Маликахон  Олимова: Асарҳои Пешвои миллат дарсе аз гузашта ва нигоҳе ба оянда

Маликахон

Маликахон  Олимова, ғолиби ҷойи сеюм. Асарҳои Пешвои миллат  дарсе аз гузашта ва нигоҳе ба оянда

Маликахон Олимова донишҷӯи соли сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнес Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” соҳиби ҷойи ифтихории сеюм гашт. Тавре ки медонем озмун аз 23 юми сентябри соли 2025 то 27 уми сентябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дошт.

Маликахон ба озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  бо омодагии ҷиддӣ омада, ифтихор аз он дорад, ки саъю талошҳояш самар доданд. Ӯ миёни зиёда аз 200 нафар довталаб тавонист аз имтиҳони ҳаками озмун бо сарбаландӣ бурун ояд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гашт, мо бо Маликахон Олимова мусоҳиба оростем. Зимни суҳбат бо мо Маликахон иброз дошт, ки ҳисси ватандӯстӣ ва дастгириву кӯмакҳои устодаш Зиёбоева Мавзунахон ӯро тӯли ин роҳ ҳамеша ҳамроҳ буданд. Ӯ бо роҳнамоии устодаш зиёда аз 27 адад асари Пешвои миллатро мутолиа намудааст. Асосан Маликахон барои мутолиаи китобҳо вақти худро дар Китобхонаи миллӣ сипарӣ намудааст. Қаҳрамони имрӯзаи мо қайд кард, ки асари Пешвои миллат “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, ки аз 21 ҷилд иборат аст, барояш бисёр таъсирбахш буд. Бахусус ҷилди аввали асар, ки тамоми ҳодисаву воқеаҳои солҳои 1991-1997-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин ғолиби озмун иброз дошт, ки тариқи маниторинг аз рафти озмун наззора кардани баромади иштирокчиён гувоҳи шаффофияти ин раванд буд ва ба мо иштирокдорон як ҳисси боварӣ тақдим мекард. Аз ҷумла гуфт, ки “баргузории чунин озмунҳо даст медиҳад то аз миёни ҳазорон нафар довталабон шахсони боистеъдоду сухандон, арҷгузор ба арзишҳои фарҳангии халқу миллат пайдо гарданд”.

Маликахон дар анҷоми сӯҳбат ба ҷавонон тавсия дод, ки вақти қиммати худро барҳадар надода, китоб хонанд, аз ҷумла  китобҳои таърихиро зиёдтар хонанд, аз корнамоиву ҷонфидоиҳои гузаштагони худ ифтихор намудаву дарси мардонагӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ омӯзанд.

Мо низ ба суханони Маликахон Олимова ҳамроҳ шуда, ҷавонону наврасонро барои мутолиаи китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон даъват менамоем.

Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа