Масъалаҳои мубрами китобноманигорӣ дар даврони Истиқлол
15-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ибтикори факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ тибқи нақша-чорабиниҳои маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон»-семинари илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами китобноманигорӣ дар даврони истиқлол» доир гардид.
Дар семинари илмӣ раёсати донишкада, мутахассиси соҳаи китобдорӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷуёну магистрантон, докторанту аспирантон, унвонҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкада ширкат варзиданд.
Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бахшида ба 30-солагии Контситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбиро орзу намуд. Мавсуф зикр намуд, ки масъалаҳои мубрами библиографишиносии тоҷик аз имрӯз оғоз меёбад. Оянда пешрафти илми библиографишиносии тоҷик аз донишу малакаи мутахассисони соҳаи китобдорӣ, махсусан, библиографон вобастагӣ дорад. Дар хотир бояд дошт, ки имрӯз ба ин дастовардҳои бузург ноил гаштани кишвар маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар библиографияи тоҷик аввалин дастурҳои библиографӣ ба сифати шакли библиографинамоии адабиёти бадеӣ ва адабиётшиносӣ дар шакли билиографияи дохилии китоб ва дохилии матн ва баъди он дар шакли «Ёддошт ба хонанда» ва «Руйхати мухтасари адабиёт» шинохта шудааст.
Ҳалли масъалаи мазкур имрӯз аз мутахассисони соҳа ва марказҳои бузурги библиографии кишвар ҳамкорию ҳамфикриро тақозо мекунад. Оид ба ин масъала баргузор намудани конференсияҳо, семинарҳо ва мизҳои гирд хеле ба маврид хоҳад буд. Дар ин ҳамоишҳо ҳатман масъалаҳои муҳими библиографӣ аз ҷумла истилоҳоти библиографӣ, таҳияи дастурҳои библиографӣ бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи ороиши тасвирҳои библиографии аснод дар фаъолияти тамоми китобхонаҳои кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирад.
Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзӯи «Дастурҳои библиографӣ доир ба масъалаҳои мубрами даврони истиқлол: услуби таҳияи анвоъ, шаклҳо ва жанрҳо» суханронӣ намуда иброз дошт, ки омӯзиши вазъи фаъолияти марказҳои библиографии ҷумҳурӣ дар самти китобноманигории осори чопӣ дар замони истиқлол нишон дод, ки дар ин давраи таърихӣ бо дарназардошти вазъи интишори осори гуногунмазмуну гуногунсоҳа, таҳия ва чопи навъу шакл ва жанрҳои мухталифи дастурҳои библиографӣ роҳандозӣ шудааст. Дар иҷрои ин вазифаи муҳим, қабл аз ҳама, саҳми Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ, Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар назаррас мебошад.
Номбурда иброз намуд, ки тақвияти фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва дигар марказҳои библиографӣ дар самти китобноманигории осори чопӣ, ба андешаи мо, қабл аз ҳама, иҷрои чунин корҳоро тақозо мекунад:
-таҳия ва ба тавсиб расонидани санадҳои меъёрӣ доир ба китобноманигории осори чопӣ;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти кории марказҳои библиографӣ дар самти китобноманигории осори чопӣ;
-таҳия ва нашр намудани дастурҳои библиографӣ марбут ба масъалаҳои мубрами даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон;
-роҳандозии нашри доимии дастурҳои библиографии иттилоотӣ дар заминаи адабиёти тозанашр;
-дар кори омода намудани дастурҳои библиографӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани библиографони касбӣ.
Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшидаанд. Тўли солҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки дар рушду нумуи соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузоштанд.
Махсусан, дар соҳаи библиография дар самти таҳияи дастурҳои библиографӣ як такони ҷиддӣ дида мешавад. Нахуст, барои таҳияи дастурҳои библиографӣ шароити мусоид муҳайё гардид ва мутахассисон дар фазои ороми Истиқлоли давлатӣ барои машѓул гардидан ба таҳияи дастурҳои библиографӣ имконият пайдо намуданд.
Таҳия ва истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳо махсусан, китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ яке аз мавзуъҳои муҳими назарияи библиографишиносӣ ба шумор меравад. Хидматрасонии иттилоотию библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, фарҳанг, илм, ҷаҳонбинӣ ниҳоят муҳим мебошад, ки бе истифодаи васеи дастурҳои библиографӣ дар фаъолияти ин китобхонаҳо ба ҳадаф ноил гардидан амрест маҳол.
Аз ин рў, бояд ба масъалаҳои таҳия ва истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ҷиддӣ муносибат намуд. Хонандагони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ нисбат ба дигар навъи китобхонаҳо бештар аст.
Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол, зарурияти омўзиши мавзуи мазкур ба миён омадааст, зеро талабот ба таҳия ва истифодабарии дастурҳои библиографӣ дар равандҳои фаъолияти китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ рўз то рўз афзун гардида истодаанд.
Дар семинари илмӣ инчунин доктор PhD-и кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ Наботов Шариф дар мавзуи «Самтҳои асосии ҳамкории китобхона ва оила дар раванди тарбияи насли наврас», донишҷӯи курси 4-уми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Саида Холиқова дар мавзуи «Ҷойгоҳи китоб ва китобхонаҳо дар ташаккули тафаккури насли наврас» ибрози андеша намуданд.
Дар охир, оид ба натиҷаҳои семинари илмӣ миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифт.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»