Маҷлиси шурои илмӣ-методии китобхонаи миллӣ
13-уми сентябри соли ҷорӣ маҷлиси Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, проофессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Сипас, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхона Қурбонбӣ Салимова дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои фаъолияти шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар” шунида шуд. Раиси Шурои илмӣ-методӣ Файзализода Ҷумахон Хол пас аз баррасии ҳисоботи ироагардида иброз намуд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти шуъбаи мазкур тадбирҳои зиёд амалӣ гардида истодааст ва масъулини соҳаро низ зарур аст, ки ҷиҳати ҳифз ва тарғиби сарчашмаҳои фарҳангӣ ва осори марбут ба фарҳангу ҳунари миллат корҳоро ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин, аз рӯйи масъалаи дувуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори шуъбаи депозитарӣ Идигул Нусратуллозода оид ба масъалаи “Ҳифз ва тарғиби маводи фондҳои шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯйи масъалаи сеюми маҷлис ҳисоботи сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Яқуб Бобохонов оид ба масъалаи “Вазъи фаъолияти Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар доираи масъалаҳои ҷории маҷлис бошад чанде аз дастурҳои библиографии аз ҷониби бахшу шуъбаҳои муассиса таҳиягардида, барои баррасӣ ба муқарризони расмӣ пешниҳод карда шуданд.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои ҳайати Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир раиси Шурои илмӣ-методӣ – директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол ҷиҳати тадбирандешӣ барои беҳбуди сатҳу сифати фаъолият ва иҷрои қарорҳои қабулнамудаи ҳайати Шурои илмӣ-методӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Котиби Шурои илмӣ-методӣ Ҳадиятуллоҳи Амриддин