӣ ба саҳнаҳои мусиқии маросими нигошта:

Ҳам – ў майгусорасту ҳам чангзан,

                             Ҳам ў ҷомагӯясту андўҳшикан.

                            Зани чангзан чанг дар бар гирифт,

                            Нахустин хурӯши муғон даргирифт.

Дар анъанаи эҷодию иҷроии мусиқии замони Борбад суннати замзама ва замзамахонӣ хеле ривоҷ буда, ин ифодаҳои савтию тараннумӣ дар анъанаи фалаксароӣ ҳам аз муассиртарин таркибҳои тараннумии «Фалак» аст. Замзамахонӣ аз анвои мусиқӣ буда, Абдурайҳони Берунӣ ин анъанаро дар китоби хеш «Осор- ул – боқия» чунин нигоштааст: «Куруш нахустин касе буд, ки ба замзама амр кард ва он иборат аст аз ишорае, ки лаб баста адо шавад, на ба гуфтори мафҳум чун эшон (Зардуштро) ситоиш намоянд. Дар ин миён ғизо тановул кунанд, то гузире эшонро нагардад, ки дар миёни ситоиш сухан гўянд. Пас замзама кунанд ва ишора намоянд ва сухан надонанд: ин ривоятро аз Озархурои муҳандис шунидаам».

Ин анъана то имруз боқӣ мондааст, махсусан як тарзи фалаксароие ҳаст, ки онро фалаки бунгак «ё, фалаки димоғи» гўянд. Ин тарзи хониши «фалак» – ро Давлатманд Холов дар навиштааш овардааст: «Намуди дигари фалак дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад, ки ин намудро «Фалаки бунгак» (Фалаки димоғӣ») меноманд. Онро ҳам мард мехонаду ҳам зан. Фалаки бунгак» бениҳоят аламнок, бо сўзу гўдоз иҷро карда мешавад. «Фалаки бунгак» – яке аз нахустин ифодаи ин жанр аст, яъне шакли қадимтарини фалак аст (сабки замзама Қ. Қ.) ва дар пайдоиш ва ташаккули шаклҳои дигари фалак нақши муассире дорад».

Намуди дигари мафҳуми фалак дар замони Борбад – «божхонӣ», «божхомушӣ» (дар асл воч дар забони паҳлави воч, вочак аст), ки реша ба овозхонӣ ба амали мусиқӣ эътибор доштааст. Ин анвои мусиқӣ мисли «замзама» ниҳоят муасиру дилангез буда тамоми имконоти овозӣ, эҳсосу шуури ботинии инсон тавассути нолаҳои мусиқӣ падид омадааст.

Мавзуи асосии он ситоиши хирад, танқиди кирдори баду рафтори бад будааст, ки Фирдавсии бузург дар ин хусус навишта:

Парастандаи озари Зардҳушт,

                         Ҳамерафт ба божу ба расмӣ бамушт.

 

Божхонӣ то ба мо дар шаклу номҳои дигар омада (фалаки даштӣ), ки бе соз иҷро мешавад, «Позанд»-ро ба соз замзама кардан (қаробат ҳоло ба «фалаки роғӣ») дорад.

Жанру шакли навъҳои маъмули созию овозии замони Борбад мисли транак (тарона), чакомак (чакома,суруд), фаҳлавиёт (рубоиёти фалакӣ ё фалакиёт Қ. Қ.) рустактроник (таронаҳои халқӣ).

«Тарона» (транак) – яке аз шаклҳои хеле маъмули овозию созӣ мусиқии буда, ба намудҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ ҷудо мешуданд. Ин сурудҳо ба рубоиёту дубайтаҳои халқӣ қаробат дошта, ба фалаксароӣ наздик аст.

Шакли дигари жанри мусиқӣ – ҷома, чакомак (чакома) мебошад, ки таркиби андозаи чакомак дувоздаҳзарбист. Ва ин намудро аз мусиқии деҳотӣ мешумориданд….

Аз китоби “Фалак ва системаи лаҳнии он”, Душанбе соли 2006.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толор хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Руҳафзои  Ҳасанзод,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба  фарҳанг ва ҳунар.