Маҳфили фарҳангии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулноз Тоҳириён ва Ороста Ниёз

Гулноз ТоҳириёнДар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд бо иштироки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Гулноз Тоҳириён маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони “Ганҷи сухан”  барпо гашт.

Дар маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода – муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Гулноз Тоҳириён, шоир ва нависандаи бурунмарзӣ – Ороста Ниёз, хонандагони доимӣ ва кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд иштирок намуданд.

Муҳаммадиқбол АтозодаМаҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, меҳмонони ҷамъомадро ба даргоҳи илму маърифат ва китобистони миллат хайрамақдам гуфта афзуд, ки шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ба хотири болидагии хотири хонандагони шуъба, ба хотири наздик будан ба аҳли илму фарҳанг ва аҳли сухан ҳар гоҳе маҳфили “Ганҷи сухан” барпо менамояд. “Маҳфили имрӯза низ давоми силсилаи маҳфилҳои маънавист, ки бо иштироки шоираҳои маҳбубу арзишманд баргузор мегардад.” Сипас меҳмононро ба иштирокдорони маҳфил муаррифӣ намуд.

Гулноз Тоҳириён сухани худро бо чанд мисраъ шеъри ноб оғоз намуда, бо арзи салому эҳтиром маҳфилро “маҳфили садоқату иродат, инсонгароиву ваҳдатдӯстӣ” арзёбӣ намуд. Адиби ширинбаён ёде аз дӯсти бачагиаш Иззатмоҳ карда, иброз дошт, ки ҷавҳари дӯстӣ дар эҳсос аст. Дар эҳсоси садоқату рафоқат аст. Дар идомаи суханронии хеш шоира Гулноз аз рисолати дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи муосир ибрози назар кард ва чанд шеъре аз эҷодиёташ қироат намуд.

…Зиндагиро шеър агар обод кард,

Кимиёе буду ғамро шод кард.

Баъди ҳар эҷоди шеърам аз вафо,

Хостам бошам дар оғӯши Худо.

Хоб дидам модарам пушти дар аст,

Ҷои дасту пои ў болу пар аст.

Бол меафшонд, мешуд дуртар,

Во нашуд дар хобҳои тира дар.

Пушти дар раҳ буду нуру осмон,

Осмоне, ки рабояд одамон.

Хобро дар хоб донистам чӣ буд,

Қиссаи деринаи буду набуд.

(Пора аз достони “Достони мо”)

РУҶӮИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Биё, зи бодаи сидқу вафо гулоб кашем,

Ба рӯи коғази дашт акси нуру об кашем.

Чи роҳатест, агар мову ту барои Ватан

Ба ҳаҷми отифаи қалби худ азоб кашем.

Сипас адиби бурунмарзии тоҷик Ороста Ниёз риштаи суханро бо мисраҳои шеърии пур зи ҳасрати дурӣ аз Ватан оғоз кард:

Гиря мехоҳам, лаби руди Зарафшонам баред,

То кашам фарёд, домони куҳистонам баред.

Ороста НиёзЗимни суханронии худ Ороста Ниёз аз фаъолияти эҷодии худ ба иштирокдорони маҳфил маълумот дод.

Дар ҷараёни ин маҳфили шеъру ғазал меҳмонони маҳфил ба суолҳои хонандагони шуъба ҷавоб гуфтанд. Аввал суоле, ки адибони хушбаёну ширинкаломро интизор буд: “Аввалин шеъри худро кай гуфтед(эҷод намудед)?” Аз ин маълум гашт, ки Гулноз Тоҳириён аввалин шеъри худро дар синни 14-солагӣ дар соҳили баҳри Сиёҳ, ҳангоми дар лагери “Артек” буданаш гуфтааст. Ороста Ниёз низ аввлин мисраҳои худро дар синни наврасӣ, дар 13-солагиаш гуфтааст, ки он ҳам мисраҳои ошиқона буданд.

Пас аз суолу ҷавоб аъзоёни фаъоли шуъба Муҳаммадҷон Холов ва Акбарҷон Каримов хотири иштирокдоронро бо сурудаҳои хеш шод гардониданд. Зимнан, Акбарҷон Каримов агарчи нобино аст, аммо ба тариқи худомӯзӣ (аксаран) 15 навъи асбоби мусиқиро навохта метавонад.

Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи меҳмонони маҳфил ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд чанд китоб тақдим гашт. Ҳамчунин шуъбаи мазкур дар навбати худ ба меҳмонон тӯҳфаҳои рамзӣ ҳадя намуд.

Гулноз ТоҳириёнДар фаровард шоира Гулноз Тоҳириён ба иштирокдорони маҳфили фарҳангии “Ганҷи сухан” таманно намуд :

Осмонатон пур аз фаришта, дилҳотон бо нур сиришта ва тақдиратон бо зарҳали  Худо навишта бод.

Шумори Каъба ба теъдоди одам аст ин ҷо,

Ба хонаҳои дил оинаи савоб кашем.

Агар мудовамати шоми тор бенафасист,

Ба рӯи боми ту пайваста моҳтоб кашем.

Дар ҷамъбаст кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд меҳмонону иштирокдорони маҳфилро бо ширинӣ зиёфат намуданд.

Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.