Маҳфили “Асои сафед” бахшида ба Рӯзи байналмилалии нобиноён
12-уми октябр бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нобиноён дар Китобхонаи миллӣ чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, маркази минтақавии хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсонӣ имконияташон маҳдуд ҳамчунин кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.
Бо сухани ифтитоҳи муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода чорабиниро оғоз намуда, барои ҳар яки онҳо рӯзгори хуш ва саломатии бардавом таманно намуд.
Вай дар суханронии худ таъкид кард, нобиноён низ ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа буда, давлату ҳукумат онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад. Ин нишони он аст, ки тавону дарк ва идроки ин гурӯҳ аз инсонҳои дигар фарқиятие надорад ва ҳар кас метавонад ба нияту мақсад ва орзуҳои худ расад.
Оқилҷон Зиёдалӣ намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни шаҳри Душанбе низ дар маҳфил суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, ки барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд шароитҳо муҳайё мекунанд ва пайваста онҳоро низ дар маркази диққат қарор додаанд, изҳори сипос намуд.
Бояд қайд кард, ки дар бахши фарҳангии чорабинӣ бо ҳузури ҳунармандони маҳбуби кишвар Зайнура Пӯлодова, Шоҳин Абдуллоев, Соҳиб Назриев ва хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасони ба шахсонӣ имконияташон маҳдуд хотири ҷамъомадагонро бо сурудҳои дилниш шод гардониданд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ҷамъбасти ба ҶДММ Техникаи “Артел” ҷиҳати ҳамкориҳо дар баргузории чорабинии имрӯза “Сипоснома” тақдим намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Рӯзи байналмилалии нобиноён барои тамоми аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд тӯҳфаҳо аз ҷониби сарпарастон тақдим гардид.
Наргис НАЗАРЗОДА