Марям Маннонзода: Ғолиби маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” дар моҳи сентябр

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” ва лоиҳаи барномаи рушди Созмони Миллали муттаҳид чун ҳар вақта маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” доир гардид.

Марям Маннонзода хонандаи синфи 4-и гимназияи №1-и ноҳияи Варзоб, ки зиёда аз 130 асар мутолеа кардааст, ғолиби маҳфили “Китобхони беҳтарини моҳ” дар моҳи сентябр эълон шуд. Салима Раҷабзода муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози маҳфил суханронӣ намуда, ба ғолиб медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Марям мегӯяд аз асарҳои мутолеа кардаам бештар “Повести Одина”-и устод Садриддин Айни диққатамро ҷалб кард, ки дар бораи писари ҷавони ятиме қисса мекунад, ки бо беадолатию ноҳақӣ рӯ ба рӯ мешавад ва кӯшиш мекунад, ки бахт ва муҳаббаташро ёбад. Бо вуҷуди он ҳама душвориҳои зиндагӣ умедро аз даст намедиҳад, аммо оқибат дур аз ватан ва дӯстдоштааш ҷон медиҳад. Ҳамчунин Марям аз фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории хешро ба падару модараш ва устодаш Шаҳноза Даниярова баён карда гуфт, ки бо дастгирӣ ва талошҳои бепоёни онҳо дар озмун ширкат варзида ғолиби озмун шудам.

Сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Шаҳноза Даниярова тасдиқ кард, ки Марям аз хонандагони фахоли шуъба буда, ҳамарӯза баъд аз нисфирӯзӣ ба Китобхона меояд. “Марям ҳамчунин ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад ва кӯшишҳои ӯ барои ғолибият дар даври ниҳоии Озмуни мазкур хеле зиёд мебошад”– илова кард, сардори шуъбаи мазкур.

Бояд гуфт, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ҳамчун ташабускори асосии ин маҳфил дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон” давоми моҳ хонандагони шуъбаро, ки пайваста ба толори бачагона омада китобҳоро мутолеа мекунанд, ҳавасманд мегардонад. Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани завқи китобхонии кӯдакону наврасон  таъсири амиқ мегузорад.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,
бахши равобит бо ҷомеа.