Маҳмадулло Лутфуллоев: “Шарафномаи миллт”

Маҳмадулло ЛутфуллоевИн китоб соли 2003 чоп шудааст ва ҳадафи муаллиф ошнои бештари хонанда бо Ватани маҳбуб аст, то ифтихори ватану ватандорӣ дар сатҳе қарор гирад, ки миллат баҳри ободии он бештар камари ҳиммат бандад. Муаллиф ин ҳамаро дар панҷ боби алоҳида, ки “Панҷ шараф” номидааст, овардааст.

Интихобан чанд мавзуъро бо ҳам мехонем.

МЕВА ВА  САБЗАВОТИ  ТОҶИКИСТОН

Ба назар чунин мерасад, ки кирои гап нест: дар дунё кишварҳои зиёде ҳастанд, ки бозорҳои ҷаҳонро аз таъмини меваҷоту сабзавот монополия карда  гирифтаанд. Аммо  гап дар миқдору тонна-тоннаҳо нест, дар сифат аст. Себ, масалан, дар тамоми олам аз ҷиҳати шакл ва ранг кулўла, лунда, сурх, сафед, зардчатоб мешавад ва шояд нисбат ба навъҳои себи мо калон-калонтар ҳам  бошад. Ҳамин тавр тамоми  меваҳо аз ҷиҳати мазаю лаззат, шираю шарбат ба себи хубонӣ, ангури Роҳатӣ, ноки доштмандӣ, тути Дарвозу лимўи Вахши мо  баробар шуда наметавонанд. Меваҳои  Тоҷикистон ҷаҳониёнро  мафтун, тоҷиконро шарафёр гардондаанд. Навъе аз зардолуқоқи вилояти Суғд чун давои дарди дил дар ҷаҳон машҳур аст. Ҳамин тавр мазаи памидор, картошка, сабзӣ, турб, пиёз ва ҳатто таркорӣ (кашнич, пиёзи кабуд, сирпиёз) дар  мамлакати мо тамоман дигар аст. Ин, ба  фикрам, аз таъсири ҳамон чор унсури  ҳаёт (хок, об, бод, оташ-офтоб) ва заҳмати  ҳалоли  Бобои Деҳқон ва  боғпарварони  мост, ки шарафи худро пайваста бо шарафи миллат медонанд.

НАМАКИ  ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистони азизи мо аз ҷиҳати захираҳои намак ҳам дар  ҷаҳон яке аз ҷойҳои муносибро ишғол мекунад. Айни ҳол дар ноҳияҳои Ашт, Восеъ, Совет ва ғайра намак истихроҷ мекунанд. Яке аз муҳаққиқони Ватан Айниддин Гадозода ( Қурбонов) дар  китоби арзандаи худ «Сипеҳри  ҳафтод» менависанд, ки  “кўҳи Хоҷа  Мўъмин кони  намаки  ошӣ буда, захираи онро олимон 40-50 миллион тонна муайян кардаанд». Ҳамин муаллиф давом медиҳад: «То асри XI кўҳи Хоҷа  Муъмин ба номи Меҳтан ёд мешавад…Абурайҳони Берунӣ кӯҳи Меҳтанро дар таърих ёдовар шуда менависад, ки “Намаки кӯи Меҳтан сафеду кабудчаранги замчмонанд, сурхчатобу бунафшранг буда, хуштаъму  сифаташ  аъло мебошад». Айнан намаки Хоҷа Сартез, Танобчӣ, Даҳани намаки Кангурт гуногунхел буда, чашмаҳои ҷории шўр доранд… бисёрашон ба хосиятҳои тиббӣ ва табобатӣ  молик ҳастанд.

КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Мо имрўз афсўс мехўрем, ки собиқ роҳбарон Ҷумҳурии Тоҷикистонро  кишвари зироатӣ ба қалам дода, ба сохтмони корхонаҳои  азим кам  аҳмият додаанд. Бо вуҷуди ин он корхонаҳое, ки дорем, боиси  ифтихори моанд. Зеро онҳо ба мисли алюмини  Турсунзода, яхдони «Помир», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Хуҷанд, Қўрғонтеппа, Сарбанд бо  маҳсулоти худ берун аз  ҷумҳурӣ ном баровардаанд.

РОҲИ  АБРЕШИМ ВА АТЛАСИ  ХУҶАНД

Роҳи абрешим, ки чандин давлатҳоро бо ҳам мепайваст, асосан аз байни қаламрави Тоҷикистони имрўза мегузашт.  Хуҷанди  бостон  нисбати мавқеи ҷуғрофияш дар ҷое воқеъ гардида буд, ки корвонҳои пурбор ҳатман ворид мешуданд. Шояд аз ҳамон замонҳо атласи Хуҷанд, ки маҳсули хирад ва дастони мўъҷизаофарини ҳунармандонаш буд, овозаҳо дошт. Бозоргонон атласи нафиси Хуҷандро дар ҳамон давру замонҳо ва имрўз ҳам ҳамчун тўҳфа мехариданд ва мехаранд. Атласи Хуҷанд дар рўзҳои мо боз ҳам дилрабо, нозук ва зеботар гардидааст, ки шарафи корхона, шарафи миллат аст.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ