Маркази иттилоотӣ-ҳуқуқӣ

Маркази иттилооти ҳуқуқӣ аз соли 2012 то инҷониб фаъолият карда истодааст. Шуъба бо ҳадафи дар руҳияи эҳтироми қонун, риояи ҷиддии он тарбия намудани шаҳрвандон ва сари вақт таъми намудани онҳо бо иттилооти зарурии ҳуқуқӣ ташкил шудааст.

Вазифаҳои асосии марказ:

Табиист, ки китобхона чун маъхази муҳими маърифат силсилаи китобҳои ҳуқуқӣ дорад ва чун ҳуқуқ як бахши басо муҳими ҳаётиӣ оммаест, ки таъсиси марказ ё шуъбае дар назди китобхона аз аҳамияти вижае бархӯрдор мебошад. Таҷриба нишон дод, ки афроди зиёде ҷӯёи донишҳои ҳуқуқианд ва ин бахш метавонад дар ин самт хизматҳои зиёди шоиста анҷом диҳад.

Фаъолияти марказ аз чунин корҳо иборат мебошад:

– омӯзиш ва таҳлили рушди соҳаи ҳуқуқ;

– таҳкими пояи ҳуқуқии китобхона;

– омӯзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии истифодабарандагон;

– ташвиқу тарғиби фаъолияти китобхона ва бахшу шуъбаҳои онҳо дар матбуоти даврӣ, радио ва телевизион;

– таъсис ва ҳамоҳангсозии хизматрасонии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии пулакӣ дар асоси созишнома (якҷоя бо дигар шуъбаҳои китобхона).

 

Реҷаи корӣ:                                                                       аз соати 08:00 то 17:00
Рӯзҳои корӣ:                                                                     душанбе – ҷумъа
Сардори шуъба:                                                               Ҳусайнов Хайрулло Фармонович
Телефон:                                                                            221-05-86