Маҷаллаи “Паёми Китобхонаи миллӣ” ба Феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи кишвар ворид шуд
Ахиран Комиисияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ”- ро ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кард.
Маҷаллаи мазкур метавонад маводи илмӣ дар самти илмҳои 05.25.00 – Иттилооти ҳуҷҷатӣ (05.25.03-Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ); 07.00.00 – Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.09-таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ, методҳои таҳқиқоти таърихӣ); 10:00.00 – Илмҳои филологӣ (10.01.10 – Рӯзноманигорӣ) ва 13.00.00 – Илмҳои педагогӣ (13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот) мунташир кунад.
Маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ” соли 2021 таъсис ёфта, соле 4 маротиба ба табъ мерасад.
Роҳбарияти Китобхонаи миллиро чӣ водор кард, ки даст ба таъсис ва интишори чунин як маҷаллаи заҳматталаби илмӣ занад?
Посухи ин суолро аз худи маҷалла, аз сарсухани сардабири он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ба чопи шумораи аввали нашрия метавон пайдо кард.
Профессор Файзализода ба ин назар аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази воқеии илму маърифат ва нигаҳдорандаи нерўи зеҳнии инсон табдил ёфтааст. Китобхонаи миллӣ дар татбиқи сиёсати китобдории Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳм гирифта, пайваста кўшиш менамояд, ки дар фароҳамовариву нигоҳдорӣ ва дастраси гурўҳҳои гуногуни хонандагон гардонидани захираи китобӣ ва ташкилу баргузории силсилаи чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мусоидат намояд. Яке аз чорабиниҳои муҳимми сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки соли панҷум аст зери сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар саросари кишвар баргузор мегардад, озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Натиҷагирӣ аз фаъолияти озмун исбот намуд, ки воқеан миллати китобдўсту китобофари тоҷик метавонад дар заминаи омўзиши мероси бузурги адабиву илмии аҷдодони худ анъанаҳои неки китобхониву китобдориро бо шеваву равишҳои нав равнақу ривоҷ диҳад. Дар ҳошияи ин таҳаввулотҳои ба вуқўъ пайваста месазад, ки масъалаҳои назариявӣ ва амалии соҳаи китобдории тоҷик бо дарназардошти вижагиҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва мутахассисони ришта мавриди омўзишу таҳқиқ қарор гиранд. Дар ҳалли ин масоил маҷаллаи илмии навтаъсиси «Паёми Китобхонаи миллӣ» мадад расонида метавонад.
Маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллӣ» фаъолияти худро дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр», «Оинномаи Китобхонаи миллӣ» ва дигар асноди меъёрӣҳуқуқии соҳаҳои илму маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ба ихтиёри хонанда вогузор намудани маводи чопии илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва махсусан маводи марбут ба китобшиносиву китобдорӣ, интишори мақолаҳои проблемавӣ роҷеъ ба масоили муҳимми илмҳои таърих, педагогика, психология, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, иттилоотшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии аҳли ҷомеа ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба китобу китобхона кўшиш ба харҷ медиҳад.
Ҳангоми таъсиси маҷаллаи мазкур мо тасмим гирифтем, дар заминаи ҳадафу вазифаҳои зерин чунин корҳоро ба анҷом расонем:
Аввалан, ғояи асосии таъсиси маҷалла дар саҳифаҳои он муттаҳид сохтани афкору андешаҳои олимону мутахассисон оид ба масъалаҳои мубрами илми китобдории тоҷик, аз ҷумла таҳқиқи таърихи фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар даврони истиқлол, омўзиши проблемаҳои педагогикаи китобдорӣ, психология ва сотсиологияи хониши гурўҳҳои мухталифи хонандагони китобхонаҳои навъҳои гуногун, нақшу мақоми китобхона дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, рушду нумўи забони модарӣ, ташаккули фарҳанги иттилоотии хонандагон, густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои китобдорӣ ва марказҳои библиографии мамлакатҳои хориҷӣ дар самти мубодилаи байналмилалии китоб, тақвияти фаъолияти абонементи байни китобхонаҳо, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки то кунун мавриди омўзиш қарор нагирифтаанд, маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, дар саҳифаҳои маҷалла мунтазам ва ҳаматарафа доираи масъалаҳои аҳаммияти назариявию амалидоштаи марбут ба илмҳои таърих, педагогика, психология, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносӣ баррасӣ карда мешаванд. Ба ин муносибат, маҷалла на танҳо натиҷаи корҳои илмии олимони соҳаи китобдорӣ, балки инчунин муаррихон, забоншиносон, равоншиносон, сотсиологҳо, бо ибораи дигар гўем, намояндагони кулли соҳаҳои илмҳои гуманитариро ба табъ мерасонад. Итминони комил дорем, ки ин иқдом метавонад дастаҷамъона дар таҳқиқи бештари масоили то ҳол омўхтанашудаи соҳаи китобдории тоҷик мусоидат намояд.
Сониян, дар саҳифаҳои маҷалла масъалаҳои мубрам ва муҳимтарини марҳалаи ҳозираи фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар давраи нави таърихи давлатдории миллӣ мавриди омўзиш қарор мегиранд. Ҳамзамон, ҳангоми омўзиши масъалаҳо мо ба суннатҳои қадимаи китобдории ниёгонамон такя намуда, дар асоси онҳо арзишҳои нави китобдориро ташаккул медиҳем, ки сатҳи дониши тахассусии китобдорон ва фарҳанги донишандўзии шаҳрвандонро боло мебардорад.
Сеюм, чи тавре ки қайд намудем, яке аз самтҳои асосии маҷалла ба омўзиши масъалаҳои китобшиносиву китобдорӣ нигаронида шудааст. Сабаби ин қабл аз ҳама дар он аст, ки дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии китобдорӣ ба омўзиши вижагиҳои психология ва сотсиологияи хониш, майлу рағбати хонандагон ва таъмини саривақтии эҳтиёҷи онҳо бо асноди интишорёфта бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, роҳбарӣ ба хониши хонандагон дар китобхонаҳои электронӣ, таҳияву истифодаи дастгоҳи маълумотию библиографии электронӣ ва мувофиқу созгор намудани самтҳои афзалиятноки китобхонаҳои мамлакат ба шароит ва талаботи ҷомеаи иттилоотӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Мо бо нашри ин маҷалла кўшиш менамоем, ки холигии мавҷударо пур намоем.
Чаҳорум, мехоҳам таъкид намоям, ки мо ин нашрияро ба ҳайси як минбари озод таъсис додем, то ки тавассути он ҳарчи беҳтару бештар афкору андешаҳои ҷолибу пешқадамро ба намоиш гузорем, тафсири нави мафҳумҳоеро, ки дар илми китобдории ватанӣ ва хориҷӣ кайҳо собит ва устуворанд, пешниҳод намуда, бо дарназардошти талаботи замони муосир дастовардҳои нави инноватсионии ҷаҳониро дар фаъолияти китобхонаҳои мамлакат роҳандозӣ намоем. Умедворем, ки маҷалла бо кумаку дастгирии аҳли илму адаб, олимону муҳаққиқон ва равшанфикрони тоҷик ҷиҳати ҳалли муаммоҳои ҷойдошта ва бо ҳамин васила барои баланд бардоштани нуфузи илми китобдории тоҷик мусоидат хоҳад кард.
Чуноне дида мешавад, маҷалла бо ҳадафҳои муқаддас – татбиқи сиёсати фарҳангии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди китобдорӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ натиҷаи таҳқиқотҳои бунёдиро мехоҳад мунташир кунад ва дар рушду нумуи ин илмҳо саҳми шоиста дошта бошад.
Таъкид бамаврид аст, ки дар айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 6083 китобхона мавҷуд аст. Аз ҷумла 1362 китобхона дар тобеияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4587 китобхона дар тобеияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 143 китобхона дар тобеияти дигар вазорату идораҳо қарор доранд.
Иқрор ҳам бояд шуд, ки соҳаи китобдорӣ дар Тоҷикистон аз камбудиҳо холӣ нест. Ҳоло мебояд риштатаҳқиқотҳое анҷом шаванд ва решаҳои аслии камбуду норасоиҳо ёфта шаванд. Ин таҳқиқотҳо мебояд ҷиддан илмӣ бошанд, то пайи ислоҳи он сохторҳои зирабт бикӯшанд. Бояд вазъи воқеии фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва дастрасии аҳолии он бо адабиёти мавриди ниёз мавриди таҳқиқу баррасии олимона қарор гирад. Барои инъикоси натиҷаи ин таҳқиқотҳо ниёз ба нашрияҳои илмӣ вуҷуд дорад, то дар якҷоягӣ мо тавонем соҳаи китобдории худро низ баробар ба соҳаҳои дигар рушд диҳем.
То ба имрўз дар шуморањои интишоршудаи маҷаллаи “Паёми Китобхонаи миллӣ” 105 мақолаи илмӣ аз муаллифони гуногун чоп шуданд.
Маҷалла аз равзаҳои “Китобхонашиносӣ”, “Библиографияшиносӣ”, “Забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва публитсистикашиносӣ”, “Фарњангшиносӣ”, “Педагогика ва психология”, “Таърих”, “Танқид ва китобиёт” иборат буда, хулосаи ҳар мақоларо ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ мунташир мекунад.
Б.Шафеъ