Маҳфили “Панҷаи ҳунар” бахшида ба соли нави мелодӣ
Маҳфили “Панҷаи ҳунар” дар арафаи соли нави мелодӣ миёни хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ин навбат иштирокдорон бо истифода аз қайчӣ, барги сабз, ширеш ва коғазҳои ранга тарзи буридани арчаро омӯхта, бо ёрии қалам, фломастер, ранг ва мӯқалам арчаи омоданамудаашонро оро доданд. Ҳамчунин хонандагон бо қироъати шеърҳо дар васфи бобои барфӣ, зимистон ва Соли нав тезгӯяк ва чистонҳои азбаркардаи худро хонданд.
Бояд гуфт, маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба баргузор мегардад. Ҳадафи он дар замири кӯдакону наврасон бедор намудани завқи зебоипарастӣ буда, бо ин роҳ ба онҳо ҳар гуна ҳунарҳо, аз ҷумла наққошӣ, сохтани ин ё он ашё, аз коғазҳо бино кардани хоначаҳо, офаридани манзараҳои табиат ва ғайраҳоро меомӯзонад.
Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуот ва
робита ба ҷомеа.