Маҳфили фарҳангии “Ганҷи сухан” бо иштироки шоираи нозукбаён Рӯъё Усмонӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Ганҷи сухан” бо иштироки шоири ҷавону соҳибистеъдод Рӯъё Усмонӣ барпо гашт.
Дар маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоираи ҷавону ширинкалом Рӯъё Усмонӣ, ҷанговари интернатсионалист, санъатшинос Сайфиддини Тудаӣ, хонандагони доимӣ ва кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иштирок намуданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода бо сухани ифтитоҳӣ маҳфилро оғоз намуда, меҳмонони ҷамъомадро ба Китобхонаи миллӣ, ба даргоҳи илму боргоҳи маърифат хайрамақдам гуфт. Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ба хотири болидагии хотири хонандагони шуъба, ба хотири наздик будан ба аҳли илму фарҳанг ва аҳли сухан ҳар гоҳе маҳфили “Ганҷи сухан” барпо менамояд. Ин силсиламаҳфили маънавӣ, ки бо иштироки шоирону нависандагон таҳия мешавад, “Ганҷи сухан” унвон гирифтааст ва ба аҳли нишаст, ба хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд хеле писанд аст, – афзуд Муҳаммадиқбол Атозода.
Сипас муовини директори Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба иштирокдорони маҳфил муаррифӣ намуд.
Бо арзу сипосу эҳтиром Рӯъё Усмонӣ ба ҳозирин як ғазали тозаэҷоди худро бо унвони “Як замоне хона лабрез аз садои ишқ буд” тақдим намуд.
Як замоне хона лабрез аз садои ишқ буд,
Рӯзгори содаи мо ҳамнавои ишқ буд.
Тоза-тоза ғунчаҳои орзу мекард гул,
Дар диле, ки пуртароват аз дуои ишқ буд.
Аз замини синаи мо бо ҳавас қад мекашид
Сабзаи шавқе, ки шодоб аз сафои ишқ буд.
Сипас чанд байту рубоии дигари дилангез аз ашъори хеш нисори шунавандагонаш сохт.
Ҳар кӣ пурсад сабаби омаданамро, гӯям:
Баҳри тақдими гули меҳр падид омадаам.
***
Сафҳа – сафҳа дард хондам аз китоби зиндагӣ,
Лек механдам ба сони офтоби зиндагӣ.
Сабз кардам дар дилам садҳо дарахти орзу,
Бо вуҷуди ҳамлаҳои беҳисоби зиндагӣ.
***
Заррае ҳарфи шикоят зи ҷаҳон нест ба лаб,
Шукру ихлос ба дил дур зи оҳ омадаем.
Адиби ширинбаён Рӯъё Усмонӣ падари зиндаёдашро устоди аввалини худ медонад. Ӯ аз ҳидояту насиҳатҳои падар ва китобхониву китобдӯстдорӣ сухан карда, қайд намуд, ки бо ҳидояту дастгириҳои падараш иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” гаштаву соли 2023 барандаи Озмун шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2024 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри “Чакомаи ҳанӯз” бо иштироки раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва дигар намояндагони аҳли адаб баргузор шуд. Маҷмӯаи “Чакомаи ҳанӯз” ашъори 18 бонуи шоирро фаро мегирад, ки дар он шеърҳои Рӯъё Усмонӣ, Шаҳёд Шарифзода, Санавбар Ибодова, Шукрона Тоҳирӣ ва дигарон гирдоварӣ шудаанд. Шоираи ҷавону нозукбаён ҳар банди сухани худро бо мисраҳои шеърӣ зеб мебахшид.
Тавба кардам бо ҳидоятҳои ақл аз кори дил,
То набошам лаҳзае дур аз савоби зиндагӣ.
Офарин гуфтам ба худ дар рӯ ба рӯйи ойина,
Хам нагаштам ҳаргиз аз бори азоби зиндагӣ.
Сипас сухан ба Сайфиддин Тудаӣ дода шуд, ки мавсуф низ сухан аз шеъри ноби тоҷикӣ гуфта, аз хотироти худ қиссаҳо кард. Зимни ин аз эҷодиёти хеш шеър гуфт.
Дар идомаи маҳфили шеъру ғазал меҳмони маҳфил Рӯъё Усмонӣ ба суолҳои хонандагони шуъба ҷавоб гуфт. Аввал суоли шунавандагон чун ҳамешагӣ “Аввалин шеъри худро кай гуфтаед?” буд, ки посухаш ин буд: Рӯъё ҳангоми дар синфи шашум хонданаш аввалин шеъри худро гуфтааст.
Суолҳо зиёд буданд. Ҳама мехостанд аз мавзӯъи шеъри шоира, аз тарҷумаи ҳоли Рӯъё, аз устоду роҳнамои эҷодиёташ дониста бошанд. Рӯъё Усмонӣ низ ба ҳамаи суолҳо посух гуфт. Рӯъё тахаллуси шоирии адиб буда, Суман ном дорад. Дар оилаи зиёӣ ба воя расидаву фарзанди хурдӣ аст. Нахустин устод падарашро донад ҳам, Нусратулло Бобоев ва шоири маҳбуб Камол Насруллоро устодони имрӯзаи худ мешуморад.
Ба ҳар қисмати маҳфил чакомаи Рӯъё Усмонӣ ҳусни тоза зам мекард. Дар ашъори шоира шеърҳо дар васфи падар ҷойгоҳи хос доранд.
Вақте ки падар хона буд,
Боғча пур аз гулҳои рангоранг,
Замин аз алафи бегона пок,
Дарахтон сабзу гесувони токҳо қайчизада,
Сутуни хона мустаҳкам
Анбор пур аз ҳезуми шикаста,
Амният дар фазои хона ҳамеша ҷорӣ
Ва чеҳраи модар аз нури хушбахтӣ дурахшон буд.
Пас аз суолу ҷавоб аъзоёни фаъоли шуъба Муҳаммадҷон Холов ва Заринаи Абдураҳим хотири иштирокдоронро бо сурудаҳои хеш шод гардониданд.
Лозим ба ёдоварист, ки меҳмони маҳфил Рӯъё Усмонӣ ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд китоби хеш “Рӯъёҳои Рӯъё”-ро тақдим намуд. Ҳамчунин шуъбаи мазкур дар навбати худ ба Шоираи нозукбаён тӯҳфаи рамзӣ ҳадя намуд.
Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.