Маслиҳати модари 74-сола, ки дар Озмун ширкат кард

Давлатсултон РаҳматхудоеваДавлатсултон Раҳматхудоева зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли аввал аст ки бар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат дорад. Ӯ 74 сол дорад ва соҳиби 5 фарзанд ва 6 набера мебошад ва то нафақа баромаданаш мудири Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ будааст.

Аз  хурди мутолеаи китобҳоро дӯст медоштам, – мегӯяд ӯ,- ва китобҳои зиёдеро мутолеа кардаам ва барои ширкат дар Озмун як сол омодагӣ дидам. Ман бештар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Тӯтинома”, “Чор дарвеш”, “Самаки айёр”, “Ахлоқи Мӯҳсинӣ”, “Гулистон”-и Саъдӣ, “Саодатнома”-ро хондам. Панҷ қасида, 120 ғазал ва 135 рубоиро аз бар намудам. Бароям аз бар кардани ғазалу шеърҳо каме душвор буд, чун бо мурири замон ҳофизаи одам заиф мегардад ва ман ҳама ғазалу рубоиҳои аз бар кардаамро дар дафтарчаам қайд мекардам то ки аз хотирам наравад. Вақте ман ҷавон будам чунин шароитҳо муҳайё набуд ва орзу мекардам, ки дар чунин озмунҳо ширкат варзам ва имрӯз шукрона аз он дорам, ки Президенти маҳбуби кишвар ба мо ин имконро фароҳам оварданд, то орзуи деринаи худро амалӣ созем ва яке аз довталабони ин Озмуни бонуфуз бошам.

Ин модари 74-сола мегӯяд, ман ҳамчун як модари тоҷик ба ҷавонони имрӯза мехоҳам панде диҳам. Ҷавонони азиз! Имрӯз барои шумо шароити васеъ муҳайёст онҳоро қадр кунед, фаъол бошед ва дар озмунҳо иштирок кунед ва бо боварӣ қадам ба сӯи илму маърифат гузоред, зеро ҳар дастоварди бузург аз як қадами ҷасурона оғоз меёбад.

Давлатсултон Раҳматхудоева бо иштирокаш дар озмун собит кард, ки муҳаббат ба китобу адаб бо гузашти солҳо кам намешавад. Ӯ бо хондани китобҳои зиёд ва азбар намудани ғазалу рубоиҳои зиёд нишон дод, ки ҳунар ва дониш синну сол намешиносанд. Ин мавқеи ӯ барои ҳама, хусусан барои ҷавонон, дарси меҳнат, пайвастагӣ ба фарҳанг ва пайваста талош кардан барои рушд мебошад.

Ширкати каасоне назири Давлатсултон Раҳматхудоева қадру манзалати Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро боло мебарад.

Ганҷина Ҷолаева,
бахши матбуоти
ва робита бо ҷомеа.