Матлубахон Сатториён: Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!

Матлубахон СатториёнОмад баҳори хуррам бо ранги бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб .

Рудакӣ

Ҷашни куҳансоли Наврӯз яке аз оинҳои фарҳангӣ ва бостонии мардумони ориёнажод мебошад, ки реша дар дили таъриху табиат ва баҳору зебоӣ дорад. Ин ҷашни зебову бошукӯҳ дар тӯли ҳазорсолаҳо аз печухамҳои таърих ва рӯйдодҳои сиёсӣ гузашта ба ҳиммат ва талоши хирадмандон ва дилсӯзони фарҳанг ба мо мерос расидааст.

Баъд аз солҳои Истиқлол ва расидан ба амният ва оромиши миллӣ халқи фарҳангдӯсти тоҷик бо раҳбарӣ ва мудирияти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои баланд ва арзишмандеро барои эҳёи суннатҳои милливу фарҳангӣ, ба вижа Наврӯзи дилафрӯз бардоштааст.

Бар асари кӯшишу ташвиқ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои ҷиддии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соири президентҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни миллӣ ва бостонии тоҷикон ва соири кишварҳои қаламрави Наврӯзро сабти созмони фарҳангии Юнеско намуданд, ки худ ифтихори бузург барои миллати тоҷик ва ворисони қаламравии Наврӯз аст.

Дар тайи 2-3 даҳаи ахир бо тарғибот ва сафоришоти махсуси мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни зебоиву табиат ба таври шоистаю бошукӯҳ дар ҳама ноҳияву шаҳрҳо ва вилоёти кишвар бо тантана ва зебоии хос баргузор мегардад, ки боиси таҳсин ва тааҷҷуби меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ гардидааст.

Ҷашни Наврӯз, фасли бедории табиат, гулу гиёҳ ва фасли илҳому офариниши шоирону эҷодкорон аст.

Дар мусоҳиба бо меҳмонони хориҷӣ аксаран тасдиқ намуданд, ки Наврӯзи Тоҷикистон дар муқоиса бо соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз хеле бошукуҳу барҷаста аст.

Ин далолат бар он дорад, ки миллати куҳансоли тоҷик ва Тоҷикистони зебоманзару биҳиштосо Ватани Наврӯз аст.

Ҳамаи ин пешрафтҳо ва эҳёи суннатҳои зебои Наврӯз натиҷаи талош ва супоришҳои Пешвои муаазами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Миллати қадршиноси тоҷик аз оғоз то имрӯз ҳама кӯшишу талошҳои Ҷаноби Олиро барои таррақиву пешрафти кишвар, ободиву созандагии Тоҷикистони азиз ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Бо нигоҳе ба нашри ин асари арзишманду хонданӣ бо номи “Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз” ва сурудҳои баҳориву наврӯзии шоирон аз Рӯдакӣ то имрӯз ба хубӣ пай мебарем, ки Наврӯзи баҳор чи таъсироти зебо ва илҳомбахш бав рӯҳу равони шоирони зебописанд доштааст.

Нашри ин китоби зебо ҳамроҳ бо аксҳои Наврӯзи Тоҷикистон ва шарҳи ҳоли шоирон, худ ганҷинаи арзишманду хонданӣ барои донишҷӯёну пажӯҳишгарон ва умуми мардум мебошад….

Матлубахон Сатториён,

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: Ҷаъфари Ранҷбар: “Наврӯз аз Рудакӣ то имрӯз” (Армуғони наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз). Душанбе, 2025  

Душанбе – 2025

Китоби мазкур дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст.

Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова