Маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” – инъикоссозандаи ҷаҳони фаъолияти омӯзгор

Маърифати омӯзгорЧанде пеш вақте вориди утоқи кории устод Бобоҷони Шафеъ гаштам, рӯи мизашон маҷаллае дидам. Он маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” буд. Ба даст гирифтаму варақгардон кардам. Мақолаҳо яке паси ҳам бароям ҷолиб намуданд. Барои мутолиа маҷалларо аз устод хостам. Бо камоли майл розӣ шуданд ва ҳамзамон хостанд, ки агар писанд афтад, чизе бинавис барои сомона. Ман ҳам дар даст маҷалла озими шуъбаи кориам гаштам.

Маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” маҷаллаи таълимию методӣ ва илмию оммавии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз 25.07.2006 таҳти №001-3099 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст ва 1-уми июли соли 2024 таҳти №364/МҶ-97 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав номнавис гаштааст. Ногуфта намонад, ки муассиси маҷалла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чун маҷалла аз соли 1926 инҷониб нашр мегардад, имсол барояш соли ҷашнӣ аст. Маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” имсол 100 сола мешавад.

Маҷалла бисёр пурмуҳтавову рангин нашр мешавад. Он аз қисматҳои гуногунҷабҳа иборат буда, нашре, ки ба даст дорем №2 -и соли 2026 (ISSN 2306-4293) мебошад. Аз қисматҳои Дар партави Паём; Иқдоми беназири Пешвои миллат; Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ; Ҳамовозӣ; Андеша; Таҳсилоти томактабӣ; Мавзуи рӯз; Таҳсилоти иловагӣ; Дарси намунавӣ; 23-юми феврал – Рӯзи Артиши миллӣ; Омодагии ибтидоии ҳарбӣ; Шеваҳои тадрис; Муносибати босалоҳият ба таълим; Биология; Математика; Химия; Тарбия; Психология; Пажуҳиш; Поси хотир; Олимони мо; Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст иборат аст. Ҳар як қисмат дорои  маводи мавзуъ ва мундариҷаи ба худ хос буда, табиист, ки аксарияти муаллифони мақолаҳо омӯзгорон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Ҳар яке аз муаллифон мавзуи баррасишавандаи худро бо мисолҳо шарҳ додаанд, ки ин барои хонанда амсоли рӯшноӣ аз равзанаест.

Ростӣ мавзуъҳо гуногунанд. Агар матлаби Дилафрӯз Қурбонзода дар қисмати ИҚДОМИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” – кафили соҳибмақомии омӯзгорон дар ҷомеа” бошад, дар қисмати БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ П.Рӯзиев ва З.Аминҷон дар мавзӯи “Истиқлоли тоҷик ва эҳёи феномени ориёӣ” суҳбат мекунанд. Дар қисмати ДАРСИ НАМУНАВӢ мавзуи суҳбати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Робия Одинаева “Таъсири омӯзгор ба тасмимгирии хонандагон ҳангоми интихоби касб” мебошад, ки хеле ҷолиб аст, зеро омӯзгор дар интихоби касб бо бачаҳо ҳануз дар синфи ибтидоӣ таҳсил намуданашон кӯшиш мекунад. Бо мисолҳои ҷолиб ва ёрии барномаҳои компютериву зеҳни сунъӣ  шавқу рағбати хонандагонро ба касби интихобкардаашон бедор месозад. Мисоли дарси намунавиеро дар мавзуи “Интихоби касб” ба ҳампешагони худ пешниҳод менамояд, ки аз манфиат холӣ нест. Ё худ Фарҳод Каримов омӯзгор аз шаҳри Бохтар дар қисмати ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ  доир ба “Нақши тарбияи ватандӯстии хонандагон дар ташаккули пояҳои Артиши миллӣ” андешаҳо ронда, аз таҷрибаҳои педагогии тарбияи ватандӯстӣ мисолҳо меоварад. Теҳрон Наҷмиддинов омӯзгори фанни физика дар қисмати МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ дар мавзуи “Татбиқи методи суҳбат дар омӯзиши фанни физика”  андеша ронда, Пайрав Баротов омӯзгори фанни биология дар мавриди “Паразит ва бактерияҳо – қисми ҷудонашавандаи биосфера”  маълумот медиҳад. Дар қисмати ТАРБИЯ рӯзноманигор аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷангибеки Улфатшоҳ ва дар қисмати ПСИХОЛОГИЯ бошад магистранти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонгул Халифаева андешаҳои худро баён мекунанд. Дар қисмати ба андешаи банда, бисёр муҳимми маҷалла – ПОСИ ХОТИР Мухбирҷон Кӯҳсорӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Муҳаммад Ғанизода сармуҳаррири нашрияи “Пайрав” “Дӯстон ҳар лаҳза рӯ бар ёдгори ман кунед” ном матлабе бо муҳтавои гаронарзише пешкаши хонандагони маҷалла сохтаанд, ки ёд аз шоири шаҳир Сафармуҳаммад Айюбӣ ва ҳаёту фаъолияти ин инсони асилу наҷиб ва зиндаёд мекунад.

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки дар қисмати ОЛИМОНИ МО  мақолаи ҳамкори мо, муовини директори Китобхонаи миллӣ номзади илми филология Муҳаммадиқбол Атозода зери унвони “Фозиле аз дили китобистон” рӯи чоп омадааст. Муҳаммадиқбол Атозода дар матлаби худ аз Саидалӣ Муҳиддинов – аввалин олиме, ки дар таърихи библиография тасвири библиографии миниётурҳои форсӣ-тоҷикиро тартиб додааст,  суҳбат мекунад. Саидалӣ Муҳиддинов муаллифи 30 китобу рисола, китоби дарсиву дастурҳои таълимӣ-услубӣ ва беш аз 300 мақолаи илмӣ-назариявӣ ва публитсистӣ мебошад. Ӯ ҳамчун мураббии соҳибистеъдод ҷавононро пайваста ба шоҳроҳи илм ҳидоят мекунад. Таҳти роҳбарии профессор Саидалӣ Муҳиддинов 13 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд ва метавон гуфт, дар соҳаи таърих ӯ мактаби илмии худро ташаккул додааст. Осори гаронбаҳои профессор  дар кишварҳои хориҷи дуру наздик чоп шудаву илми тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Ҳамчунин муаллифи  “Фозиле аз дили китобистон” қайд мекунад, ки “ба муваффақият расидани инсон дар як соҳа кори саҳл нест” ва аз ҷодаҳои пурпечутоби илм дар ҳаёту фаъолияти устод ёдоварӣ намуда, аз ҳаёту фаъолияти илмии Саидалӣ Муҳиддинов маълумот медиҳад.

Саидалӣ Муҳиддинов 3-юми марти соли 1956 ба дунё омада, аз овони наврасӣ дар дили худ орзуи муаррих шуданро мепарварид, ки муаллими таърих С. Баҳромов “бо санъати воло аз воқеаҳои таърихӣ, корнамоиҳои тоҷикон дар таърих суҳбат намуда”, дар қалби ӯ ин орзуро бедор сохт. Ин буд, ки соли 1973 ба шуъбаи китобдории факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (айни ҳол ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шуд. Ҳанӯз дар овони таҳсил маҳорати эҷодиаш боис гашт, ки ӯ сармуҳаррири ҷаридаи девории факултаи китобдорӣ таъин шуд. Саидалӣ Муҳиддинов солҳои 1979-1983 ба сифати китобдори калон ва сармуҳаррири шуъбаи илмӣ-методӣ кор карда, бо саъю талошҳои хастанопазир барои китобдорони ҷумҳурӣ дастурҳои методӣ таҳия намуда, ба китобдорон ёрии тахассусӣ мерасонад. Дар ин муддат зиёда аз 10 дастури методӣ таҳия ва чоп кардааст. Фаъолияти пурсамараш боис гашт, ки ба вазифаи мудири шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ таъйин шуда, рисолаву маҷмуаҳои илмӣ таҳия намояд. Ба ҳамин минвол ҷидду ҷаҳд ва донишу малакаи касбӣ соли 1990 Саидалӣ Муҳиддиновро шомили шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав гардонида, солҳои таҳсил ба ҷуз аз таҳқиқоти ҷиддии рисолаи номзадӣ, дар ҳамин донишкада ба ҳайси омӯзгор низ фаъолият намудааст. Маҳсули ин ҳама заҳматҳо буд, ки ӯ пеш аз мӯҳлат, соли 1993 дар шаҳри Маскав рисолаи илмии хешро дар мавзуи “Библиографинамоии миниётурҳои форсӣ-тоҷикӣ: ҷанбаҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва назариявӣ-методӣ”  дифоъ намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Саидалӣ Муҳиддинов дар Маскав бо бузургони библиографияи  шуравӣ ба монанди О. П. Коршунов ва Ю .С. Зубов аз наздик шинос шуда, аз онҳо сабақ гирифтааст.

Солҳои пасоҷангӣ, ки ба ҳайси директори Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ таъйин гашта буд, ба вазъияти начандон хуби он давра нигоҳ накарда, талошҳҳо кардаву ташаббус нишон медод ва дили мардумро ба фардои нек гарм месохт. Бо баргузории конфронсу семинар ва маҳфилҳо китобро тарғиб ва мардумро ба китобхонӣ ҷалб менамуд. Маҳз дар ана ҳамин лаҳзаҳои душвор бо иқдоми ин марди наҷибу илмдӯст маҳфили “Суҳбати соҳибдилон”, нашрияи “Китоб” ва Шурои хонандагон таъсис ёфт ва Шурои илмӣ аз нав эҳё гардид. Боиси тазаккур аст, ки ба хотири ҳимояи рисолаи докторӣ бо хоҳиши худ аз вазифаи директори Китобхонаи миллӣ даст кашида, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот кори илмии худро пеш бурд ва соли 2003 дар мавзӯи «Омӯзиши таърихи санъати тасвирии халқи тоҷик (замони тоинқилобӣ)», бо дифои рисолаи докторӣ соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих гардид.

Муҳаммадиқбол Атозода дар матлаби худ аз мавқеъ ва нуфузи илмии ин олими тавоно ёдовар шуда, мегӯяд: “Доманаи таҳқиқоти Саидалӣ Муҳиддинов хеле васеъ буда, масоили гуногуни таъриху таърихнигорӣ ва фарҳангу санъатшиносиро дар бар мегирад. Яке аз самтҳои вижаи кораш таҳқиқи масъалаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ мебошад. Ӯ дуюмин доктори тоҷик аз ҷумлаи хатмкардагони тахассуси китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба пажӯҳишу омоданамоии мутахассисони китобхонашиносу библиографшинос машғул мегардад. Зикр кардан бамаврид аст, ки самти фаъолияти илмии олим чӣ китобхонашиносиву библиографишиносӣ, санъатшиносиву таърихнигорӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, якдигарро комил менамоянд.”

Дар воқеъ, дар фароварди маҷалла матлаби хонданбоби дигаре ҳаст таҳти унвони Ҳар кӣ моро ёд кард… Мақолаи зерин ба қалами Ҷ. Каримзода мансуб буда, дар қисмати ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ ҷой дода шудааст. Ин ҳикоятест аз ҳаёти рӯзмарраи мо. Муаллиф аз писарбачае, ки пушти даҳсомонаи дар даст доштааш мисраҳои каломи Мир Саид Ҳамадониро мехонд, қисса мекунад. Дар автобуси серодаму серғавғо, писарак мисраҳоро бо шавқ мехонду модараш оромона ӯро ислоҳ мекард. Бо ин ҳама талотуми дохили автобус ва сару садои роҳу мусофирон ин писарак ҷаҳони орзуҳоро мемонд. Ҷаҳони оғӯштаи шеъру ғазал ва китобу сухан. Ҳине, ки  муаллиф ва шоҳиди ин ҳодиса бо писарак ҳамсуҳбат шуд, маълум гашт, ки ӯ Усмон ном доштаву дар синфи якум таҳсил мекунад. Қироати шеърро дӯст медоштаву орзуи дар оянда иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” шуданро доштааст. Дар идома Ҷ. Каримзода доир ба тарбияи фарзанд ва аз кудакӣ дар қалби кучаке тухми орзуҳои маърифатпарваронаро кошта тавонистани модаре фикру андешаҳои худро манзур месозад. Ва гумон мекунам, маҳз дар чунин навои дилгармкунанда ба анҷом расидани шумораи навбатии маҷалла низ ҳикмате дорад. Ҳикмати некбиниву боварӣ ба ояндаи неки миллату давлати мо.

Махфират МУҲИДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа