Маҳфили “Ҳамешабаҳор” ва ғазалиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ
Рӯзе қабл дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» маҳфили адабӣ таҳти унвони “Ҳамешабаҳор” доир гардид. Чун ҳамеша вуруд ба маҳфил озод буд ва дар он асосан хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯён ширкат карданд. Мавзӯъи меҳварӣ ғазалиёти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ буд ва ҳам шеърхониву, байтбараку суолу ҷавобҳо дар доираи ғалалҳои ин орифи раббонӣ сурат гирифтанд.
Маҳфил чун ҳамеша аз ҳафт равза: Афрўза, (Ганҷи китоб), Афроза (шоҳбайтхонӣ), Афшина (Зарбулмасалу мақол), Афшона (танзу ширингуфторӣ), Андеша (Чистону муаммо), Ангеза (Байтбарак), Ангора (тафсири як шоҳбайт) иборат буда, барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ аз қабили китоб ва маҷаллаи «Пайрав» супорида шуд.
“Шамешабаҳор” маҳфили адабии шоири маъоуф Хайрандеш буда, муштарак бо Китобхонаи миллӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, идораи ҳафтаномаи “Пайрав” доир мегардад. Замону макони маҳфил ҳамеша тағйир меёбад ва аксар вақт ба санаҳои зодрӯзи адибон ва рӯзҳои хоси адабӣ баргузор мешавад.
Маҳфили гузашта ба рӯзи гиромидошти Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шуда буд.
Хосиятбибӣ КАРИМОВА,
мутахассиси шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ