Мавҷуда Ҳакимова дар бораи Марям Исоева
Ин мақола дар шумораи сеюми соли 1975 маҷаллаи бонувон “Занони Тоҷикистон” чоп шудааст. Шоираи ширинкалом Мавҷуда Ҳакимова лавҳае аз ҳаёти ҳунарпешаи маъруф Марям Исоева, ки он солҳо миёни бинандагон хеле маъруфт шуда буд, иншо кардааст. Ҳангоми мурури шумораҳои он солҳои маҷалла чашмамон ба ин мақола афтод ва хостем онро бознашр кунем. Назари шоираи маъруф ба ҳунарманди маъруф барои имрӯзиён ҳам бояд ҷолиб бошад.
**** **** ****
Шефтаи санъат
Марям чун ҳамешагӣ шитоб мекард. Ў ба сўи театр мерафт, театре, ки чун хонаи дуюми ўст, театре, ки ба он Марям ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад. Аз паҳлўи ў одамони бисёр салом дода мегузаштанд. Марям ҳам ба саломашон алек мегирифт ва роҳи худро давом медод.Ў бо фикру хаёли худ банд буд, қадам мемонду коргоҳаш наздик мешуд. Вале дар ин фосила роҳ чӣ қадар фикрҳо аз сар мегузаронд. Ду нафар духтарон аз паҳлўи ў гузашт, каме истоданд ва ба ақибашон, ба Марям нигоҳ карданд. Аз дили онҳо чӣ гузашт? Марям инро намедонад. Аммо ҳис мекунад, ки ин эҳтироми онҳо ба ҳунари ўст. Навакак, чанд дақиқа пештар, сари роҳи ўро зани солхўрдае дошт.
-Ту Марям Исоева нестӣ?
-Ҳа, ман ,_ҳайрон шуд Марям ._
Чӣ буд?
-Мешиносаму боз пурсидам –дия. Маро мебахшӣ.
-Ҳеҷ гап не.
– Саросема менамоӣ?
– Гап занед холачон. Гўшам ба шумо.
– Ту аҷаб ҳунари зебо дорӣ. Касро гоҳ мегирёнӣ, механдонӣ. Раҳмат ба ту духтарам. Ман одами солхўрада. Туро дидаму спектакли дирўз тамошо кардаам ба хотирам омад. Худат ҷавону модари солихўрадаи чунон бозӣ кардӣ ки….
– Ташаккур…ташаккур…_гуфт Марям ва ба роҳи худ равон шуд. Ў роҳ мерафту суханони ин зан дар гўшаш садо медод. “Ту ҳунари зебо дорӣ». Дар дунё ҳунарҳо кам нестанд. Ҳар кадоми онҳо ба таври худ зебоянд, аз дил мегузаронд ў. Суханони устодаш Олга Ивановна Пижова ба ёдаш омаданд, ки вақти дар иниститути театерии Москва, ба номи Луначарский хонданаш гуфта буд: “Медонӣ, Марям, саҳнаро барои чӣ аз фарш боло сохтанд? » Марям зуд ҷавоб надод. Ў то ҳоло дар ин бора фикр накарда буд. “Барои он ки саҳна ҷои муқаддас аст. Ба рўи он бо зинаҳо мебароянд. Аз он ҷо бо халқ гуфтугў мекунанд. Халқ агар ҳунаратро писанди худ надонад, сарнагун афтидан мумкин. Ва агар ҳар ҳунарпеша тамоми ҳастии худро ба саҳна бахшад, саҳна ўро болотар мебарорад». Марям борҳо фикри мекард, ки “саҳна ўро болотар мебарорад”гуфтани Олга Иванована чӣ маъно дошта бошад? Инро ў акнун фаҳмид.
Мо, тамошобинҳо, баъди спектакл баъзан байни худ баҳс мекунем. Ба бозии актёрон баҳо медиҳем. Аммо бехабарем, ки актёр то офаридани як рол чӣ азобҳо мекашад. Рўзҳо, ҳафтаҳо , моҳҳо фикру хаёли ў бо ин нақш банд мешавад. Ҳар як қадам, ҳар як нигоҳ, ҳар як ҳаракати худро гаштаю баргашта месанҷад. Барои талаффуз кардани як калима чанд оҳанги онро меҷўяд. Бале оҳанги талаффуз кардани ҳар калимаро меҷўянд, то тамошобин онро бо мазмуни тобишҳояш қабул карда тавонад. Марям ҳар дафъа, пеш аз ба саҳна баромадан , Марям будани худро фаромўш мекунад , то ба ҳолати қаҳрамони худ дарояд. Дар спиктакли «Дасти дӯст», ки нақши кампири 70 соларо офарид, бисьёр занҳои ҳамин сину солро пеши назар овард. Махсусан, симои он занҳое, ки фарзандони худро дар ҷанг талаф додаанду аммо ҳанӯз бо умеди дидани дидори онҳо зиндагӣ мекунанд, пеши назари Марям ҷилвагар мешуданд. Шояд барои ҳамин ҳам он зани талхию ширинии рўзгор чашида сари роҳи ўро дошта, изҳори минатдорӣ карда бошад.
Дар давоми 14 соли дар саҳнаи театери ба номи А Лоҳутӣ кор карданаш Марям Исоева бисьёр нақшҳо офарид. Ҳар кадоми ин нақшаҳо хоҳ калон, хоҳ хурд, ба тарзи худ, бо хислату характери худ дар хотири тамошобин монданд. Нақшаҳои раиси қалхоз аз спектакли «Иродаи зан», Таҳмина аз спектакли “Рустам ва Суҳроб», Шафақ аз “Шаби гирифтани Моҳ», Ҳилол аз “Ҳукми модар» ва бисьёр дигар нақшаҳо ки Марям офаридаст, аз ёди мо намераванд.
Мо нақшҳои офаридаи Марям Исоеваро аз экрани телевизор ҳам тамошо мекунем ва ба ҳунараш офарин мехонем .
Овозӣ ўро аз радио шунида, ба ваҷд меоем. Овози ўро аз экрани кино ҳам мешунавем, ки овози актрисаҳои гуногунмиллатро ба забони модарӣ ба самъи мо мерасонад. Нақшаҳои дар кино офаридаашро низ тамошо карда, ҳаловат мебарем. Баромадҳои ўро дар вохўриҳо бо ҷавонону занон дида, мафтуни сўҳбати ў мешавем ва фахри мекунем, ки табиат Марямро ба бахти ҳамзамонони худ чунин оқила, ҳунарвар ва шефтаи санъати худ офаридааст. Фикри мекунем, ки Марям аз куҷо вақт ёфта, ба вохўриҳо меояд? Марям ғайр аз театер боз дар муҳокимаи асарҳои нави драматургҳо, спиктаклҳои нави театрҳои пойтахт ва филмҳои студияи «Тоҷикфилм» низ фаъолона иштирок мекунад ва аз ҳар каломи он дилсўзии ў ба санъати тоҷик баръало ҳис карда мешавад. Агар аз ман мепурсиданд, ки “симои актрисаи замони моро чӣ тавр тасавур мекунӣ? » пеш аз ҳама номи Марямро ба забон мегирифтам, чунки дар симои ў актрисаи дар зиндагӣ оддӣ, бо маданият, хушрафтору хушодоб, бо рафиқон меҳрубону дилзўзро мебинам.
Марям вақти худро аз корҳои ҷамъияти низ дареғ намедорад. Мақсади асосие, ки Марям дар назди худ гузоштааст, офаридани нақшҳои ҳамзамонаш мебошанд. Ў мегўяд ; “Ҳамзамони ман он занҳоеанд , ки ҳар рўз қаҳрамонӣ мекунанд. Вақте ки онҳо дар сари дастгоҳ меистанд, дар паси рули мошин мешинанд, вақте ки ба кўҳҳо ҳамроҳи мардҳо рафта, кони ганҷе кашф мекунанд, дар китоби илм саҳифаи нав мекушоянд, онҳо мард ҳастанд. Аммо, вақте ки ба хона меоянд, онҳо зан, модар, хоҳар мегарданд. Сари фарзандонро сила мекунанду ба шавҳар меҳрубонӣ. Онҳо ҳамзамонони монанд, ки кори ҷамъиятиро ба корӣ шахсӣ-оилавӣ баробар пеш мебаранд. Агар ман нақши онҳоро наофарам, худро қарздор ҳисоб мекунам».
Марям ҳам монанди мо модор аст. Монанди мо ташвиши рўзгорро мебардорад. Фарзандони худро тарбия мекунад ва чароғи фурўзони хонадон аст.
Инак, Марям ба сўи театр қадам мезанад. Дар онҷо ўро ҳамкорону ҳамкасбон интизор. Ў ба театр меояд, бо Тўҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов, Хайрӣ Назарова, Мукаррама Камолова, Маҳмуд Воҳидов, Ато Муҳамадҷонов барин дилбохтагон ҳунар воҳмехўрад. Марям чандин сол аст, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорад. Аз як чун духтар маслиат мепурсад, ба дигаре чун хоҳар маслиҳат медиҳад. Вай фақат як мақсад дорад: ба халқи худ хизмат кардан ва сазовори ҳурматӣ ў гардидан. Комитети Марказии Комсамоли Тоҷикистон ба Артискаи Хизматнишондодаи Респуплика Марям Исоева унвони Лауреати мукофоти комсамоли ленинӣ дод. Суханони Олга Ивановна Пжоваро ба ёд меорам; “…агар ҳунарпеша тамоми ҳастии худро ба саҳна бахшад, саҳна ўро болотар мебардорад”. Обрўи Марям дар саҳнаи театр баланд шуд, ўро ба халқ наздик кард. Ба ин ҳурмат ў бо меҳнати худ сазовор гашт.
Марям шитоб дорад. Ба театр меравад .Ўро саҳна тамошобинон интизор……
Мутахассиси Марказӣ такмили ихтисос Исмоилова Гулрў