Маҷаллаи “Аноҳито”:  Китобхонаи миллӣ – хазинаи беназири боигарии маънавии миллати тоҷик

АнахитоМуассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хазинаи беназири боигарии маънавии миллат табдил ёфтааст. Аз ин захираи камназир алҳол шумораи зиёди олимону адибон, зиёиёну намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа истифода бурда, талаботи маънавию иттилоотии хешро қонеъ мегардонанд. Мусаллам аст, ки ҳар давру замон талаботи ба худ хос дорад. Ва агар талаботи ҷомеаро ҳамчун зарурати рўзгори он арзёбӣ намоем, пас аён мегардад, ки таълифи китобу дигар меросҳои таҳририи инсонҳо натиҷаи ҳамин талабот аст. Аз инҷост, ки маҳсули эҷоди таҳририи одамони ҳар давру замон дорои сабку услуби хоси замони хеш буда, дар ниҳоят ба рангомезии хазинаҳои Китобхонаи миллӣ таъсири амиқи мусбат расонидааст. Вобаста ба ҳамин, рангомезиҳову гуногунмазмунии боигариаш вазифаҳо ва шаклу усули кори Китобхона низ якшаклу якнавохт нест. Бо талаботи замон пайваста шаклу мазмуни фаъолияти ҷории хешро тағйир медиҳад, то битавонад дар рушду такомули ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад.

Имрўз Китобхонаи миллӣ дар таҷрибаи хеш аз технологияи муосири иттилоотӣ, ки барои рушду такомули ҳадамоти китобдорӣ, тадбиқи низоми нисбатан комили худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, инчунин фароҳамофарии шароитҳои мусоид барои истифодабарандагон имкон медиҳад, ба таври васеъ кор мегирад. Татбиқи технологияи муосири иттилоотӣ дар таҷрибаи китобхона дигаргуниҳои навро ба вуҷуд овард ва китобхонаро водор сохт, ки самтҳои асосии фаъолияти хешро ба вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ мувофиқу созгор намояд. Китобхона дар радифи иҷрои дархостҳои муқаррарии хонандагон чиҳати истифодаи фонди чопӣ боз муваззаф шуд, ки ҳамчун маркази фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тавлиду коркард ва тарғибу ташвиқи манобеи электронӣ ба хонандагони маҷозӣ (виртуалӣ) хизмат расонад ва бо дарназардошти вежагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва дар рақобат бо дигар воситаҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шаклу усулҳои наву самарабахши хадамоти китобдориро мавриди истифода қарор диҳад.  Яъне, бо тақозои вежагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ кормандони Китобхона вазифадор шуданд, ки бо истифода аз фондҳои чопии китобхона дар радифи иҷрои хизматрасониҳои муқаррарӣ ба хонандагони муқимӣ, боз талабу дархост ва ниёзҳои ба иттилоот доштаи хонандагони маҷозиро ба инобат гиранд ва ҳамзамон эҳтиёҷоти ба манобеи электронӣ доштаи хонандагони муқимиро қонеъ гардонанд.

Файзализода ҶумахонТатбиқи ин иқдомҳои наҷиб, қабл аз ҳама, дар баробари таъмини китобхона бо кадрҳои баландихтисосу донандаи технологияи муосир ва муҷаҳҳазгардонии китобхона бо таҷҳизоти нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ боз аз бисёр ҷиҳат аз донишу фаҳмиш, сатҳи кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва истеъдоди баланди ташкилотчигии роҳбари китобхона вобаста аст ва маҳз ў метавонад дар саргаҳи таҳаввули самтҳои асосии фаъолияти китобхона қарор дошта бошад.

Бешак Файзализода Ҷумахон Хол, ки аз моҳи феврали соли 2020 то имрўз сарварии Китобхонаи миллиро ба уҳда дорад, дар пешбурди фаъолияти гуногунпаҳлуи китобхона ва мувофиқу созгор намудани самтҳои афзалиятноки он ба вежагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ, пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Файзализода Ҷумахон Хол ҳамчун роҳбари соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми илмиву маърифатӣ ва озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми муносиб гузоштааст. Ў соли чорум аст, ки ба ҳайси муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолият намуда, ҷиҳати омодасозии тамоми ниҳодҳои китобхона барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур  бо истифода аз нерўи илмию техникии китобхона шароитҳои заруриро ҳам барои иштирокчиёни озмун ва ҳам барои аъзоёни ҳакомону меҳмонони озмун (аз ҷумла падару модарон ва мураббиёну устодони довталабон) муҳайё месозад. Маҳз донишу таҷриба, қобилияти кордонӣ ва муносибати самимонаи роҳбарии ў ба зердастон, ки дар пояи баланди иродату инсонгароӣ қарор дорад, имкон додааст, ки ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ мутобиқи талаботи низомномааш бо шукўҳу шаҳомоти хосса ва хотирмон дар китобхона баргузор шавад. Дар ин хусус, таваҷҷуҳ фармоед ба афкору андешаҳои чанд нафар узви ҳайати ҳакомони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»: Боймурод Шарифзода (директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ – раиси ҳакамон дар  номинатсияи «Адабиёти муосир») «Барои баргузории озмун, Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳам саҳми арзандаи худро гузошт, зеро ки толорҳои барҳавову гарм бо тамоми таҷҳизотҳои зарўрӣ таъмин шуда буданд, ҳатто барои тамошобинон яъне ҳаводорони шеъру назми адабиёти тоҷик низ дар панҷ номинатсия ҷойҳои нишаст  муҳайё  карда буданд, ки ин боиси хушнудӣ буд»; Қарор Нурқаев  (устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – узви хакамон дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон») «Ба хурду бузурги Китобхонаи миллии Тоҷикистон, алалхусус ба роҳбаладоне, ки аз ҷониби роҳбарияти Китобхона муайян шуда буданд, бисёр бо одобу рафтори намунавӣ, чи аъзои ҳакамонро, чи иштирокчиён ва худи падару модарони онҳоро, ки аз минтақаҳои дурдаст ба ин ҷо ташриф оварда буданд, бо як меҳрубониву самимияти хос пазируфтанд ва дар ин чанд рўз дар хизмати мо буданд, изҳори миннатдорӣ менамоям»; Абдусамад Муллоев (устоди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ – узви ҳакамон дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон») «Имрўз Китобхонаи миллӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»  шароити хуб фароҳам кардааст ва ифтихормандам аз чунин даргоҳи маърифат, аз чунин муносибати бисёр неку ҳасана, аз чунин фазои бисёр орому адабомўз» [1].

Оид ба фароҳам овардани шароити созгор ва пазироии иштирокдору ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллӣ, ҳамчунин, теъдоди зиёди волидону устодони довталабон дар муҳовараи Директори Китобхона бо рўзноманигори шинохта Бузургмеҳри Баҳодур чунин баён ёфтааст: «Макони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузида шудани Китобхонаи миллӣ тасмими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва маҳз дар асоси супоришу маслиҳатҳояшон мо имконияти мавҷудаамонро таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ низ андешидем, то барои ҳама аҳли озмун шароити мусоиду баробар фароҳам орем. Ба ин хотир, бо назардошти пандемияи коронавирус ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ панҷ толори барҳаворо бо имконияти муосири техникӣ барои ширкатдорону доварони сабқат, ҳамчунин, як толори алоҳидаро барои волидону омўзгорон ва устодони онҳо вогузоштем. Дар толори шашум монитор ҳам насб карда шуд, то мухлисону ҳаводорон дар ҷараёни озмун бошанд» [7]. Ин мавзуъро Директори Китобхона дар муҳовараи дигараш бо рўзноманигор Руқия Гадоалиева чунин шарҳ додааст: «Пеш аз ҳама барои панҷ номинатсияи озмун толорҳои махсус бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳаз намудем ва аз ҳама муҳим барои падару модари иштирокдорон, барои хоҳишмандоне, ки мехостанд ба ҳайси тамошобин биншинанд ва озмунро тамошо кунанд, толорҳои махсус, ки дар он манитор насб карда шуда буд, ҷудо кардем. Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро ин тавр кардем? Ба он хотире, ки на ҳар иштирокчӣ, на ҳар як баромадкунанда метавонад дар ҳузури падару модараш ба саволҳои аъзои ҳакамон посух гардонад, зеро падару модари худро дида дар ҳаяҷон меафтад. Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки барои волидон толори алоҳида, ки аз он ҷо метавонанд пахши мустақимро аз рафти ҷараёни озмун дидан кунанд, муҳайё намудем. Аз сўи дигар ин ба шаффофияти озмун низ мусоидат мекард, яъне волидон ё муаллимону пайвандони ширкаткунанда худ посухи фарзандашонро ба суолҳо медиданду мешуниданд, ки ин боиси ҳеч гумону шубҳаи дигар намешуд. Бар замми ин мо барои иштирокчиён ва падару модари онҳо низ кофе – брйек ташкил кардаем. Тамоми он чизҳое, ки вобаста ба таъмини хурду хуроку наҳорӣ буд, барои ҳакамон алоҳида ва барои иштирокчиён дар дараҷаи аъло таъмин намудаем» [8].

Илова бар ин, бо дастури Роҳбари китобхона мутобиқ ба талаботи низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дастрасии довталабон ба тамоми адабиёти барои мутолиа пешниҳодшуда ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар шакли электронӣ таъмин гардид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тўли солҳои 2020-2021 дар тамоми ҷаҳон мубориза алайҳи вабои аср COVID-19 роҳандозӣ шуд ва Тоҷикистон аз он истисно набуд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос роҳбари Китобхона тавонист, ки қабл аз ҳама, дар муассиса мувозинати солими фазои кориро нигоҳ дорад, ба ҳаргуна овозаву воҳимаҳои беасос роҳ надиҳад, тамоми чораҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин вирусро андешад ва кормандонро бо суханони умедбахшу рўҳбаландкунанда ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, ки яке аз суннатҳои ҳамешагии миллати тоҷик аст, ҳидоят намояд. Дар баробари ин, тозаву озода нигоҳ доштани бинои Китобхона, толорҳои хониш, маҳфўзгоҳҳои китоб, ҳуҷраҳои корӣ, зинапояю долонҳо ва таъмини ҳифзу бехатарии истифодабарандагони Китобхона ва дар шароити хуруҷи зукоми «Коронавирус» қонеъ намудани талаботии иттилоотии онҳо аз ҷумлаи масъалаҳое маҳсуб ёфтанд, ки ҳалли оҷилии хешро тақозо намуданд. Роҳбари чашми кордон сараввал нақшаи кории китобхонаро бо дарназардошти воқеияти давр тарҳрезӣ кард ва тибқи он фаъолияти кориро дар Китобхона роҳандозӣ намуд. Дар ин давра, бо таъбири роҳбари китобхона тарғиби китоб ва мутолиаи он бештар тавассути китобхонаи электронии китобхона сурат гирифт ва барои рақамигардонии китобҳои ниёзи хониш дастгоҳҳои нусхабардорӣ харидорӣ шуда, бо дарназардошти эҳтиёҷоти хонандагони китобхона матни электронии китобҳои чопӣ пешниҳод шуданд. Ҳамзамон дар баробари хизматрасонии анъанавӣ ба хизматрасонии маҷозӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Фаъолияти сомонаи Китобхона ҷоннок карда шуд. Сатҳу сифати маводи интишории сомона беҳтар ва шумораи истифодабарандагони он афзуд. Ин иқдомҳои наҷиб, агар аз як ҷониб ҷиҳати мукаммал гардонидани фонди ҳуҷҷатҳои электронии Китобхонаи миллӣ шароит фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, дар шароити душвори паҳншавии зукоми «Коронавирус» барои саривақт қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии хонандагон мусоидат намуд. Дар ин давра, тибқи маълумоти оморӣ гарчанде, ки теъдоди хонандагони анъанавӣ дар муқоиса ба соли 2019 дар соли 2020 ба маротиб кам шуда бошад ҳам, теъдоди хонандагони маҷозӣ нисбат ба солҳои қаблӣ тадриҷан зиёд шудааст. Доир ба ин масъала ва корҳои анҷомдода дар самти мубориза алайҳи зукоми «Коронавирус» дар Китобхонаи миллӣ мақолаи Файзализода Ҷ. Х. дар рўзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «COVID-19 ва китоб. Оё ин беморӣ тавонист ба завқи мутолиа таъсир расонад» ба табъ расид, ки дар он муаллиф перомуни тадбирҳои андешидашудаи китобхона дар давраи хуруҷи ин беморӣ андешаҳои худро баён кардааст. Аз ҷумла дар мақола зикр шудааст, ки «ба иллати COVID – 19  дар қиёс ба як соли пеш бештар аз 5 ҳазор нафар камтар хонандагон ҷалб шудаанд. Аммо омори шашмоҳаи аввали соли равон (соли 2021 – Ш.К.) баёнгари вазъи дигаргуна аст. Дар ин шашмоҳа назар ба шашмоҳаи аввали соли 2020  3404 нафар бештар хонандагон узвияти Китобхонаи миллиро соҳиб шудаанд.  Ҳузури хонандагон зарфи шаш моҳи сипаришуда дар толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, ки шомили толори хониш, толори тиб ва табиатшиносӣ, ҳуқуқ ва фалсафа мебошад, дар қиёс ба шашмоҳаи соли 2020 22 ҳазору 361 нафар афзудааст ва дар ин муддат муштариён 75048 номгӯ китоб фармоиш додаанд.  Замони COVID – 19  мо ба такмили китобхонаи электронӣ диққати бештар додем. Ҳоло Китобхонаи миллӣ аз тариқи китобхонаи электронӣ бештар аз 323800 нусха китобҳои мухталифро дар фазои маҷозӣ пешниҳод кардааст. Танҳо дар шаш моҳи ахир 82120 хонандаи маҷозӣ аз веб-барномаи мазкур истифода намуданд» [5].

Файзализода Ҷумахон Хол дар радифи иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ ҳамзамон дар ҳаллу фасли проблемаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ фаъолона иштирок менамояд. Бо ташаббуси ў Шурои илмию методӣ, ки ҳамчун органи машваратӣ корҳои илмию методиро ҷиҳати мукаммал гардонидани тамоми самтҳои асосии фаъолияти китобдорӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг месозад ва татбиқи воқеии онҳоро таъмин менамояд, таъсис дода шуд. Бино ба ҳадафу вазифаҳояш Шуро дар ҳаллу фасли чунин масъалаҳо: таҳлили вазъи фаъолияти илмию методии бахшу шуъбаҳои китобхона; коркард ва муҳокимаи барномаҳои дурнамои рушди фаъолияти китобхона; созмондиҳии чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани самарабахшии корҳои илмӣ-методии китобхона; баррасии натиҷаи дастоварду камбудиҳои фаъолияти китобхона ва дар ин робита андешидани тадбирҳои мушаххас; шунидан ва муҳокима намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти шуъбаву марказҳои китобхона ва қабули қарорҳо дар бораи тадбирҳои расондани ёрии илмию методӣ ба онҳо; ташкили таҳқиқотҳои илмӣ ва илмию методӣ оид ба масоили такмили хизматрасонии китобдорӣ-библиографӣ; баррасӣ ва тасдиқи нақшаи мавзуии маҷмуаҳои илмӣ, рўзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ, барномаву дарсномаҳои таълимӣ, осори илмӣ, илмӣ-методӣ ва библиографӣ, осори тарҷумашаванда ва тавсияи онҳо барои чоп; ҳамоҳангсозии фаъолияти бахшу шуъбаҳои китобхона ҷиҳати истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; татбиқи таҷрибаи муфиди китобдории ҷаҳонӣ дар фаъолияти китобхона; баррасии масъалаҳои банақшагирӣ, ташкил ва баргузории симпозиум, конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ғайраҳо, саҳм мегирад. Бо пешниҳоди Раиси Шуро – Файзализода Ҷумахон Хол дар ҳайати Шуро дар радифи масъулини Китобхонаи миллӣ, олимони соҳаи китобдорӣ, мутахассисони варзида ва роҳбарони китобхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ, аз қабили Китобхонаи марказии илмии ба номи И. Гандии АМИТ, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, Китобхонаи ҷумҳуриявии тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, Китобхонаи илмии ДМТ ва ҳамзамон сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, шомил шуданд.

Иқдоми навбатии Файзализода Ҷумахон Хол дар самти бунёди шароити мусоид барои рушди илми китобдории тоҷик ин таъсиси маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллӣ» мебошад. Тибқи Оиннома маҷалла дар чунин самтҳо фаъолияти худро роҳандозӣ менамояд: ба ихтиёри хонанда гузоштани маводи чопии илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва махсусан маводи марбут ба китобшиносиву китобдорӣ; ба чоп расонидани мақолаҳои проблемавӣ роҷеъ ба масоили муҳимми илмҳои таърих, педагогика, равоншиносӣ, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва иттилоотшиносӣ; интишор намудани натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм ва доктор аз рўи ихтисос (PhD); мусоидат ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмии олимони тоҷик; роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо ташкилоту муассисаҳои ватанию хориҷӣ ҷиҳати ҷамъоварии мавод ва нашри он; таъмини дараҷаи баланди касбии мақолаҳои чопшаванда; объективона инъикос намудани ҳар як ҳодиса, воқеа, рўйдод ва рақаму далел; мусоидат ҷиҳати истифода аз эълону реклама ва шартномаи ҳамкорӣ барои фоидаовар шудани маҷалла.

Дар шумораи якуми маҷалла сармуҳаррири он – Файзализода Ҷумахон Хол дар бораи ҳадафу вазифаҳои маҷалла сухан ронда, аҳаммияти нашри онро дар рушди илми китобдории тоҷик бисёр муҳим арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла ў чунин таъкид менамояд: «Ҳангоми таъсиси маҷаллаи мазкур мо тасмим гирифтем, дар заминаи ҳадафу вазифаҳои зерин чунин корҳоро ба анҷом расонем: Аввалан, ғояи асосии таъсиси маҷалла дар саҳифаҳои он муттаҳид сохтани афкору андешаҳои олимону мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами илми китобдории тоҷик, аз ҷумла таҳқиқи таърихи фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар даврони истиқлол, омўзиши проблемаҳои педагогикаи китобдорӣ, психология ва сотсиологияи хониши гурўҳҳои мухталифи хонандагони китобхонаҳои навъҳои гуногун, нақшу мақоми китобхона дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, рушду нумўи забони модарӣ, ташаккули фарҳанги иттилоотии хонандагон, густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои китобдорӣ ва марказҳои библиографии мамлакатҳои хориҷӣ дар самти мубодилаи байналмилалии китоб, тақвияти фаъолияти абонементи байни китобхонаҳо, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки то кунун мавриди омўзиш қарор нагирифтаанд, маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, дар саҳифаҳои маҷалла мунтазам ва ҳаматарафа доираи масъалаҳои аҳаммияти назариявию амалидоштаи марбут ба илмҳои таърих, педагогика, психология, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва иттилоотшиносӣ баррасӣ карда мешаванд. Ба ин муносибат, маҷалла на танҳо натиҷаи корҳои илмии олимони соҳаи китобдорӣ, балки инчунин муаррихон, забоншиносон, равоншиносон, сотсиологҳо, бо ибораи дигар гўем, намояндагони кулли соҳаҳои илмҳои гуманитариро ба табъ мерасонад. Итминони комил дорем, ки ин иқдом метавонад дастаҷамъона дар таҳқиқи бештари масоили то ҳол омўхтанашудаи соҳаи китобдории тоҷик мусоидат намояд. Сониян, дар саҳифаҳои маҷалла масъалаҳои мубрам ва муҳимтарини марҳалаи ҳозираи фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар давраи нави таърихи давлатдории миллӣ мавриди омўзиш қарор мегиранд. Ҳамзамон, ҳангоми омўзиши масъалаҳо мо ба суннатҳои қадимаи китобдории ниёгонамон такя намуда, дар асоси онҳо арзишҳои нави китобдориро ташаккул медиҳем, ки сатҳи дониши тахассусии китобдорон ва фарҳанги донишандўзии шаҳрвандонро боло мебардорад. Сеюм, чи тавре ки қайд намудем, яке аз самтҳои асосии маҷалла ба омўзиши масъалаҳои китобшиносиву китобдорӣ нигаронида шудааст. Сабаби ин қабл аз ҳама дар он аст, ки дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии китобдорӣ ба омўзиши вижагиҳои психология ва сотсиологияи хониш, майлу рағбати хонандагон ва таъмини саривақтии эҳтиёҷи онҳо бо асноди интишорёфта бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, роҳбарӣ ба хониши хонандагон дар китобхонаҳои электронӣ, таҳияву истифодаи дастгоҳи маълумотию библиографии электронӣ ва мувофиқу созгор намудани самтҳои афзалиятноки китобхонаҳои мамлакат ба шароит ва талаботи ҷомеаи иттилоотӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Мо бо нашри ин маҷалла кўшиш менамоем, ки холигии мавҷударо пур намоем. Чаҳорум, мехоҳам таъкид намоям, ки мо ин нашрияро ба ҳайси як минбари озод таъсис додем, то ки тавассути он ҳарчи беҳтару бештар афкору андешаҳои ҷолибу пешқадамро ба намоиш гузорем, тафсири нави мафҳумҳоеро, ки дар илми китобдории ватанӣ ва хориҷӣ кайҳо собит ва устуворанд, пешниҳод намуда, бо дарназардошти талаботи замони муосир дастовардҳои нави инноватсионии ҷаҳониро дар фаъолияти китобхонаҳои мамлакат роҳандозӣ намоем» [6].

Файзализода Ҷумахон Хол ҳамчун муҳаққиқ дар баррасиву таҳқиқи муаммоҳои то ҳол ҳалнашудаи илми китобдории тоҷик фаъолона ширкат варзидааст. Тавассути чопи мақолаҳо ва гузоришҳои пурмуҳтавои илмӣ таваҷҷуҳи аҳли илм ва мутаххассисони соҳаи китобдориро ба ҳалли масъалаҳои мубрами асри иттилоот бештар ҷалб кардааст. Масалан, дар мақолаи «Масоили ташаккули хониши бомулоҳиза дар асри рақамигардонӣ» [3] ў ба яке аз масъалаҳои муҳим ва барои китобхонашиносии ватанӣ ҳанўз нави илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба нақшу мақоми он дар ташаккули шахсияти хонанда мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст. Ба андешаи муаллиф марҳилаи имрўзаи рушди ҷомеаи башарӣ, ки муҳаққиқон онро аксаран бо унвони «асри рақамигардонӣ» муаррифӣ мекунанд, муносибати афроди ҷомеаро нисбат ба мутолиа дигаргун сохта, ба раванди ташаккули фарҳанги хониш таъсири амиқ расонид ва доираи хониши бомулоҳизаро маҳдуд сохт. Дар баробари ин муаллиф таъкид менамояд, ки имрўз раванди ташаккули хониши бомулоҳизаро омилҳои гуногун – воридоти технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникативӣ, рушди алоқаи мобилӣ, вусъати бемайлони иттилоот дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, нокифоягии вақти истифодабарандагони иттилоот ва амсоли инҳо халалдор месозанд. Муаллиф нақши хониши бомулоҳизаро барои ташаккули шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта таъкид намуда, ҷойгоҳи китобхона ва киитобдорро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намудааст. Ба ақидаи муаллиф хониш барои ҷомеа ва афроди он танҳо дар мавриде самараи дилхоҳ медиҳад, ки агар он сатҳӣ набошад, дар раванди мутолиа ба ғоя, сюжетҳои асилу нотакрор ва шавқовари асар таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, дар мавриди нофаҳмо будани матнҳои ҷудогона онҳо то пайдо шудани тасаввуроти комил гаштаву баргашта бо мулоҳиза мутолиа шаванд. Барои ташаккули хониши бомулоҳиза муаллиф баландхонии асар, хониши чандкаратаи сархатҳои китоб ва сужету ғояҳои баҳсталаб, хониши муштарак (бо дўстон, ҳамсабақон, аҳли хонавода ва амсоли ин), рушди тафаккури интиқодиро зарур арзёбӣ мекунад.

Дар тўли беш аз чаҳор соли роҳбарӣ ба ҳайси Директори Китобхона ў тавонист, ки тавассути иштирок ва суханронӣ дар конференсияву симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ худро ба ҳайси ташаббускор, навовар, роҳбари чашми кордон ва аз ҳама муҳимаш инсони комил ва олими баркамол муаррифӣ намояд. Бо маърўзаву гузоришҳои пурмуҳтавои худ дар нишастҳои илмӣ, чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он бо афкору андешаҳои созандаи илмӣ ширкат варзида, барои ҳалли проблемаҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ тавсияномаҳои ҷолибу қобили қабул пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, муфассалтар нигаред ба матни маърўзаи ў дар Конференсияи байналмилалии «Осиёи Марказӣ – 2022: Захираҳои иттилоотӣ-китобдорӣ дар илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат» дар мавзуи «Ҳолат ва тамоюлҳои рушди захираҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки моҳи ноябри соли 2022 дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардидааст [4]. Ва ё таваҷҷуҳ фармоед ба матни комили суханронии Файзализода Ҷумахон Хол дар мизи мудаввар таҳти унвони «Нусхаҳои ҳатмӣ – асоситарин роҳи пуррагардонии фонди китобхона», ки рўзи 9-уми июни соли 2023 дар Китобхонаи миллӣ баргузор шудааст [2].

Ҳамчун роҳбар Файзализода Ҷумахон Хол бо хислатҳои наҷиби худ дар байни аҳли кормандони китобхона соҳибэҳтиром, дар муошират таҳаммулгаро, дар татбиқи масъалаҳои тарҳрезишуда ҳамеша устувор аст. Ин ва дигар фазилатҳои сутудаи ў имкон додаанд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолияти китобхона проблемаҳои ҷойдошта саривақт роҳи ҳалли худро ёбанд. Масалан танҳо дар ҷаласаи назоратии ў, ки ҳар ҳафта рўзи душанбе баргузор мешавад на кам аз 20-30 масъалаи мавҷуда мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва иҷроиши ҳатмии онҳоро шахсан худаш назорат мекунад.

Ҳамзамон саҳми Файзализода Ҷумахон Хол дар ислоҳоти фаъолияти шуъбаву бахш ва марказҳои китобхона хеле назаррас аст. Бо ибтикори ў “Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 декабри соли 2021, таҳти рақами 515 тасдиқ шудааст.

Умед ҳаст, ки зери роҳбарии профессор Файзализода Ҷумахон Хол Китобхонаи миллӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар самти боло бурдани сатҳи китобхонии мардуми кишвар ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузорад. Мо дар иҷрои ин кори пурмасъулият ба ў комёбӣ ва муваффақият таманно дорем.

Адабиёти истифодашуда

 

1. Гадоалиева, Р. Аз фурўғ то фурўғ. Назари ҳакамон ба озмун. Оё Китобхонаи миллӣ ба баргузории он пурра омода буд?, Нашр шуд 2020-12-16 [Манобеи электронӣ]. – Реҷаи дастрасӣ: http://old.kmt.tj/az-furug-furug-nazari-khakamon-ba-ozmun-oyo-kitobhonai-milli-ba-barguzorii-purra-omoda-bud

  1. Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ. Нигаронии профессор Файзализода аз кундии вуруди нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхона [Манобеи электронӣ]. – Реҷаи дастрасӣ: https://kmt.tj/
  2. Файзализода, Дж. Х. Проблемы формирования вдумчивого чтения в цифровую эпоху // Вестник Национальной библиотеки. – 2023. – №1 (1). – С.128-135.
  3. Файзализода, Дж.Х. Состояние и тенденции развития электронных ресурсов Национальной библиотеки Таджикистана: выс­тупление на Международной конференции «Центральная Азия – 2022: Информационно-библиотечные ресурсы в науке, образовании, культуре и бизнесе» [Электронный ресурс]. – Режим доступа: https://kmt.tj/wp-content/uploads /2022/05/.pdf
  4. Файзализода, Ҷ. Х. COVID-19 ва китоб. Оё ин беморӣ тавонист ба завқи мутолиа таъсир расонад // Ҷум­ҳурият. – 2021. – 9 август.
  5. Файзализода, Ҷ. Х. Сухани сармуҳаррир // Паёми Китобхонаи миллӣ. – 2023. – №1 (1). – С.10-11.
  6. Файзализода, Ҷ. Тулўи ситораҳои нав. Муҳовараи муовини раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» / мусоҳиб Б. Баҳодур // Ҷумҳурият. – 2021. – 6 январ.

8. Ҷумахон Файзализода: Дар ин рўзҳои баргузории озмун китобхона ба ягон мушкил рў ба рў нашуд. Нашр шуд 2020.12.18 / мусоҳиба ба рўзноманигор Р. Гадоалиева [Манобеи электронӣ]. – Реҷаи дастрасӣ: http://old.kmt.tj/chumahon-fayzalizoda-dar-ruzkhoi-barguzorii-ozmun-kitobhona-ba-yagon-mush kil-ru-ba-ru-nashud

Шариф КОМИЛЗОДА,
номзади илмҳои
педагогӣ, дотсент