МАТОЛИБИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Охири соли гузашта бахши бонувони Китобхонаи миллӣ ба муносибати 10-умин солгарди ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ миёни бонувон озмун эълон кард. Шарти ин озмун он буд, ки худи кормандон ба даҳ соли ахири фаъолияти Китобхонаи баҳо диҳанд. Маводҳо дар шакли мақола, очерк, лавҳа пешниҳод шуданд. Дар остонаи Наврӯз, ки ҷашни фархундаи солгарди ифтитоҳи бинои нави Китобхона ба он рост меояд, ин озмун ҷамъбаст гардид. Аз миёни ҳудудан 20 маводи пешниҳодшуда панҷ нафар соҳиби Сипосномаҳои Китобхонаи миллӣ шуданд.
Аз имрӯз ин маводҳоро дар сомона мегузорем.
Ганҷинаи илму ҳикмат
«Миллати мо аз азал китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз кард ва нигаҳ бояд дошт»
Эмомалӣ Раҳмон
Таъриху адабиёт, фарҳангу маданияти беназир ва суннатҳои наҷибу қадима дорад мардуми тоҷик! Оини ростӣ, наҷобату ғурур, китобдориву китобхонӣ ва хирадашон азалист! Китобу илму дониш хаёту рўзгори башариятро рангу ҷилои тоза мебахшад ва дар умқи ҳама пешрафту рушд пойдевор мегардад. Бешак, беҳтарин ғояву афкор ва маърифату дониш аз мутолиаи пайвастаи китоб бувад. Беҳтарин кашфиёте, ки инсони шарифу созанда дар тули таърихи башарият анҷом додааст, китоб аст, ки чун ганҷи беназир ва чун кохи муҳташами андарзу ҳикмат пояндаву пойбарҷост!
Китобдорӣ ва китобхонӣ чун як оину суннати наҷиб аз азал хоси мардуми озода ва тамаддунофари мо буд, ҳаст ва чун фазилати накў ҳамчун як анъанаи нек миёни мардуми мо пойбарҷо хоҳад монд. Далели ин гуфтаҳо бунёди Китобхонаимиллии Тоҷикистон аст, ки дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми марти соли 2012, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохт ва шукуҳу шаҳомати пойтахтро афзуд.
Тарҳу шакл ва бинои Китобхонаи миллӣ басо зебост. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши хазинаҳои китоб, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои нигоҳдошти 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шуда аст. Он чун маркази бузурги илмиву фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдошт ва тарғибу ташвиқи маҷмӯъи асноди дар тамоми намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ; нашрияҳои қаламӣ, чопӣ, электронӣ; компютер, компакт дискҳо, савтӣ-китобҳои гӯё, виртуалӣ; дастёбӣ ба захираҳои интернет имконияти бештар дорад ва барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушди соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоидро муҳайё месозад.
Алҳол, ки инсоният аз фазои асри ХХI нафас мекашад ва техникаву технология дар ҳоли рушд аст, гумон мекунам, нақши китоб боризтар аст. Зеро китоб дар афкору маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии ҳар нафар нақши муассир мебозад. Ҳамзамон дар замони муосир дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон (ва на танҳо ҷавонон) омўзиши илм, хоса илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, илмҳои дақиқ ва адабиёти техникӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба он аз манфиат холӣ нест ва яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим дониста мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбае бо номи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ аз соли 1956 то имрўз фаъолият дорад. Фонди шуъбаро асосан китобҳои соҳавӣ, чун риёзиву кимиё, физика,геология, электроэнергетика ва муҳандис-сохтмончӣ ташкил медиҳад. Асосан хонандагони шуъбаи мазкур донишҷўёни донишкадаҳои техникӣ, донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, омўзгорӣ, энергетика ва молиявӣ, донишгоҳи славянӣ ва аграрӣ мебошанд. Эълон гаштани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи муштариён ва дӯстдорони илмҳои дақиқро афзуд. Хонандагону мутахассисони зиёде ҳамарӯза вориди толори хониши шуъба гашта, аз осори гузаштаву имрўз китобҳои заруриро дархост мекунанд.
Бояд қайд кард,ки соли саввум аст, ки марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Озмуне, ки бо ибтикори Пешвои фарҳангпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, бори дигар ҳақиқати таърихиро собит намуд, ки синоними истилоҳи тоҷик китоб ва илму дониш аст. Фароҳам овардани беҳтарин шароит дар Китобхонаи миллӣ ба иштирокдорон имкон дод, ки ҳунару маҳорати хешро бо ҳазор ранг ҷило бахшанд. Меҳмонони дуру наздик, иштирокчиёни озмун, омӯзгорону волидон ва ҳайати ҳакамон аз муоширати хуби кормандон ва раёсати Китобхона ва аз фароҳам овардани беҳтарин шароит изҳори сипос мекунанд.
Таи солҳои охир бо иқдоми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода корҳои зиёде ба сомон расид. Долонҳои ошёнаҳои якум, дуввум ва панҷум таъмир шуданд. Дар ошёнаи нуҳуми бино “Толори сапед” бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳо ва конфронсҳои илмӣ ба фаъолият пардохт.
Инак, аз оғози фаъолияти Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳ сол сипарӣ гашт. Он барои хурду бузург, пиру барно, барои кулли мардуми Тоҷикистон макони муқаддас гаштааст. Ин даргоҳ барои ман ҳам азиз аст. Зеро дар он рӯҳи бузургон аст. Манбаи илм асту дониш асту ҳикмат! Ифтихор мекунам,ки дар ин даргоҳи муқаддас, дар кохи бузурги илму маърифат кор мекунам. Аз кӯчактарин комёбӣ ва муваффақияташ меболам. Аз дидори муштариёни зиёд, аз дидори наврасони хушбахту бахтёр, аз нигоҳи пурмеҳру самимонаи онҳо шод мешавам.
Ин мардумро саодату нишот дар пеш аст! Бале! То даме, ки китоб дорем, мо миллати сарфарозем!
О. Давронова.
Сармутахассиси шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ.