Маҳфили “Тоҷикшиносӣ”: “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ”

точикшиносиДирӯз дар Муассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”-и  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Тоҷикшиносӣ” таҳти унвони ““Шоҳнома”- и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ” доир гардид, ки дар он олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва кормандони Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз намуда, қайд намуд, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар баробари китобҳои силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун)-ро таҳия намудан, боз дар баргузории маҳфилҳо низ саҳми намоён дорад. Ҳадаф аз баргузории маҳфил муаррифии манбаъҳои илмӣ ва тарғиби дастовардҳои назарраси замони соҳибистиқлолӣ дар самти боло бурдани маърифати ҷомеа мебошад.

Ровии маҳфил шоири маъруф Хайрандеш дар оғоз аз зарурати фаъолияти Маркази “Тоҷикшиносӣ” ёдовар шуда, таъкид кард, ки мавзуҳое, ки дар маҳфилҳои “Тоҷикшиносӣ” матраҳ мешаванд, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии ҷавонон мусоидат менамоянд.

давлатшох Махмудов

Сипас, Давлатшоҳ Маҳмудов устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ” маъруза намуда, аз таърихи “Шоҳнома” ва ҳувияти миллӣ ибрози андеша намуд.

Ӯ дар оғоз аз бузургии ин асари безавол сухан карда, “Шоҳнома”-ро асари таърихии бузург, дорои фарҳанг ва  ҳувияти баланд дониста, гуфт ки арзиши ин китоб барои миллати тоҷик ва барои тамоми ҷаҳониён бисёр баланд аст. Ва саросар ин асар ҳам аз Ватану ватандустӣ ва ҳимоят аз марзу бум сухан меравад. Дар воқеъ пас аз мутолиаи “Шоҳнома” мо ба Ватани худ муҳаббати бештар пайдо хоҳем кард.

точикшиносиҲамчунин, меҳмони маҳфил зикр дошт, дар ин шабу рӯзе, ки ҷаҳонишавӣ ба авҷи аъло идома дорад ва ин раванд метавонад, то ҷое ба фарҳангҳо маҳдудиятҳо эҷод бикунад, рӯ овардан ба “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ва ба фарҳанги замони дарбаргифтаи “Шоҳнома” ба хотири он аст, ки имрӯз мо миллати тоҷик дар андешаи худ эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносиро шаклу тақвият бубахшем. Ва битавонем, ки худро аз хатарҳои ҷаҳони муосир ба ҳар роҳу восита ҳифз бикунем.

Вақте, ки сухан дар бораи марҳилаи баъдии «Шоҳнома», яъне давраи қаҳрамонӣ меравад, он ҷо чеҳраҳо ё қаҳрамонҳо хеле зиёданд. Умуман дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қаҳрамони марказӣ Рустами Достон аст. Вақте, ба кору пайкори Рустам ва хонадони ӯ таваҷҷуҳ мекунем, воқеан эҳсос мешавад, ки барояш аз Ватан дида болотар арзи вуҷуд  надорад.

Бо ибтикори роҳбари давлат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотире, ки ҳамин гуна хираду фаҳмиш дар зеҳни ҳамватанонамон боз ҳам бештар ташаккул ёбад, иқдомҳои наҷиб пиёда шудаанд, ки билохира аз ҷониби мақомоти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои махсус доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардид.

чорДар қисмати дигари маҳфил иштирокдорон дар атрофи “Шоҳнома” ва баҳсҳои атрофи ин асар суолҳо пешниҳод намуда, аз меҳмон посухҳои амиқ дарёфт карданд.

Бояд зикр намуд, ки дар маҳфили фарҳангӣ ҳунармандони саршиноси кишвар Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷон Шодиев, Нурулло Абдуллоев ва дигарон иштирок ва атрофи “Шоҳнома” ва Фирдавсӣ андешаҳои худро баён карданд ва порчаҳо аз ин шоҳкори безавол қироат намуданд.

Маҳфил бахши фарҳангӣ низ дошт, ки дастае аз овозхонҳо бо суруду таронаҳояшон табъи ҷамъомадагонро шод намуданд.

Орзу Искандаров
Фирӯза Таваралиева ,
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.