“Мантиқ” – китобе, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кардааст

МантиқКитоби «Мантиқ»- ро кафедраи «фалсафа ва сиёсатшиносӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зери назари профессор Н. М. Сайфуллоев нашр кардааст. Муаллифи китоб Баҳманёр Сулаймонов аст.

Дар ин китоби дарсӣ бахшҳои асосии мантиқи шаклӣ, мафҳум, қазия, қонунҳои асосии мантиқ ва хулосабарорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Муаллифи китоби «Мантиқ» андешаҳои барҷастатарин мантиқшиносонро бо такя ба сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баррасӣ намуда, мубрамияти мавзуъҳои фанни мантиқ ва муҳимму зарур будани омӯзиши онҳоро таъкид намудааст.

Мавзуъҳои китоби мазкур бо талаботи барномаҳои замони нав мувофиқ аст. Мусаллам аст, ки ҳадафи таҳияи чунин китоб тақозои замони имрӯз буда, бевосита, барои таваҷҷуҳ ба тааққули илмӣ ва рушди тафаккури мантиқӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ин китоби дарсӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон тавсия дода мешавад.

Хонандагон метавонанд китоби дарсии «Мантиқ»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Маҳмадвалӣ Зиёев, сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ».