Маркази такмили ихтисос
Маркази такмили ихтисос аз 1-уми апрели соли 2012 тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30.10. соли 2012 таҳти № АУ- 00011 ва дар асоси «Оиннома», «Низомнома», «Дастурамал»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолият менамояд.
Самтҳо ва вазифаҳои асосии фаъолияти марказ иборат аст:
– такмили дониши кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳамаи китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, тавассути курсҳо, таълим дар ҷойи кор ва семинару конфронсҳои ватанию хориҷӣ ба роҳ мемонад;
– курсҳои такмили ихтисоси китобдорӣ;
– курсҳои сайёри такмили ихтисос;
– ташкили семинарҳо, маърӯзаҳо, симпозиумҳои ватанию хориҷӣ;
– омӯзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ, таҷрибаи пешқадами соҳаи китобдории ватанию хориҷӣ ба воситаи васоити ахбори умум;
– ташкили маркази таълимию тренингӣ оид азхудкунии технологияи навтарини соҳаи китобдорӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ;
– тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ гардонидани ҳамкориҳо бо сафоратхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳои байналмилалӣ, барномаҳои ЮНЕСКО оиди рушди фаъолияти китобдорӣ (тайёр ва бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ).
Реҷаи кории шуъба: аз соати 800 то 17 00
Рӯзҳои корӣ: душанбе-ҷумъа
Муовини сардори Марказ: Ҳалимова Гулчира Ҳамитовна
Телефон: 221-06-18