Матлабе, ки бояд хонд. Фарзонаи Хуҷандӣ аз дидгоҳ Шаҳнавоз – духтари дурдонаи модар

Фарзонаи ХуҷандӣШояд бархе андешанд, ки “Фарзанди модаре чун Фарзона будан чӣ гуна аст?” Фарзанди чунин Инсоне будан, бешак, бароям ҷоизаи Раббонист. Модаре, ки дилаш аз меҳр сиришта шудаву вуҷудаш аз нур саршор аст. Оне, ки ҳатто ба мӯрчагон дилбастагӣ дораду бо гулу гиёҳ ишқ меварзад, оне, ки ҳашт миллиард нафари оламро ба худаш хеш мехонаду бо хосу ом як сон муносибат дорад. Оне, ки тамоми ҳастияшро танҳо барои накӯкориву илқои муҳаббат бахшидааст. Бале, ӯ беҳтарин сунъи Илоҳист. Модарам бароям ҳамон Инсони комил аст, ки Мавлонову Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва тамоми бузургони олам дар ҷустуҷуяш буданд.

Модарам ману хоҳарам Шоҳонаҷонро ҳамеша бо муҳаббат “садбаргҳои тари модар” ва додаракам Ҳумоюнҷонро “булбули модар” гӯён навозиш мекарданд. Ҳатто агар коре фармуданӣ бошанд, бо оҳанги хоҳиш “Мебахшию, бачам, ҳамон корро кун” мегуфтанд. Рӯзе як ҳамсоязани мо, ки зиёд ба хонаамон рафтуо мекард, пурсид: “Инатбуча (шакли кӯтоҳи Иноятбуча), охир ин вазифаашон ку, барои чӣ “мебахшӣ” мегӯед? Одам магар то ҳамин дараҷа меҳрубон мешавад?”. Модарам бо табассум посух доданд: “Охир ба барномаи кӯдакон халал медиҳам, Фотимаҷон. Фурсати фарзандонро эҳтиром бояд кард”. Шояд бархе фикр кунанд, ки одамони муваффақ барои азизони хонаводаашон умуман вақт наёбанд, аммо мо ҳамеша дар иҳотаи муҳаббати бекарони Модар пару бол мезадем. Дар ёдҳои ҳарири ман айёми ширини кӯдакиам мавҷгардон мешавад: Ҳанӯз соли 1999, вақте ки ман панҷсола будаму танҳо дар телевизионҳо дастгоҳҳои наворбардорӣ буд, Падару Модарам барои мо “студия” – и худамонро муҳайё карда буданд. Хоҳари нозанинам Шоҳонаҷон, ки аз хурдӣ ба ҳунари ровигӣ завқи зиёд дошт, барномаҳои рангин омода менамуд ва вақте ки баландгӯяк ба дасти ман мерасид, оғоз мешуданд сафсатаҳои дурудароз: афсонаҳои бофтаи кӯдакӣ, шеъру таронаҳои бемуҳтаво, суханҳои подарҳаво… Аммо агар медидед, ки чӣ қадар бо меҳру эътимод чашмони Модарам ба сӯям назар меафканданд. Он гармиву он меҳру самимияти беҳудудро то ҳол барои тамоми ибтикорҳои зиндагиамон эҳсос мекунем. Баъдан, вақте ки Ҳумоюнҷони юсуфрӯ ба дунёи мо ворид шуд ва ҷаҳони моро боз ҳам зеботар намуд, Падару Модарам байни мо озмунҳои “Мавлавихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”, расмкашиву шоҳмотбозӣ барпо мекарданд ва ҳамеша беҳтарин тӯҳфаҳои оламро бароямон эҳдо менамуданд. Модаркалони азизам профессори адабиёти рус Бароат Ҳоҷибоева ба рӯи мо дари хизонаи адабиёти ҷаҳонро боз намуда буданд: рӯзе шеърҳои Пушкинро қироат мекарданду рӯзе осори “Балзак” – ро нақл менамуданд ва рӯзи дигар дар ягон мавзӯи озод аз мо иншо мегирифтанд. Дар кӯдакӣ ба расмкашӣ шавқи зиёд доштам ва ҳатто мехостам, ки дар оянда мусаввир шавам. Падару Модарам ин тасмими маро низ писандида буданд. Ҳанӯз хонандаи синфи 1 будаму суратҳои тасвиркардаи ман дар рӯзномаи “Лочин” нашр мегардиданд. Баъдан, бо гузашти солҳо муҳаббати адабиёту забономӯзӣ пирӯз омаду рассомии ман паси хотираҳо монд. Баъди убури ҳар марҳалаи имтиҳон, Падару Модарам моро ба тарабхона мебурданд ва ҳар як пирӯзии кӯчаку бузурги ҳаёти моро ҷашн мегирифтанд. Ба фикрам, касе ба ҳадди мо дар олам хушбахт набуд.

Дар хотир дорам, ки шомгоҳе хӯроки “Хачапурӣ” омода намудам. Он вақтҳо дар шабакаи интернет тарзи омодакунии таомҳо на ҳамеша дуруст манзур мешуд. Аслан, ки “интернет” нав пайдо шуда буду ҳатто дар ҳамон айём ҳам волидайни азизам онро бароямон пайваст карданд, то забонҳоро омӯзему ҳамқадами замон бошем. Ман, ки ҳамеша дӯстдори падидаҳои нав будам, хостам, ки таоми ғайриодӣ таҳия созам, аммо аҳли оила қурбонии таҷрибаи нахустини ман гардиданд. Баъди сарфи ғизо Падарам шӯхиомез гуфтанд: “Э, Шаҳнавозҷон, ба ҷойи ин “Хачатуриён” як коса шӯрбо тайёр кунӣ, намешавад?” Модарам бо табассуми ширин “Нағз шудааст , Шаҳнавозҷон, барои якум бор бад не, давом деҳ” гуфтанд. Ҳумоюнҷон, ки хеле ҳозирҷавоб буд, гуфт: “Ҳа, бениҳоят нағз шудаасту фақат ки номи хӯрокро дигар хел мондан лозим аст: Ин “Хачапурӣ” не, “Хачамурӣ” шуд!” Садои хандаву шодӣ замину саморо пур кард. Ёди он рӯзҳои пурсафо ба хайр….

Назари Модарам ҳамеша ба дунё дигаргуна буд. Доимо фикр мекарданд, ки тамоми мардуми дунё покфитрату нектинатанд. Боре маро як нафар сахт ранҷонид ва хостам ба ӯ ҷавоб диҳам, аммо Модарам гуфтанд: “Пайвандам, Ҳазрати Ҷомӣ дар “Баҳористон” мегӯяд, ки “Агар саг туро газад, ту ҳам ӯро мегазӣ? ” Баъд ҳикоятеро нақл карданд, ки ҳамеша дар хотирам муҳри ҷовидон дорад: “Нафаре пеши шайхе меравад ва мегӯяд: Фалонӣ туро чунину чунон гуфт. Шайх ҷавоб медиҳад: “Агар ҳамон суханони гуфтаи ӯ дар мавриди ман рост бошанд, Илоҳо Худованд маро биёмурзад ва агар дар ҳаққи ман туҳмат мебофад, Худованд ӯро биёмурзад “. Чӣ посухе! Модарам ҳамеша даъват мекарданд, ки ботаҳаммул бошему дар ҳама раҳ ба Худованд такя кунем.

Модарам гулҳоро бениҳоят дӯст медоранд ва бо дастони нозукашон заминро каландча карда худашон гул мешинонанд. Баъдан, боғро Ҳумоюнҷон соҳибӣ намуду зеботарин гулҳоро мепарварид. Ҳавлии мо биҳиштро мемонд, ки накҳати гулҳо замину замонро муаттару муанбар мекард. Ба хонаи мо ҳатто ҷонваракони нодир пайдо мешуданд ва худро озод ҳис менамуданд. Ба шохи олуча ҳудҳуд менишасту тӯтичаҳои сабз дар шохаҳои тут бозӣ мекарданд. Ҳатто рӯзе аз куҷое юрмоне пайдо шуду баргҳои лаблабуро мехӯрд. Касе ба онҳо кордор намешуд. Баръакс онҳоро ҳамчун аъзои оилаамон қабул менамудем. Рӯзе Модарам аз анборхона сабзӣ гирифта омаданду гуфтанд “Шаҳнавозҷон, аз сабад сабзӣ гирифтанӣ будаму як хорпуштак дар он ҷо машғули сабзихӯрӣ буд. Маро диду шарм дошт. Ман ҳам дар каноре интизор истодам, ки хорпуштаки азиз бемалол сабзиякашро хурад”. Чӣ тасвири зебо, андешидам ман, тимсоли хорпуштакро танҳо Модарам ин гуна зебо кашида метавонанд.

Бо Модарам ба мағоза рафтан як лаззати аҷиб дорад. Ҳар гоҳ, вақте ки ба нияти хариди чизе мебаромадем, Модарам назди ҳар дӯкон соатҳо таваққуф мекарданд. Шояд фикр кунед, ки ягон колоро интихоб менамуданд, аммо чунин нест. Дар зарфи як дақиқа медидед, ки фурӯшандае ба он кас арзи дил мекунаду дардҳояшро мегӯяд ва Модарам ба суханҳои ӯ соатҳо гӯш медиҳанд ва дигар фаромӯш мекунанд, ки баҳри чӣ ба мағоза омадаанд. Дар хотир дорам, ки ҳангоми хурд буданам, ин манзара маро бисёр ба ҳайрат меовард ва аз Модарам мепурсидам, ки “Аяҷон, ин кас ягон хешамон ҳастанд?” Модарам бо табассум ҷавоб медоданд, ки “Шаҳнавозҷон, тамоми мардуми олам хеши моянд”. Вақте бузург шудам, дарк кардам, ки ин ҳиссиёти он кас мутақобил аст. Вагарна чӣ тавр мардум метавонанд дардҳои ҷонгудози хешро ба он кас бигӯянду дар симои Модарам оромиш дарёб кунанд. Ё дарвозаи хонаамон тақ – тақ мешаваду нафари комилан бароям ношинос ворид мегардад. Модарам ӯро он гуна пазироӣ менамоянд, ки гӯё ягон дӯсти ҷонпайванду шиноси дерин бошад. Баъдан мефаҳмам, ки симои он нафарро Модарам низ бори аввал дидаанд. Баъзан баъди гуфтугӯ Модарам бо чашмони пуроб мебароянд. Хавотир мешавам, ки шояд ягон иттифоқе афтода бошад, аммо баъдан аз саргузашти он каси омада огоҳ мешавам ва мефаҳмам, ки шоири халқ бояд ҳамин гуна бошад. Бояд дардошнову таскинбахши руҳу ҷони мардум бошад. Албатта ба каси ношинос ҳаргиз рози дилатро намегӯӣ, аммо ин нафари ноошно Модарамро ба худ наздик пазируфтаасту ба суҳбаташон омадааст. Баъди чанде овози телефон баланд мешавад ва садои шодии касе танинандоз мегардад: “Ташаккур, Муаллимаҷон, фарзандам ба донишгоҳ қабул шуд!”, “Бисёр сипос, Фарзонаҷон, Модарам имрӯз ройгон ҷарроҳӣ шуданд” ва амсоли инҳо. Аммо вақте ки баъди чанд муддат нафаре Модарамро мебинад ва мегӯяд, ки барои коре ба он кас кӯмак кардаанд, Модарам аллакай дар ёд надоранд, зеро байти мазкур шиори зиндагиашон аст: “Даҷла бигзор, фаромӯш кунад, некӣ кун”…

Аммо тамоми афсонаҳо дар зарфи як дақиқа метавонанд ба поён расанд. Фоҷиае ба сари мо омад, ки дунёро тираву тор кард… Аз равзаи минӯии мо девбоди аҷал зеботарин навниҳолро барканду рафт ва дили моро садҳазорпора кард. Ҳумоюнҷони мо ба ҳарими Худо бол кашид… Модаре, ки шабу рӯз ба сари фарзандонаш фурӯ буд, модаре, ки то аз дарс омадани мо метарсид, ки бегазанд даррасем, меҳрубонтарин модари дунё мавриди шадидтарин имтиҳони Худованд қарор гирифт.

Аммо Ҳумоюнҷон инсони одӣ набуд, як нафари фавқулҳаде буд, ки бист соли зиндагияш ҳикмати ҳазорсоларо барои мо боз кард. Дар сифоти Ҳумоюнҷонам чӣ гӯям, ки вуҷуди азизаш сиришта аз ҳама покӣ буд, аз ҳама хубӣ, аз ҳама некӣ, аз ҳама рӯшаниву зебоӣ. Шояд барои инчунин офаридаи комил буданаш зуд ба боргоҳи Иззат даъват шуд.

Бо ин қадар диле, ки нозуктар аз чашмаҳои шаффоф аст, ин дардро таҳаммул кардан аз тамоми тасаввурҳо берун аст. Модарам акнун бо баҳору дарёву гул ошно нестанд, дигар аз ишқу орзуву умед намегӯянд, рангҳои гулобиву сурхро, ки дӯст медоштанд, дигар ба бар намекунанд….Аммо Худованд имтиҳонҳои шадидро аввал ба пайғамбаронаш, сипас ба онҳое медиҳад, ки дар роҳи ҳақ устуворанд. Модарам дар баробари бемориҳову сахтиҳои паёпай боре “оҳ” нагуфтаанд, аммо баъди ин фоҷиаи мудҳиш ҷовидон маҷрӯҳанд. Аммо шоир ҳамонест, ки на танҳо дарди худ, балки дарди дигаронро низ ҳамеша дар рӯйи шона мебардорад ва боз ҳам дарди ҳамагонро чорасозӣ мекунад. Аз он рӯзи наҳс яку ним сол гузаштааст, аммо то ҳол мардум ба хонаи мо меоянд, барои мо ҳарфи таскин меҷӯянду намеёбанд, ҳамроҳи мо мегирянд. Муҳаббати мардумро бинед, ки чандин нафар омаданду гуфтанд, ки “Муаллимаҷон, писари моро ба фарзандӣ қабул кунед”. Чӣ басе навҷавонони тозапаём Модарамро “Модарҷон” хитоб мекунанд ва ҳамеша барои дарёфти маслиҳат меоянд. Модарам дар симои ҳар тозаҷавон тарҳи азизи Ҳумоюнҷонро ҷустуҷӯ мекунанд. Эҳ, Модарҷони ҷигарсӯхтаву ҷароҳатдидаву хуршедбохтаи ман, кош, танҳо суруру шодиатонро медидам… Ягонаи ман, беназири ман, офтоби хунинҷигари ман…

То санаи масъуди 3 юми ноябр соатҳои андак мондаанд. Модари меҳрубони ман, ки ҳамеша ҷавонтар аз ҷавонианд, ба синни мубораки шаст мерасанд. Афсӯс, ки акнун ҷашну шодиву нишот аз ҳаёти мо ихтисор шудааст, аммо ҳузури мубораки Шумо зиндагонии марову ҳазорон шогирдону пасовандонро муҳтаво мебахшад. Шумо, ки ҳашт миллиард одами оламро хешу пайванди худ мешуморед, ба эҳтироми ин ҳама хешовандон боз ҳам сабур бошед ва боз ҳам анвори дили худро ба ҳамагон тақсим кунед.

Фариштагавҳари ман, Илоҳо то абад Фариди Якто дастгиру нигаҳбонатон бошад. Ҳамеша бошеду зиндагии моро нур бахшед, барги ёсамину ҳурии нилуфарам, офтоби ҳаётам, шодиву ҳодии дилам, ҳумои Ҳумоюнофарини ман!

Шаҳнавоз КАРИМОВА