Маҳфили сайёри “Дар суҳбати адиб” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд
Бо ташаббус ва мусоидати Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода рўзи 19-уми апрели соли 2024 дар гимназияи № 2- и ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии нависандаи бачаҳо Азизи Азиз бо довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки на ҳар як довталаби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба макони ганҷ, Китобхонаи бузурги мамалакат имкони қадам ранҷа кардан дорад. Аз ҳамин сабаб Китобхонаи миллӣ зарур донист, ки яке аз нависандагони маъруфи бачаҳо Азизи Азизро, ки бо ҳикояву қиссаҳои ҷолибаш миёни кӯдакону наврасон маъруфият пайдо кардааст, бо гурӯҳи сайёри телевизиони “Баҳористон” ба шаҳру деҳоти кишвар фиристад.
Ҳадаф бо довталабони озмуни ёдшуда рӯбарӯ суҳбат кардан, ба онҳо амалан нишон додани шеваҳои омодагӣ ба озмун, мутолиаи китобҳо ва бардошт аз матолиби хондашуда мебошад.
Қарори маълум шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ як тарҳи омӯзишиеро ҳамроҳ бо Иттифоқи нависандагон ва телевизиони “Баҳористон” ба роҳ мондааст, ки ҳадаф омода кардани шавқмандон ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.
Рўйхати муҳимтарин асарҳои адабиёти бачагона, адабиёти муосир, адабиёти классик ва адабиёти ҷаҳонро ба онҳо пешниҳод кунанд. Инчунин ба довталабони озмун баъзе маслиҳатҳо диҳанд, зеро пӯшида нест, ки бисёр довталабон ба даври чорум, ки дар Китобхонаи миллӣ- и мамлакат баргузор мегардад одатан бе омодагии ҷиддӣ меоянд.
Маҳфили навбатӣ низ басо шавқовар гузашт ва барои ширкаткунандагон муфид буд.