Маҳфили “Китоби нав”. Сухан аз китоби “Набераи шаҳрӣ”-и Кароматуллоҳи Мирзо
Барномаи ҳамешагии «Китоби нав» китобҳои тозанашрро, ки ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ворид мегарданд, ба хонандагон муаррифӣ мекунад. Ин маҳфил дар ҳамкорӣ бо Итифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” доир гардида, ҳадафи он ҷалби кӯдакон ва наврасон ба китобхонӣ ва ошноии онҳо бо китобҳои тозанашр мебошад.
Ровии барнома Холид Шарифов – хонандаи фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, чун ҳарвақта китоберо барои кӯдакону наврасон бо номи “Набераи шаҳрӣ” аз нависанда Кароматуллоҳи Мирзо муаррифӣ намуда, дар борааш маълумот дод.
ПОРАЕ АЗ ИН КИТОБИ ХУБ:
Аҳли оилаи бобои Ҳайдархон аз рӯйи одат имрӯз ҳам пагоҳии барвақт аз хоб хеста буданд. Баъди наҳорӣ ҳар кадом аз пайи кор шуданд. Худи пирамард каландро гирифта, ба ҳота, ки аз ҳавлӣ ба тарафи офтоббаро дарича дошт, гузашта рафт. Лаби ҷӯй, такя ба дастаи каланд, хеле истоду баъд обро ба тарафи ҷӯякҳои помидор гардонд. Духтари калони оила – Гулчеҳра рӯймоли ҳарири нимдошти гулобиранг дар сар пеши дарвоза, таги пешдолону дарахтҳоро мерӯфт.
Бачаҳои дигар – Ҳамроҳи хурдсол ва набераҳои бобои Ҳайдархон – Исмоилчону Зариф дар болои боми амборхона, ки аз як тараф шохаву навдаҳои дарахтони себ рӯйи он хамида буданд, ҳанӯз масти хоб.
Зани Ҳайдархон — кампири Роҳила говҳоро дӯшида, як хурмаи пури шир дар даст аз ҷониби молхона меомад. Кампир хурмаи ширро ба ошхона дароварда монду сӯйи ҷойи хоби бачаҳо шитофт. Аз таги бом чанд бор «Ҳамроҳ, ҳой Ҳамроҳ, хезетон пода рафт, говҳоро ҳай кунетон!» – гӯён онҳоро бедор кардан хост. Вале бачаҳо аз хоб бедор нашуданд. Баъд пиразан калӯшҳояшро бароварда, бо нардбон болои бом баромадан гирифт.
– Ҳамроҳ, ҳой Ҳамроҳ, – Роҳилахола болои писарчааш хам шуд. Ҳамроҳ аз хоб чашм кушод. Наберааш Зариф ҳам бедор шуд. Лекин Исмоилчон набуд. Ҷойхоби ў, ки паҳлуи Зариф густурда шуда буд, холӣ.
– Исмоилчон канӣ? – пурсид пиразан.
Намедонем, — бачаҳо бо пушти даст чашмони хоболудашонро мемолиданд.,
Роҳилахола бо умеди он ки Исмоилыон дар поён будагист, бо Ҳамроҳу Зариф аз болои бом фуромад.
– Исмоилчон, Исмоилчон, канӣ ту!? – Роҳи-лахола чанд бор овоз баровард. Аммо аз ҳеҷ ҷо ў ҷавоб намегардонд. Бачаҳо гирду атроф, бе-руни дарвозаро диданд, ӯ набуд. Аз ғалоғулаи бачаҳо, фарёди занаш бобои Ҳайдархон ҳам ташвиш шуд, каландаш дар сари китф аз ҳота ба ҳавлӣ даромада омад. Исмоилчон нест, – гуфтанд ба ӯ.
– Куҷо меравад, дар берунҳои дарвоза будагист, – гуфт оромона пирамард, вале хаёл карда монд: боз аз гапҳои ӯ ранҷида, ягон кор накарда бошад?…
– Қаҳр карда рафтагист, – гуфт Гулчеҳра ҷорӯби дасташро ба оби ҷӯй тар карда.
– Гапе мезанӣ, ки… куҷо меравад? ғазабомез гуфт бобои Ҳайдархон.
– Айби худатон шуд, мардак. Ба сари як резги кӯдак ин қадар ҷангу ҷанҷол бардоштед. Бечора талхакаф шуд. Худо накунад, ки ба набераам ягон гап шуда монад. Ба сӯхтан дигар пок намешавед, – гӯё ба Исмоилчон воқеаи нохуше рӯй дода бошад, пиразан ба гиря даромад.
– Ту, кампир, ақлатро хӯрдай, дам ист. Кори вай кардагӣ кори майда-чуйда не. Мефаҳмӣ, майда не! «Набераи Ҳайдархон аз магазин дуздӣ кардааст» — гӯянд, хуб аст? Агар ягон бачаи худам ҳамин хел мекард, медонистам бо вай чӣ кунам. Гўшти баданашро қима мекардам. Марги падару модараш. Фарзанд тарбия кардаанд. Боз номашон шаҳрӣ, одамони маданию илмнок, оташи ғазаби пирмард баландтар мешуд.
Хонаашон рафта наметавонад. Як ваҷаб кӯдак куҷо меравад? бо худ ғур-ғур кард пирмард.
Воқеа қарибиҳои офтобшин рӯй дода буд…
Бачаҳои азиз агар шумо давоми қиссаро донистан хоҳед метавонед ин китобро аз шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дастрас карда мутолеа намоед.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзондааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Сипас муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990—2004) будааст. Аз соли 2007 якчанд сол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бар зимма дошт. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш — қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) паси ҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд. Асарҳои нависанда бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омада, хислатҳои неку бади ҳамзамонони моро воқеънигарона ба риштаи тасвир кашидаанд ва муаллифашонро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии Устод Садриддин Айнӣ ва давомдиҳандаи кори Сотим Улуғзодаю Ҷалол Икромию Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шуҳратёр намудаанд. Радиои ҷумҳурӣ дар асоси қиссаи «Дарди ишқ» ва қисмати аввали романи «Дар орзуи падар» радиотеатр офаридааст, ки писанди ҳамагонанд.
Бар пояи романи “Дар орзуи падар” филми бисёрсерягии телевизионӣ низ таҳия шудааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Л. Н. Толстой, ордени “Шараф” буд. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.
Моҳи октябри соли 2025 дар синни 83-солагӣ аз олам гузашт.
Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа