Маҳфили “Хандарез” бо ширкати Холмуроди Сиддиқ
Холмуроди Сиддиқ ҳунарпешаи театр, имрӯз дар меҳмонии шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ аз зиндагиву орзуҳо то театру таъсиси “Лаҳзаҳои гуворо” ва шавқу ҳаваси зиёди худ ба саҳна сухан кард.
Дар маҳфили “Хандарез” дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳаҷвнигори шинохта Холмуроди Сиддиқ, ҳунарманди Сирки давлати Туймурод Саидӣ ва аъзоёни фаъоли шуъба иштирок намуданд.
Дар ҷараёни маҳфил ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Холмуроди Сиддиқ бо латифа ва иҷроиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ хотири иштирокдоронро шод намуда, ҳамчунин ба суолҳои эшон дар робита ба ин ҳунари нотакрори театрӣ суҳбат намуд.
Холмуроди Сиддиқ сабаби кам гардидани саҳнаҳои гурӯҳи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гувороро” дар дастгири наёфтани онҳо аз ҷиҳати моддию молиявӣ гуфта, дар идома аз дӯстдории ҳунараш ва дӯстдории мардум нисбат ба ин гурӯҳи овозадор изҳори хушнудӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки Холмуроди Сиддиқ бо лаёқат ва ҳунараш дар дунёи мазҳака беҳамтост. Садҳо намоиш ба монанди “Мавзуи озод”,”Арӯс ва домод”, “Таронаи муҳаббат”, “Умед”, “Сухани вопасин”, “Фиғон”, “Саргузашти Ҳотами Той”, “Донаки сеҳрнок” ва ғайра бо ҷилои ҳунараш рӯи кор омадаанд.
Ҳамчунин дар қисмати дигари маҳфил Туймурод Саидӣ бо иҷрои якчанд саҳнаҳои чашмбандӣ таъби хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдудро болида намуда, аз чунин як вохӯрӣ изҳори қаноатманди кард. Туймурод Саиди ҳамчунин гуфт минбаъд низ кӯшиш мекунад дар маҳфилу чорабиниҳои шуъбаи мазкур иштирок намояд.
Дар маҳфил инчунин аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконоташон маҳдуд Зарина Абдуҳалимова сурудхонӣ карда, ба ҳусни маҳфил таровати дигар зам намуд.
Бояд зикр кард, ки маҳфили “Хандарез” дар шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконоташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ моҳе як маротиба баргузор гардида, ҳадаф лаҳзае хушӣ ва хурсандӣ эҳдо намудан ба онҳоест, ки имкониятҳои маҳдуд доранд.