Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ

Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ – воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Оинномаи «Китобхонаи миллӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ амалӣ менамояд.

Марказ аз воҳидҳои кории сардори марказ, муовини сардор, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис иборат аст.

Маркази таҳсилот фаъолияташро аз 1-уми апрели соли 2012 бо номи Маркази такмили ихтисос оғоз кардааст, ки вазифаҳои хизматии кормандони Марказ тибқи дастурамалҳои тасдиқгардида муайян карда шудаанд.

Соли 2023 бо тақозои тахассусӣ ва талаботи низоми идории Китобхонаи миллӣ, Низомномаи Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ дар такмил ва таҳрири нав бо қарори Шурои илмӣ-методии муассиса қабул карда шуд, ки тибқи он вазифаҳои Марказ дар самтҳои зерин муқаррар карда шудаанд:

 

  • Ба роҳ мондани курси ғоибонаи олии китобдории сесола.
  • Ташкили магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисосҳои кори китобдорӣ, китобхонашиносӣ ва таърихи китоб, иттилоотшиносӣ ва фарҳангшиносӣ.
  • Такмили донишҳои соҳавии кормандони Китобхона ва китобдорони китоб­хо­на­ҳои мамлакат тавассути курсҳо, курсҳои сайёр, таълим дар ҷойҳои кор ва семи­на­ру кон­ф­ронсҳо дар манотиқи ҷумҳурӣ.
  • Таҷрибаи пешқадами кори китобдории хориҷаро ме­омў­зад ва онро ҷиҳати пешрафти соҳаи китобдории кишвар тарғибу ташвиқ мекунад.
  • Равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ, низоми барномаҳои автоматикунонии соҳавӣ ва раванди рақамигардонии фондҳои китобхонаҳои пешрафтаи хориҷро меомӯзад ва ҷиҳати татбиқи низоми автоматикунонии кори китобдорӣ пешниҳодҳо манзур менамояд.
  • Маводи чопии соҳавии Марказро афзун мегардонад ва таблиғи онҳоро дар байни китобдорон ва ҷомеа тариқи васоити ахбори омма ба роҳ мемонад.
  • Барои мутобиқ гардидан ба низоми фаъолияти муосири китобдорӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ барномаи амал ва тавсияҳо пешниҳод менамояд.
  • Барои китобдорони китоб­хона­ҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барномаю нақшаҳои мавзуӣ ва услубӣ-таълимӣ манзур менамояд.
  • Феҳристи адабиёт оид ба соҳаи китобдорӣ, китобхонадорӣ, иттилоотшиносӣ ва библиографияшиносиро таҳия менамояд.

Соли 2024 пас аз саъю кӯшиш ва талошҳои пайваста аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2024 таҳти №3537 ба Китобхонаи миллӣ иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ дар шакли таҳсилоти баъдидипломӣ дар зинаҳои аспирантура ва доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) аз рӯйи ихтисосҳои “китобхонашиносӣ”, “библиографияшиносӣ” ва “китобшиносӣ” мутобиқ ба шохисҳои 05.25.03 ва 6D011001 дода шуд.

Дар ин асос акнун Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ ҳамасола 4 нафар довталаб барои зинаи таҳсили аспирантура ва 4 нафар довталаб барои зинаи доктор PhD (доктор аз рӯйи ихтисос) қабул менамояд.

Дар заминаи Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ ҳамасола курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ, барномаҳои инноватсионӣ, омӯзиши барномаи ALEPH ва дигар масъалаҳои муҳимми соҳавӣ гузаронида мешавад.

Дар ин баробар курсҳои сайёри такмили ихтисос барои китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил ва баргузор карда мешаванд, ки дар асоси он китобдорони минтақаҳои гуногуни мамлакат ба курси сайёр ҷалб гардида, ба омӯзиши асосҳои донишҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ фаро гирифта мешаванд ва дар ин замина бо сертификати Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин, Марказ дар ихтиёри худ фонди китобҳои соҳавӣ дорад, ки аз 557 нусха адабиёти тахассусӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ иборат мебошад. Адабиёти мазкур ҳамчун сарчашмаҳои илмӣ-назариявии ёрирасон дар раванди таълим ва таҳқиқоти соҳавӣ истифода мешаванд.

Марказ дорои 20 компютери корӣ ва муҷаҳҳаз бо интернет, монитор барои гузаронидани дарсҳо ва дигар таҷҳизоти лозим мебошад, ки бо истифода аз онҳо оид ба навгониҳои соҳаи китобдорӣ, барномаҳои инноватсионӣ дар самти китобдорӣ ба муҳассилин дарс гуфта мешавад.

Реҷаи кории Марказ:
Душанбе – ҷумъа аз соати 08:00 то 17:00.
Шанбе – Якшанбе истироҳат.
Тел.: 2210618