Масъуди Саъди Салмон: Агар ба порсию тозӣ имтиҳон кардӣ…

Масъуди Саъди СалмонМасъуди Саъди Салмон (таввалудаш миёни солҳои 1046 – 1049, дар шаҳри Лоҳур – 1121, ҳамон ҷо), шоир яке аз асосгузорони адабиёти форсизабони Ҳиндустон. Падараш Саъд ибни Салмон аслан аз Ҳамадон буда, дар дарбори султон Масъуд ибни Маҳмуди Ғазнавӣ мақоме дошт ва гоҳе шеър ҳам месуруд (намунаи ашъораш дар сарчашмаҳо дучор меояд). Султон Масъуд ибни Маҳмуд писари худ Маxдудро ба ҳукмронии давлати исломии Ҳиндустон ба шаҳри Лоҳур фиристод. Ҳамроҳи ӯ Масъуд  ҳамчун муставфӣ (дафтардор) ба Лоҳур рафт.

Масъуд дар Лоҳур ва Ғазна таҳсили илмҳои давр намуда, дар ҳунарҳои аспсаворӣ, тирандозӣ ва чавгонбозӣ маҳорати беандоза дошт. Ӯ ба ҷуз забони модариаш, ки форсӣ-тоҷикӣ буд, забонҳои арабӣ ва ҳиндиро аз худ карда, аз адабиёти халқҳои араб ва Ҳиндустон низ баҳравар гардид. Султон Иброҳими Ғазнавӣ (ҳукмрониаш соли 1059-1099) солҳои 1076-1077 ҳукмронии Ҳиндустонро ба писараш Сайфуддавла Маҳмуд супорид. Масъуд ба хидмати дарбори ин шоҳзода даъват шуда, аз ҳамсӯҳбатони доимии ӯ гашт ва эътибори баланд пайдо кард. Ҳосидонаш аз паи озори ӯ шуданд ва ба султон Иброҳим шикоят бурданд, ки гуё Масъуд ҳамроҳи Сайфуддавла Маҳмуд нияти ба тобеияти Маликшоҳи Салҷуқӣ гузаштан дорад. Султон Иброҳим, ки нисбат ба Салҷуқиён адоват ва ҳисси душманӣ дошт ва аз ҳуҷуми онҳо ҳамеша дар дар хавф буд, ин тӯҳмати маҳзро хиёнат пиндошта, шоирро ҳабс кард. Дар ин бора Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» менависад: «Соҳибғаразе қисса ба султон Иброҳим бардошт, ки писари ӯ Сайфуддавла Маҳмуд нияти он дорад, ки ба ҷониби Ироқ биравад ба хидмати Маликшоҳ Султонро ғайрат кард, чунон сахт, ки ӯро ногаҳ бигирифту бибаст ва ба ҳисорҳо фиристод, аз ҷумла яке Масъуди Саъди Салмон буд».

Масъуд муддати 10 сол дар қалъаҳои Даҳак, Су ва Ной маҳбус буд:

                        Ҳафт солам бисуд Сую Даҳак,

                        Пас аз онам се сол қалъаи Ной 

Ниҳоят солҳои 1096-1097 бо далолати Абдулқосими Хос, ки яке аз наздикони дарбори султон Иброҳим буд, шоир аз ҳабс раҳоӣ ёфт. Баъди вафоти султон Иброҳим писари дигари ӯ Алоуддавла Масъуд (ҳукмрониаш соли 1098-1115) ба тахти Ғазна нишаст. Алоуддавла Масъуд писари худ Азудуддавла Шерзодро ҳокими Ҳиндустон ва Абунасри Порсиро сипаҳсолору пешкори ӯ таъин намуд. Абунасри Порсӣ марди фозилу кордон шеърдӯст ва шоир ҳам буд, бо Масъуд дӯстӣ дошт. Тавассути вай Масъуд дар дарбор аз нав мақоми арҷманде пайдо кард, то ба мартабаи ҳокими Ҷоландари Лоҳур расид. Вале дере нагузашта, соҳибдевони ҳинд Бунаср Абулфараx ибни Рустам бо мақсади ба даст даровардани чоҳу мансаб Абунасри Порсиро аз хидмати дарбор дур кард. Масъуд низ аз ҳокимии Ҷоландар ронда ва молу мулкаш мусодира шуд: бо фармони Масъуд ибни Иброҳим 8 сол дар қалъаи Маранҷ зиндонӣ гардид. Шоир 18-19 соли умри худро дар зиндонҳои шоҳу шоҳзодагони ғазнавӣ гузаронд. Ниҳоят соли 1106 бо мадади Сиққатулмулк Тоҳир ибни Алӣ аз зиндон озод шуд ва то охири умраш китобдори китобхонаи дарбор буд.

Масъуд ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър мегуфт:

Агар ба порсию тозӣ имтиҳон кардӣ,

              Маро, муборизи майдони имтиҳон шудаме.

Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» ва Хусрави Деҳлавӣ дар «Ғуррат-ул-камол» дар забонҳои форсӣ, арабӣ ва ҳиндӣ се девони ашъор доштани ӯро қайд кардаанд. Вале девони ашъори ба забонҳои арабӣ ва ҳиндӣ мураттаб намудаи шоир то ба мо нарасидааст. Намунаҳои ашъори арабиаш дар тазкираву маҷмуаҳо, аз ҷумла дар «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот дучор меоянд. Аз осори насриаш низ чизе боқӣ намондааст. Девони ашъори форсӣ-тоҷикии ӯ дар ҳудуди 15500 байт то ба мо расидааст, ки 7 нусхаи дастнависи он дар Санк-Петербург, Тифлис, Боку ва Душанбе маҳфузанд. Дар ин девон қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ, рубоӣ, мусаммат, таркиббанд, тарҷеъбанд, мустазод ва дигар анвои шеърҳои шоир фароҳам омадаанд. Ашъори Масъуд аз ҷиҳати шакли шеърӣ ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Махсусан силсилаи ашъори ҳабсияи Масъуд, ки қисми асосии девони ашъори ӯро ташкил медиҳанд, муҳиманд. Ин ашъор бо унвони «Ҳабсиёт» машҳур буда, дар тамоми таърихи адабиёти форс-тоҷик ва форсизабони Ҳинд комилтарин ва беҳтарин намунаи ашъори дардноки давраи зиндонӣ мебошанд. Ашъори «Ҳабсиёт»-и шоир асосан дар шакли қасида ва қисме аз онҳо дар шакли қитъа, рубоӣ ва таркиббанд суруда шудаанд, ки дорои мазмунҳои баланди ҳаётианд. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар бораи «Ҳабсиёт»-и ӯ чунин гуфтааст: «Арбоби хирад ва асҳоби инсоф донанд, ки «Ҳабсиёт»-и Масъуд дар улув (баландӣ) ба чи поя бувад?! Вақте бошад, ки ман аз ашъори ӯ ҳамехонам, мӯй дар андоми ман бар пой хезад ва ҷои он бувад, ки об аз чашми ман биравад».

Масъуд дар «Ҳабсиёт» аз беадолатии замон, ҷабру ситами намояндагони табақаҳои ҳукмрон, беқадрию золимии аҳли фазлу ҳунар, ҳоли ғамангези худ шикваҳо кардааст. Ӯ дар порчаи поён гирифтори ғаму андӯҳ будани худро бо дарду алам арз намуда, бар замони худ эътироз мекунад:

Рӯз то шаб зи ғам дилафгорам,

 Ҳама шаб то ба рӯз бедорам.

  Бадали шахс ҷон ҳамекоҳам,

  Ивази ашк хун ҳамеборам.

Рӯзу шаб як замон қарорам нест,

Рост гӯӣ, бад оташу хорам.

Аз ду дида ду ҷӯй бикшодам,

Бар ду рух заъфарон ҳамекорам.

Ҳама ҳамсоягон  ҳамешунаванд,

 Гиряи сахту нолаи зорам.

 Бастаи ин сипеҳри заррокам,

 Хастаи ин ҷаҳони ғаддорам,

К-он сияҳ мекунад ба ғам рӯзам.

В-ин табаҳ мекунад ба бад корам.

Шоир дар як қатор ашъори зиндониаш аз фироқи наздикони худ шикоят намудааст. Аз ҷумла, ӯ дар шеъри зерин бо як дарду алам изҳор мекунад, ки ғаму тимори духтару писар ва падару модараш дар дилу xигари ӯ тиру теғ аст:

 Тиру теғ аст дар дилу ҷигарам,

 Ғаму тимори духтару писарам.

 Ҳам ба-дин сон гудозадам шабу рӯз,

 Ғаму тимори модару падарам.

 Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам.

Шоир ҳангоми дуру дароз маҳбус буданаш, аз бисёр наздикони худ маҳрум гардид, махсусан дар ваҷҳи вафоти Солеҳ ном писараш марсияҳои сӯзноке гуфтааст:

Бар марги ту чун намӯям, эй ҷони падар!

 Рухсора ба хун бишӯям, эй ҷони падар!

 Сомони худ аз кӣ ҷӯям, эй ҷони падар!

 Тимори ту бар кӣ гӯям, эй ҷони падар!

Шоир дар шакли таркиббанд низ марсия дорад, ки онро ба муносибати вафоти дӯсташ Рашидуддин гуфтааст. Дар адабиёти форс-тоҷик ва форсизабони Ҳинд дар шакли рубоӣ ва таркиббанд, марсия сурудан аз эҷодиёти Масъуд сар шудааст.

МАНБАЪ: Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, қисми 2. Душанбе1989.

Муаллиф: Т.Неъматзода.

Таҳияи Руҳафзои Ҳасанзод,
корманди шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар: