“Маводи дидактикӣ аз физика барои синфи XI”
Ин китоб соли 2023 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Муаллифон Раҳимқул Бобоев, Умар Умаров, Фарҳод Истамов ва Абдулаҳат Комилов буда, Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва имли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия кардааст.
Муаллифон дар сарсухани худ менависанд, ки дастури методии мазкур дар асоси барномаи фанни физика барои синфҳои 7-11- и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тартиб дода шудааст. Дастур барои хонандагон, омўзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидааст.
Мақсади асосии омода намудани дастури мазкур аз он иборат аст, ки хонандагони синфҳои болоӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавзўъҳои қаблан гузаштаро мустақилона такрор намуда, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омодагӣ бинанд.
Аз дастури мазкур, инчунин донишҷуёни соли аввали муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ барои пурра намудани дониши худ истифода карда метавонанд. Дар дастур кулли қонунҳо, ҳодисаҳо, бузургиҳо ва воҳидҳои онҳо бо намунаи ҳалли масъалаҳо ва супоришоти тестӣ барои кори мустақилона фароҳам оварда шудааст. Истифодаи китоби мазкур аз тарафи омўзгорон низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Албатта, ҳар як иқдоми нав мақсади интихоби мавзўъҳо, таҳияи супоришоти тестӣ ва ё методи ҳалли масъалаҳо бе камбудӣ намешавад. Бинобар ин, мураттибон аз истифодабарандагони дастур бо эҳтиром хоҳиш менамоянд, ки оид ба сатҳу сифати он фикру андешаҳои худро ба нишонаи зерин: f.f.istamov72amail.ru пешниҳод намоянд. Маслиҳатҳои муфиди Шумо барои коркарди минбаъдаи дастур ва сифатан беҳтар гардонидани он кўмак хоҳад кард.
Хоҳишмандон китоби “Маводи дидактикӣ аз физика барои синфи XI”-ро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ мутолиа намоянд.
Таҳияи Ҳ.Зикралиева, сардори
шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ.