Манучеҳрӣ дар пажӯҳиши устод Евгений Эдеардович Бертелс
МАНУЧЕҲРӢ. Абулнаҷмиддин Аҳмад ибни Қавс ибни Аҳмади Манучеҳрӣ аз Домғон, савумин чакомасарои бузург дар миёни шоирони ғазнавиён аст. Асарҳои Манучеҳрӣ дере аст, ки чашмони ховаршиносонро ба худ дӯхтааст. Ризоқулихони Ҳидоят дар соли 1868-и тарсой (1285-ҳиҷрӣ) девони Манучеҳриро дар Теҳрон ба чопи сангӣ расонид.
О. Казимирский, ховаршиноси номдор, матни девонро ҳамроҳ бо тарҷумаи Фаронса ва тафсире бузург дар соли 1886-и тарсой, дар Париж чоп кард. Дар он ҳангом адабиёти форсии садаҳои Х-ХI-и тарсой, чандон омӯхта нашуда буд ва шигифтовар нест, ки Казимирский чеҳраҳои таърихиву адабиро, ки дар ин девон бас фаровонанд, тавонист дарёбад ва бар онҳо тавзеҳе яксара дигар дод.
Чопи девони Манучеҳрӣ на коре аст чандон осон. Нусхаҳои куҳани девон намондааст, аммо нусхаҳои пасин бо он ки бисёранд, анбошта аз таҳрифҳое ҳастанд, ки рӯнавишткунандагоне, ки аз вожаҳои мансух сар дарнамеоварданд, ба онҳо даровардаанд. Нахустин касе, ки пас аз О. Казимирский кӯшише дархӯр барои бозгушоии ин масъала кард, ҳамоно Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, донишманди эронӣ буд, ки дар соли 1947 (1326-и ҳиҷрӣ-шамсӣ), дар Теҳрон девонеро чоп кард, ки бунёдаш бар сиву шаш сарчашмаи устувор аст. Ӯ на танҳо кӯшид мӯшикофона матнҳои асосии Манучеҳриро зинда кунад, балки гузоришҳое бузург ва пурарзиш ҳам дар он афзуд: Феҳристи номҳои мардумон дар ин девон ба тарзи зиндагиномаи кӯтоҳи онҳо табдил шудааст. Афзуда бар ин, Дабири Сиёқи гиёҳонеро, ки чакомасаро аз онҳо ёд кардааст, бо номи дурусти порсии имрӯз ва лотин овардааст. Ӯ ҳамчунин феҳристи номҳои оҳангҳои мусиқӣ (дурусттар ин ки пардаҳои нағма, ки бештаршон реша дар мусиқии рӯзгори пеш аз исломи эрониён доранд) оростааст. Неру ва бурдбории ин донишманд дар анҷоми ин кори ба ростӣ сутург, мояи шигифтӣ аст.
Акнун пайковии девоне, ки Муҳаммад Дабири Сиёқӣ онро зинда кардааст, муяссар месозад додаҳои тазкираҳои садаҳои миёнаро, ки донишмандони Аврупо пештар онҳоро ба гунаи ғайриинтиқодӣ мепазируфтанд, биёзмоем. Равшан аст, ки номи пурраи чакомасаро аз девон ба даст намеояд ва мебоист онро бо ҳамбарсозии додаҳои тазкираҳо бозсозӣ кунем. Ба гумон метавон ҳамон намудеро, ки Дабири Сиёқӣ дар он мурур кардааст бипазирем, ки мегӯяд: «Абулнаҷм Аҳмад ибни Қавс ибни Аҳмад Манучеҳрии Домғонӣ аз бузургони шуарои хушқариҳа ва ширинсуханони форсӣ аст». Менамояд, ки тахаллуси Манучеҳрӣ (ба сони он ки дар Саъдӣ ҳам ҳаст) аз номи Манучеҳр ибни Қобуси Зиёрӣ, ки чакомасаро дар дарбори ӯ ба пешрафти худ оғоз кард, сохта шуда бошад.
Дере чунин бармешумурданд, ки яке аз қасидаҳои девон бо матлаи: Бинӣ он турке, ки ӯ чун бар занад бар чанг, чанг?
барои Манучеҳрӣ навишта шудааст, зеро дар бисёре аз нусхаҳои хаттӣ номаш «дар мадҳи Испаҳбад» аст. Аммо чунонки доктор Муҳаммад Дабири Сиёқӣ ба дурустӣ дар пешгуфтор, чопи навини девон ёдовар шудааст, чунин чизе наметавонад бошад, зеро Зиёриён лақаби «Испаҳбад», ки дар вилоятҳои каронаи Хазар бино бар маъмул намоёнгари фармонравоёни Табаристон будааст, надоштаанд ва ин фармонравоён зерфармони Зиёриён набудаанд. Давлатшоҳ ва дар паи ў бархе аз муаллифони тазкираҳои пасинтар (чунончи «Оташкада»), Манучеҳриро зодаи Балх медонанд. Аммо худи чакомасаро дар қасидаҳое, ки аз они ў буданшон ба гумон аст, худашро Домғонӣ медонад.
Ризоқулихон оварда аст, ки Манучеҳрӣ дар даврони Муҳаммади Ғазнавӣ лақаби Тархон гирифта будааст. Аммо аз девони Манучеҳрӣ дар намуди кунуниаш чунин бармеояд, ки чакомасаро ба рӯзгори Масъуд, яъне баъд аз халъу бандӣ шудани Муҳаммад ба дарбор омадааст ва наметавонистааст аз Муҳаммад лақабе бигирад. Дар бархе тазкираҳо («Ҳафт иқлим», «Тазкират-уш-шуаро») Манучеҳрӣ, дар гурӯҳи чакомасароёни дарбори Султон Маҳмуд омадааст. Аммо чунонки Муҳаммад Дабири Сиёқӣ ба дурустӣ ёдовар шудааст, бо доварӣ аз чакомаҳое, ки мондааст, Манучеҳрӣ на танҳо Маҳмуд, балки Муҳаммадро ҳам надидааст. Бино бар маъмул, барои устувор кардани ин ки Манучеҳрӣ чакомасарои дарбори Муҳаммад будааст, ин байтро гувоҳ меоваранд:
Қайсар шаробдори ту, Ҷипол посбон,
Ябғав рикобдори ту, Фағфур пардадор.
Дабири Сиёқӣ ёдовар мешавад ин байт аз қасидае гирифта шуда, ки барои ҷашни садаи соли 429 (1037/38-и тарсой) суруда шуда, ба Султон Масъуд пешкаш гардидааст. Дар ин ҷо аз Маҳмуд, танҳо ҳамчун падари номдори ситоишшаванда ёд шудааст. Бисёре аз муаллифон ба Манучехрӣ лақаби «шасткалла» додаанд, ки медонем онро гуногун мехонанд ва тафсирҳои пиндории бисёре бар он аст. Ин лақаб ҳам дар паи беэҳтиётии Давлатшоҳ падидор гардида ва чун дасташ сабук буда, дар тазкираҳои гуногун ба гашту гузор пардохта, аз он ҷо назди ховаршиносони Аврупо омадааст.
Аммо чунонки М. Қазвинӣ дар ҳавошии таърихи «Ровандӣ» ёдовар шудааст, наметавон ин суханони таърихнависро нодида гирифт, ки мегӯяд сабаби навиштани ин китоб («Роҳат-ул-сурур»-и Рованди – Е. Бертелс) он будааст, ки дар соли 580 фармонравои ҷаҳон, Рукнудунё валдини Туғрал ибни Арслон, маҷмӯаи шеъре хост. Амуи ғуломи вафодори шумо Зайниддин аз он нусхабардорӣ ва наққош Ҷамоли Исфаҳонӣ онро наққошӣ кард. Чанд достон ҳам навишта, ба он дароварданд. Фармонравои ҷаҳон маҷмӯаи ононро бо табъи латифи худ зиннат бахшида, базлагӯӣ кард. Ў ин достонҳоро «ғайбӣ» ва бархеро «ҷайбӣ» номид. Дар ин ҳангом амир-уш-шуаро ва расули сардорон Шамсиддин Аҳмад ибни Манучеҳри Шасткалла, қасидае барои Татамох сохта буд, гуфт, ки…».
Гумон дар ин наметавонад бошад, ки Ровандӣ лақаби марди ҳамдавраи хешро ба дурустӣ овардааст. Ба гумоне бисёр ин лақаб аз ин рӯ ба Манучеҳрии чакомасаро часпонда шудааст, ки соҳиби он панҷоҳ сол пас аз вай мезистааст, номаш Аҳмад ибни Манучеҳр будааст. Давлатшоҳ метавониста аст ба содагӣ ин ду танро бо якдигар иштибоҳ кунад. Девони Манучеҳрӣ дар он намуде, ки онро Дабири Сиёқӣ бозсозӣ кардааст, дорои панҷоҳу ҳафт қасида, ёздаҳ мусаммат, бист қитъа, шаш рубой, ва чанд байти пароканда аст, ки пораҳое аз қасидаҳои гумшуда ҳастанд. Бештар қасидаҳо барои Масъуди Ғазнавӣ (солҳои 421 – 1030-и тарсой, 432 – 1040-1041-и тарсоӣ)] ҳастанд ва дорои ёдовариҳое аз рухдодҳои таърихии даврони фармонравоии ин султон. Нахустин ҳомии Манучеҳрӣ аз даврони Зиёрӣ, амир Фалакулмаъолии Манучеҳр ибни Қобус буд ва шоир бо сарфарозӣ номи ӯро тахаллуси худ кард. Бархе аз қасидаҳои Манучеҳрӣ барои он мардони дарбориҳои ғазнавӣ ва Зиёрӣ аст, ки дигар яксара аз ёдҳо рафтаанд…
Ин як пора аз пажӯҳиши донишманди варзида, академик Евгений Эдуардович Бертелс дар бораи шоири маъруф Манучеҳрӣ буд, ки дар китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” чоп шудааст.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Маҳинбонуи Ҷамолиддин
Маркази “Тоҷикшиносӣ”