Маҳфили шеъру суруд бо Садриддин Ҳасанзод

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон китоби тозанашри шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Садриддин Ҳасанзод таҳти унвони “Салом, эй ишқ” рӯнамои гардид. Дар ин нишасти маърифатию фарҳангӣ адибону шоирони маҳбуб, алоқамандони шеъру суруд пайвандони шоир ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.

Маҳфилро Муҳаммадиқбол Атоев, муовини директори Китобхонаи миллӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба базми ин шеъру шоирӣ хайрамақдам гуфт. “Садриддин Ҳасанзод аз шумори шоиронест, ки сабки хос, муҳаббати дигар ва малакаи шеършиносии махсуси худро дорад. Ҳасанзодро ҳамаи мову шумо мешиносем, новобаста аз он ки тақдир ба ӯ пойи равон надодааст, аммо дили пур меҳр муҳаббат ва самимияти ӯ зиндагии ӯро сомон додаву маҳбуби халқ гардондааст”- гуфт муовини директори Китобхона.

“Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Фарёдҳои танҳоӣ” (2013), “Шукуфаҳои бедорӣ” (2015), “Мавҷи дил” (2017), “Як пайраҳа ишқ” (2018), “Салом, эй ишқ” (2022) “Дар масири бе ту будан” (2024) ва “Чакомаҳои Чашмасор” (2025) ба табъ расидааст ва ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2023 аст. Боиси сарфарозии мост, ки шеъри Садридинро имрӯз хонанда хеле хуб қабул кардаву ӯро эътироф мекунад”-гуфт Парда Ҳабиб, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

“Мавзуъҳои панду ахлоқӣ дар шеъри шоири маҳбубамон хеле зиёд ба назар мерасад. Ӯ мисраҳои волоеро ба қалам кашидааст,ки бешубҳа ба онандааш бетаъсир намемонад: Мисраи “Дил сард шавад, агар бедард шавад…” муҳтавояш як олам панд аст барои хонандаи борикбин”- гуфт зимни баромадаш муовини директори Хонаи китоби тоҷикистон  Муҳаммаднаби Баёнӣ.

Ҳамчунин, дар идомаи суханронии худ муовини директори Хонаи китоби Тоҷикистон қайд кард,ки ӯ аз шоирони масъулиятшиносест, ки пайваста нусхаҳои ҳатмии маҷмӯаҳои шеъриаш сари вақт ба мо мерасад ва шоистаи таҳсин аст, ки мисли ӯ шоирон дар майдони адабу фарҳанги мо қаламфарсоӣ мекунанд.

Дар қисмати дигари маҳфил шоир ва рӯзноманигор Бузурмеҳри Баҳодур аз қалами Садриддин Ҳасанзод ва тасвирҳои шеърии ӯ ситоиш кард.

Садриддин Ҳасанзод новобаста аз он ки чизе бигӯяд ва коре бикунад, ӯро метавон аз шеъраш дарёфт. Хонанда дар шеърҳои ӯ метавонад ҷаҳони дигарре пайдо кунад, ки равобити хеле қавӣ бо дунёи ӯ дошта бошад”- гуфт Бузургмеҳри Баҳодур.

Дар идомаи ин маҳфили бошукӯҳ рақсу сурудхонӣ ва баёни андешаҳо аз ҷониби шоирони шинохта ва дӯстони Садриддин Ҳасанзод Кӯҳзод Фатҳулло, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Назархудо Назархудоев ва дигарон  сурат гирифт.

Дар фарҷоми нишаст аз ҷониби шоир чанд нусха китоби тозанашри “Салом, эй ишқ” ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардид. Аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ба шоир ба ифтихори зодрӯз ва нашри китобаш ҷома ва тоқиии тоҷикона тӯҳфа шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ доир гардида дар он аъзоёни фаъоли шуъбаи мазкур низ ширкат намуданд.

Шоир Садриддини Ҳасанзод бо сабаби имконияти маҳдуд доштанашон аз соли 2012 аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ мебошанд. Ба ҳамин далел  имрӯз бо ташаббуси шуъбаи мазкур рӯнамоии китоби “Салом, эй ишқ”-и эшон дар Китобхонаи миллӣ рӯнамои гардид ва ин гувоҳ аз он аст, ки давлату ҳукумат нисбат ба ин қишри ҷомеа бетараф нест ва пайваста онҳоро дар маркази диққати худ қарор медиҳад.

Садриддин Ҳасанзод 29-уми сентябри с. 1984 дар деҳаи Чашмасори н. Панҷ ба дунё омадааст. Соли 1994 баъд аз даргузашти падараш ба зодгоҳи модараш деҳаи Янгӣ-Ғайрат кӯч бастаанд. Аз сабаби имконияти маҳдуд доштанаш маълумоти миёнаи нопураро бо ёрии омӯзгорони мактаби деҳа дар хона дар асоси таълими инфиродӣ  гирифтааст. Баъдан аз соли 2011 то 2013 дар муассисаи давлатии “Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон“-и ш. Душанбе таҳсил намуда, солҳои 2013-2018 факултети филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба устод С. Айниро хатм кардааст.

Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Фарёдҳои танҳоӣ” (2013), “Шукуфаҳои бедорӣ” (2015), “Мавҷи дил” (2017), “Як пайраҳа ишқ” (2018), “Салом, эй ишқ” (2022) “Дар масири бе ту будан” (2024) ва “Чакомаҳои Чашмасор” (2025) ба табъ расидаанд.

Аз соли 2023 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.