Маҳфили «Ганҷи сухан» бо ширкати Азизи Азиз

Ганҷи суханИмрӯз дар маҳфили “Ганҷи сухан”, ки бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, нависандаи маъруфи кӯдакону наврасон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз меҳмон буд.

Маҳфил бо суханони ровиёни барнома ва аъзоёни шуъбаи зикршуда Умед Холов ва Зуҳро Абдуллоева оғоз шуд.

Азизи Азиз бештар дар бораи фаъолияти эҷодиву рӯзгору зиндагии худ бо хонандагонаш суҳбат намуд. Ҳамзамон ба суолҳои зиёди ширкаткунандагон посух дод.

– Солим будан чизи ҷисмонӣ нест, гуфт ин адиб. Барои ман пеш аз ҳама ботинан солим будан муҳим аст. Ман дар деҳаамон духтареро ба занӣ гирифтам, ки касе ба занӣ гирифтанӣ набуд. Ӯ нуқсони ҷисмонӣ дошт, ман ӯро табобат кардам ва хушбахтем. Инак, 41 сол аст, ки зиндагии хубу шоиста дорем ва бидуни ҷангу хархашаву мушкилсозӣ дар оила. Ин гуна муҳити солим на танҳо барои эҷодкор, балки барои ҳамаи инсонҳо хеле муҳим аст, – гуфт нависанда.

Ганҷи суханАзизи Азиз камбуди ҷисмониро монеа барои комёб шудан намедонад, дар ин росто ӯ олими машҳур Стивен Ҳокингро мисол овард. Ҳокинг мудири таҳқиқоти Маркази кайҳоншиносии назарӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ буд, ки корҳои илмиаш собиқаи беш аз чиҳил сол дорад. Китобҳо ва ҳамоишҳояш, ӯро ба як чеҳраи маҳбуб табдил кардааст. Ӯ узви Ҷомеаи салтанати ҳунар ва узви собити Ҷомеаи усқуфони донишманд буд.

Соли 1963 ба бемории «склерози ҷонибии амиотрофӣ» ё хоби андом мубтало шуд ва тавоноии ҳаракат додани андомҳои худ ва ҳатто сухан гуфтанро аз даст дод. Аммо ин монеъ нашуд, ки олим бистарӣ шавад ва аз роҳи интихобкардааш пас гардад. Шигифтиҳои зиндагии ин мард шоистаи он аст, ки инсонҳо дар интихоби роҳ матин бошанд.

Ганҷи суханИн олим, ки танҳо мушаки гарданаш кор мекард, дар ҷаҳон валвала барпо кард ва танҳо яке аз китобҳояш Таърихчаи мухтасари замон”, ки дар заминаи кайҳоншиносии назарӣ навишта шуда буд, пурфурӯштарин китоби замонаш шуд. Ҳокинг то охири умр худашро ба илм бахшид.

Ганҷи суханБарномаро бо сурудҳои дилнишину форам аъзои шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхона овозхони ҷавону боистеъдод Фарҳод Қодиров ва дигар фаъолони шуъба ҳусну шукуҳи дигар бахшиданд.

Шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ дар баробари ҷашн гирифтани рӯзҳои ид ва дигар идҳои шахсони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ маҳфилҳои “Хандарез”, “Ганҷи сухан” баргузор менамояд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.